Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Дастаи Академияи ВКД ғолиби сабқати давидан гардид

511

7-уми ноябр дар Варзишгоҳи «Спитамен»-и ВКД бахшида ба Рӯзи милитсия мусобиқаи кушоди шахсӣ-даставӣ оид ба варзиши сабук (давидан) миёни мардону бонувони сарраёсат, раёсат, хадамот, воҳидҳои мустақили Дастгоҳи марказии ВКД ва РВКД дар шаҳри Душанбе, таҳти шиори «Садоқат ба Ватан» баргузор гардид.
Дар маросими кушодашавии мусобиқаи мазкур муовини аввали Раиси Шӯрои ҷумҳуриявии «Динамо»-и ВКД подполковники милитсия Аслиддин Шоҳиён баромад намуда, зикр кард, ки ҳамасола дар Вазорати корҳои дохилӣ мусобиқаҳои гуногуни варзишӣ доир карда мешавад, ки миёни иштирокчиён ғолибони беҳтарин муайян гардида, барои ширкат дар мусобиқаҳои байналмилалӣ роҳ меёбанд. Хушбахтона, имсол низ варзишгарони Шӯрои ҷумҳуриявии «Динамо» дар чунин мусобиқаҳо иштирок намуда, сазовори ҷойҳои намоён гардиданд. Шӯро дар навбати худ бахшида ба Рӯзи милитсияи тоҷик чорабиниҳои гуногуни варзиширо роҳандозӣ намудааст. Ҳадаф аз баргузории чунин мусобиқаҳо рушди соҳаи варзиш ва дарёфти беҳтарин варзишгарони мақомоти корҳои дохилӣ мебошад.
Дар мусобиқаи мазкур 16 даста дар ҳайати 40 варзишгар иштирок намуданд.
Дар масофаи 100 метр миёни бонувон ҷойи аввал ба варзишгар С.Назархонова, аз дастаи Академияи ВКД, ҷойи дуюм ба М.Машрабова, аз дастаи РМЗҶМ насиб гардида, дар ҷойи сеюм Р.Бурҳонова аз дастаи Академияи ВКД қарор гирифт.

512

Миёни мардон бошад, дар ин масофа ҷойи аввал насиби М.Холов, ҷойи дуюм ба С.Давлатов ва зинаи сеюмро Д.Зарипов, ҳамагӣ аз Академияи ВКД ба даст оварданд.
Дар масофаи 1000 метр миёни бонувон ҷойи аввал насиби Р.Бурҳонова аз дастаи Академияи ВКД, дар зинаи баъдӣ Р.Абдурасулзода аз дастаи ДТММ сазовор шуд. Зинаи ниҳоӣ ба варзишгари дастаи СХДО С.Шоисматова лоиқ дониста шуд.
Дар масофаи 3000 метр миёни мардон ҷойи аввал насиби намояндаи дастаи Академия Б.Мақсудов, ҷойи дуюм ба С.Абдуллозода аз дастаи Хадамоти давлатии «Муҳофиза» ва ҷойи сеюм ба Ш.Мирумадов аз дастаи СХДО муносиб дониста шуд.

513

Миёни дастаҳо ҷойи аввалро варзишгарони дастаи Академия соҳиб гардида, ҷойи дуюм ба дастаи СХДО муносиб дониста шуд. Зинаи сеюмро бошад, намояндагони дастаи ДТММ соҳиб гардиданд.
Дар охир ба иштирокчиён туҳфаҳои хотиравӣ Ҷом, медал, Ифтихорнома ва Сипосномаҳо тақдим гардид.
Т. ЛАТИПОВ


Шарҳи Шумо

Security code
Азнавсози



Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон!Ҳамватанони азиз! Ҷумҳурии Тоҷикистон, бо вуҷуди тағйирёбии вазъи сиёсиву иқтисодӣ ва амниятии ҷаҳон, дар роҳи пешрафти бемайлони иқтисодӣ, расидан ба ҳадафҳои стратегӣ ва ба ин васила таъмин намудани зиндагии шоистаи аҳолӣ бо қадамҳои устувор пеш меравад. Аммо вақтҳои охир дар ҷаҳон раванди бартариҷӯӣ, мусаллаҳшавии бошитоб, пайдоиши нишонаҳои марҳалаи нави “ҷанги сард” боиси нигаронӣ гардидааст. Соли ҷорӣ дар гӯшаҳои гуногуни олам нооромиву низоъҳо идома ёфта, барои ҷомеаи ҷаҳонӣ ҳамчун айёми душвору пуртазод эътироф гардид. Дар ин давра зиёда аз сад давлати дунё мавриди ҳамлаҳои ғайриинсонии террористон ва ифротгароён қарор гирифт. Воқеият чунин аст, ки ҷуғрофияи нооромиҳо торафт доман паҳн намуда, таҳдиду хатарҳои глобалӣ имрӯз ба асосҳои бунёдии тартибу низоми ҷаҳонӣ ва усулҳои муносиботи байналмилалӣ таъсиргузор мебошанд. Идомаи минбаъдаи ин ҳолат ....>>>

Qonun

© 2018 Сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Истифодаи маълумотҳои сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо нишон додани суроғаи сомона http://vkd.tj иҷозат дода мешавад
Яндекс.Метрика