Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Пешсафии футболбозони навраси «Динамо»

468

Имрӯз дар баробари дастаи футболбозони «Динамо»-и Вазорати корҳои дохилӣ, дастаи футболи наврасони «Динамо» низ дар мусобиқаҳои сатҳи гуногун иштирок намуда, сазовори ҷойҳои намоён мегарданд. Бо ташаббус ва дастгирии бевоситаи Вазири корҳои дохилӣ генерал-полковники милитсия Раҳимзода Рамазон Ҳамро дастаи футболбозони наврас, ки наврасони синну соли то 13-соларо дар бар мегирад, таъсис ёфтааст, ки варзишгарони навраси ин даста маҳорату лаёқати хуби варзиширо аз худ менамоянд.

Чанде пеш ба муносибати 27-умин солгарди Истиқлолияти давлатӣ дар варзишгоҳи «Душанбе Арена»-и шаҳри Душанбе мусобиқаи кушоди даставӣ оид ба футболи хурд миёни 20 дастаи футболбозони навраси то синни 13-сола баргузор гардид, ки дар байни онҳо дастаи наврасони «Динамо» низ ширкат дошт.

469

Дастаҳо гурӯҳбандӣ шуда, миёни ҳам рақобат намуда, шаш даста ба даври ниҳоӣ роҳ ёфтанд. Дар ин бозиҳо мақоми аввал насиби дастаи Мактаби ҷумҳуриявии маҳорати олии варзишӣ-1, мақоми дуюмро дастаи наврасони «Динамо» ва мақоми сеюмро бошад, дастаи МҶМОВ-2 сазовор шуданд.
Бояд қайд кард, ки се дастаи ғолиб барои иштирок дар мусобиқаи ҷумҳуриявии футболбозони наврас, ки моҳи октябри соли равон дар шаҳри Душанбе баргузор мегардад, роҳхат гирифтанд.
Мураббии шоистаи Ҷумҳурии Тоҷикистон, устоди варзиш оид ба футбол Иззатулло Мирзоев, ки дастаи наврасони «Динамо»-ро тамрин медиҳад, зикр кард, ки варзишгарони наврас то бозиҳои оянда хубтар тайёрӣ дида, мекӯшанд то мақоми сазоворро ишғол намоянд.

Раҷаббек ИЛЁСОВ


Шарҳи Шумо

Security code
Азнавсози



Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон! Ҳамватанони азиз! Соли 2018 бо рӯйдодҳои ниҳоят муҳимму хотирмони худ барои мардуми шарифи Тоҷикистон ва давлати соҳибистиқлоли тоҷикон соли воқеан таърихӣ буд. Бисту дуюми марти соли ҷорӣ дар Рӯзи байналмилалии захираҳои об татбиқи ташаббуси чоруми ҷаҳонии мо дар соҳаи об - «Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028» бо иштироки Роҳбари давлат дар Маҷмаи умумии Созмони Милали Муттаҳид расман оғоз гардид. Дар шароити тағйирёбии иқлим, ки масъалаи ҳифзи манбаъҳо ва захираҳои оби тозаи ошомиданӣ ба яке аз мушкилоти асосии мардуми сайёра табдил ёфтааст, Тоҷикистон дар ин самт ҳамчун кишвари ташаббускор ва пешсаф дар арсаи ҷаҳонӣ эътироф гардидааст. Ба кор андохтани агрегати якуми нерӯгоҳи барқи обии “Роғун”, яъне иншооти тақдирсози аср ва ояндаи дурахшони Тоҷикистон, ки ....>>>

Qonun

© 2019 Сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Истифодаи маълумотҳои сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо нишон додани суроғаи сомона http://vkd.tj иҷозат дода мешавад
Яндекс.Метрика