Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Барномаи фарҳангӣ ва ҷамъбасти мусобиқаҳои варзишӣ

160

Дар идомаи тантанаҳо ба муносибати Истиқлолияти давлатӣ дар саҳни бинои Раёсат барномаи фарҳангӣ бо иштироки санъаткорони шинохтаи вилоят ва ҷумҳурӣ баргузор гардид. Ҳайати шахсӣ, собиқадорони мақомоти корҳои дохилӣ зери навои таронаҳои дилнишини тараннумкунандаи дӯстиву рафоқат, тинҷиву осудагӣ 27-умин солгарди Истиқлолияти давлатиро бо фараҳмандии зиёд ва муҳаббати беандоза ба ин сарзамин таҷлил намуданд.

164163161162

Тавре қаблан иттило дода будем бо мақсади тарғиби тарзи ҳаёти солим ва баланд бардоштани тавоноӣ ва маҳорати варзишии кормандони мақомоти корҳои дохилӣ аз 5-ум то 8-уми сентябр бахшида ба Истиқлолияти давлатӣ бо таҳияи барномаи варзишӣ аз рӯи намудҳои тениси рӯи миз миёни занон, гуштини тарзи самбо ва дастхобонӣ байни кормандони дастгоҳи марказии Раёсат, шуъбаҳо ва ҷузъу томҳои ВКД дар вилояти Суғд баргузор гардида буд. Марҳилаи ниҳоии мусобиқаҳои мазкур дар рафти чорабинии фарҳангӣ доир шуда, ғолибону ҷоизадорони се зинаи ифтихорӣ бо Ҷом, медал, Ифтихорнома ва туҳфаҳо қадршиносӣ карда шуданд.


Шарҳи Шумо

Security code
Азнавсози



Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон!Ҳамватанони азиз! Ҷумҳурии Тоҷикистон, бо вуҷуди тағйирёбии вазъи сиёсиву иқтисодӣ ва амниятии ҷаҳон, дар роҳи пешрафти бемайлони иқтисодӣ, расидан ба ҳадафҳои стратегӣ ва ба ин васила таъмин намудани зиндагии шоистаи аҳолӣ бо қадамҳои устувор пеш меравад. Аммо вақтҳои охир дар ҷаҳон раванди бартариҷӯӣ, мусаллаҳшавии бошитоб, пайдоиши нишонаҳои марҳалаи нави “ҷанги сард” боиси нигаронӣ гардидааст. Соли ҷорӣ дар гӯшаҳои гуногуни олам нооромиву низоъҳо идома ёфта, барои ҷомеаи ҷаҳонӣ ҳамчун айёми душвору пуртазод эътироф гардид. Дар ин давра зиёда аз сад давлати дунё мавриди ҳамлаҳои ғайриинсонии террористон ва ифротгароён қарор гирифт. Воқеият чунин аст, ки ҷуғрофияи нооромиҳо торафт доман паҳн намуда, таҳдиду хатарҳои глобалӣ имрӯз ба асосҳои бунёдии тартибу низоми ҷаҳонӣ ва усулҳои муносиботи байналмилалӣ таъсиргузор мебошанд. Идомаи минбаъдаи ин ҳолат ....>>>

Qonun

© 2018 Сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Истифодаи маълумотҳои сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо нишон додани суроғаи сомона http://vkd.tj иҷозат дода мешавад
Яндекс.Метрика