Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

ВКД «Ҷоми Раиси шаҳри Душанбе-2018»-ро ба даст овард!

524

Дар майдони хурди Варзишгоҳи Марказии ҷумҳуриявӣ мусобиқа оид ба дарёфти «Ҷоми Раиси шаҳри Душанбе-2018» оид ба футболи хурд байни кормандони вазорату идораҳо ва ташкилоту муассисаҳо доир гардид.

Дар мусобиқаи финалӣ бозӣ байни дастаҳои Вазорати корҳои дохилӣ ва «Вавилон» бошиддат баргузор гардида, ба фоидаи ВКД ба анҷом расид.

523

Ҳайати бозингарони дастаи Вазорати корҳои дохилӣ бо роҳбарии Вазири корҳои дохилӣ генерал-полковники милитсия Рамазон Раҳимзода аз инҳо иборат буданд:
- полковники милитсия Ҷураев Ориф – мушовири калони Вазири корҳои дохилӣ,
- полковники милитсия Ҳусейн Халилов – муовини сардори Хадамоти шиносномавию бақайдгирии ВКД,
- полковники милитсия Сафархон Раҳимов – директори Варзишгоҳи «Спитамен»-и ВКД,
- майори милитсия Мирзоев Сафархон – сардори Маҷмааи Шӯрои ҷумҳуриявии «Динамо»-и ВКД,
- майори милитсия Сафаров Фаррух – сарваколатдори РМЗҶМ ВКД,
- майори милитсия Эраҷ Ҳурматов – сарваколатдори ШВКД-2 дар ноҳияи Шоҳмансур,
- майори милитсия Далер Акназаров - дастурдеҳи Варзишгоҳи «Спитамен»-и ВКД,
- капитани милитсия Ҷамшед Исмоилов – нозири Шӯрои ҷумҳуриявии «Динамо»-и ВКД,
- капитани хизмати дохилӣ Хуррам Нозирӣ – корманди СХДО ВКД ҶТ,
- подполковники милитсия Раҳимов Умар – корманди Хадамоти шиносномавию бақайдгирии ВКД,
- подполковники милитсия Қодиров Хуршед – сармуфаттиши Раёсати тафтишотии ВКД,
- мураббӣ, лейтенанти калони милитсия Бахтиҷонзода Сабурӣ – нозири Шӯрои ҷумҳуриявии «Динамо»-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Бозӣ бо ҷушу хурӯш баргузор гардида, ҳарду даста кӯшиш намуданд, ки ҷойи авввалро соҳиб шаванд ва дарвозабони дастаи ВКД Умар Раҳимов аз худ малакаю маҳорати баланд нишон дода, ба дарвозаи худ ягон голро сар надод. Бо ҳамин бозӣ мусовӣ анҷом ёфт.
Мутобиқи рӯзномаи бозӣ, силсилазарбаҳо таъин гардида, дастаи ВКД бар ҳисоби 3:1 дастаи «Вавилон»-ро мағлуб намуда, соҳиби ҷойи аввал гардид.
Ҳамин тариқ, ҷойи дуюмро дастаи «Вавилон» ва ҷойи сеюмро дастаи Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ишғол намуданд.
Кумитаи тадорукот бозингарони беҳтарини мусобиқаро муайян кард:
- Анвар Мирзоев (аз Ҳукумати шаҳри Душанбе),
- Тоҷиддин Мираков (аз ВКД),
- Шаҳром Шодиев (аз «Вавилон»),
- Бахтиёр Зокирзода (аз Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон).

521

Дар маросими тантанавӣ Роҳбари Дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе Тоҷиддин Саидзода, муовини Раиси шаҳри Душанбе Толиб Раҳимзода, ноиби Президенти Федератсияи Футболи Тоҷикистон Алишер Урунов, директори МД «Раёсати кор бо мактабҳо ва иншооти варзишии ш.Душанбе» Раҳматшо Камолов, Раиси Федератсияи Футболи Душанбе Анваршо Мирзоев иштирок намуда, ба ғолибон барои ҷойи аввал 24 000 сомонӣ, барои ҷойи дуюм 16 000 сомонӣ ва барои ҷойи сеюм 12 000 сомонӣ тақдим намуданд.
Гул Маҳбуба, подполковники милитсия.


Шарҳи Шумо

Security code
Азнавсози



Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон!Ҳамватанони азиз! Ҷумҳурии Тоҷикистон, бо вуҷуди тағйирёбии вазъи сиёсиву иқтисодӣ ва амниятии ҷаҳон, дар роҳи пешрафти бемайлони иқтисодӣ, расидан ба ҳадафҳои стратегӣ ва ба ин васила таъмин намудани зиндагии шоистаи аҳолӣ бо қадамҳои устувор пеш меравад. Аммо вақтҳои охир дар ҷаҳон раванди бартариҷӯӣ, мусаллаҳшавии бошитоб, пайдоиши нишонаҳои марҳалаи нави “ҷанги сард” боиси нигаронӣ гардидааст. Соли ҷорӣ дар гӯшаҳои гуногуни олам нооромиву низоъҳо идома ёфта, барои ҷомеаи ҷаҳонӣ ҳамчун айёми душвору пуртазод эътироф гардид. Дар ин давра зиёда аз сад давлати дунё мавриди ҳамлаҳои ғайриинсонии террористон ва ифротгароён қарор гирифт. Воқеият чунин аст, ки ҷуғрофияи нооромиҳо торафт доман паҳн намуда, таҳдиду хатарҳои глобалӣ имрӯз ба асосҳои бунёдии тартибу низоми ҷаҳонӣ ва усулҳои муносиботи байналмилалӣ таъсиргузор мебошанд. Идомаи минбаъдаи ин ҳолат ....>>>

Qonun

© 2018 Сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Истифодаи маълумотҳои сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо нишон додани суроғаи сомона http://vkd.tj иҷозат дода мешавад
Яндекс.Метрика