Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Ҷараёни чорабиниҳои варзишӣ дар Суғд

470

Тавре қаблан иттило дода будем ба муносибати Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо таҳияи барномаи варзишӣ мақомоти корҳои дохилии вилояти Суғд байни кормандон мусобиқаҳои варзишӣ гузаронида истодааст.
Имрӯз (07.09.с.2018) дар доираи чорабиниҳои мазкур дар пойгоҳи Дастаи таъиноти махсуси милитсияи Раёсати мазкур мусобиқаи варзишӣ дар намуди дастхобонӣ доир карда шуд. Мусобиқа аз рӯи дараҷаҳои вазнии зери 70, 80, 90, 100, +100 кг бо иштироки 53 нафар кормандони дастгоҳи марказии Раёсат, шуъбаҳо ва ҷузъу томҳои ВКД дар вилояти Суғд доир карда шуд. Мусобиқаро муррабиёни ин намуди варзиш ва масъулини Шӯрои ҷумҳуриявии варзишии «Динамо»-и ВКД доварӣ намуданд. Дастхобонӣ бо риояи махсусиятҳои касбии ин намуди варзиш шаффоф ҷараён гирифта то давраи ниҳоӣ ғолибон муайян шуданд.

471472

Давраи ниҳоии мусобиқа аз рӯи ҳама дараҷаҳои вазнӣ дар чорабинии тантанавии РВКД дар вилояти Суғд, ки бахшида ба Истиқлолияти давлатӣ баргузор мегардад гузаронида шуда, ҷоизадорони зинаҳои ифтихорӣ бо туҳфаҳо сарфароз карда мешаванд.
Аз рӯи барномаи варзише, ки роҳбарияти мақомоти корҳои дохилии вилояти Суғд бахшида ба Истиқлолияти Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳия намудааст, намудҳои варзишии ба мардуми тоҷик хос ҷой дода шудааст. Чунин иқдом нишони арҷгузорӣ ва эҳтиром ба анъанаҳои миллӣ ва гузаштагони хеш аст.
Акбар Шарифов, капитани милитсия


Шарҳи Шумо

Security code
Азнавсози



Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон!Ҳамватанони азиз! Ҷумҳурии Тоҷикистон, бо вуҷуди тағйирёбии вазъи сиёсиву иқтисодӣ ва амниятии ҷаҳон, дар роҳи пешрафти бемайлони иқтисодӣ, расидан ба ҳадафҳои стратегӣ ва ба ин васила таъмин намудани зиндагии шоистаи аҳолӣ бо қадамҳои устувор пеш меравад. Аммо вақтҳои охир дар ҷаҳон раванди бартариҷӯӣ, мусаллаҳшавии бошитоб, пайдоиши нишонаҳои марҳалаи нави “ҷанги сард” боиси нигаронӣ гардидааст. Соли ҷорӣ дар гӯшаҳои гуногуни олам нооромиву низоъҳо идома ёфта, барои ҷомеаи ҷаҳонӣ ҳамчун айёми душвору пуртазод эътироф гардид. Дар ин давра зиёда аз сад давлати дунё мавриди ҳамлаҳои ғайриинсонии террористон ва ифротгароён қарор гирифт. Воқеият чунин аст, ки ҷуғрофияи нооромиҳо торафт доман паҳн намуда, таҳдиду хатарҳои глобалӣ имрӯз ба асосҳои бунёдии тартибу низоми ҷаҳонӣ ва усулҳои муносиботи байналмилалӣ таъсиргузор мебошанд. Идомаи минбаъдаи ин ҳолат ....>>>

© 2018 Сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Истифодаи маълумотҳои сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо нишон додани суроғаи сомона http://vkd.tj иҷозат дода мешавад
Яндекс.Метрика