Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Иштироки Анастасия Тюрина дар бозиҳои олимпии ҷавонон дар шаҳри Буэнос-Айрес

486

487Аъзои Шӯрои ҷумҳуриявии «Динамо»-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон, узви тими миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба шиноварӣ Анастасия Тюрина дар бозиҳои олимпии ҷавонон, ки аз 6-ум то 19-уми октябри соли ҷорӣ дар шаҳри Буэнос-Айреси Ҷумҳурии Аргентина баргузор мегардад, иштирок менамояд.
Роҳбарият ва ҳайати шахсии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ин варзишгари шиновар барои ба даст овардани ғолибият дар бозиҳои олимпии ҷавонон барору комёбиҳо таманно менамоянд.
Мавриди зикр аст, ки роҳбарияти давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба соҳаи варзиш таваҷҷӯҳи хоса зоҳир намуда, варзишгаронро ҳамаҷониба дастгирӣ менамоянд.
Фароҳам овардани шароити мусоид ба варзишгарон имконият медиҳад, ки онҳо дар мусобиқаҳои сатҳи ҷаҳонӣ иштирок намуда, парчами кишварамонро дар арсаи байналмилалӣ баланд бардоранд.
Гул Маҳбуба


Шарҳи Шумо

Security code
Азнавсози



Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон! Ҳамватанони азиз! Соли 2018 бо рӯйдодҳои ниҳоят муҳимму хотирмони худ барои мардуми шарифи Тоҷикистон ва давлати соҳибистиқлоли тоҷикон соли воқеан таърихӣ буд. Бисту дуюми марти соли ҷорӣ дар Рӯзи байналмилалии захираҳои об татбиқи ташаббуси чоруми ҷаҳонии мо дар соҳаи об - «Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028» бо иштироки Роҳбари давлат дар Маҷмаи умумии Созмони Милали Муттаҳид расман оғоз гардид. Дар шароити тағйирёбии иқлим, ки масъалаи ҳифзи манбаъҳо ва захираҳои оби тозаи ошомиданӣ ба яке аз мушкилоти асосии мардуми сайёра табдил ёфтааст, Тоҷикистон дар ин самт ҳамчун кишвари ташаббускор ва пешсаф дар арсаи ҷаҳонӣ эътироф гардидааст. Ба кор андохтани агрегати якуми нерӯгоҳи барқи обии “Роғун”, яъне иншооти тақдирсози аср ва ояндаи дурахшони Тоҷикистон, ки ....>>>

Qonun

© 2019 Сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Истифодаи маълумотҳои сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо нишон додани суроғаи сомона http://vkd.tj иҷозат дода мешавад
Яндекс.Метрика