Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Суғд: Оғози мусобиқаи гуштини самбо бахшида ба Истиқлолияти давлатӣ

464

Рӯзи 6 сентябри соли 2018 дар доираи баргузории чорабиниҳои варзишӣ, ки Раёсати ВКД дар вилояти Суғд бахшида ба таҷлили Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба нақша гирифтааст дар «Толори варзишии гуштини самбо»-и мураббии шинохта Усто Устопиров, воқеъ дар шаҳри Хуҷанд мусобиқаи варзишӣ аз рӯи намуди гуштини «Самбо» байни кормандони дастгоҳи марказии Раёсат, шуъбаҳо ва ҷузъу томҳои ВКД дар вилояти Суғд оғоз гардид.
Дар маросими ифтитоҳи чорабинӣ муовини якуми сардори Раёсати ВКД дар вилояти Суғд полковники милитсия Ализода Музаффар Нормуҳаммад суханронӣ намуда, баргузории чорабиниро омили обутоби бадан, нерӯсанҷии мусоидаткунанда ба такмили маҳорату малакаи варзишӣ унвон кард. Дар арафаи таҷлили Истиқлолияти давлатӣ баргузор гардидани мусобиқаи гуштини «Самбо» рамзи эҳтироми ҳайати шахсии мақомоти милитсия ба муқаддасот ва дастовардҳои миллӣ мебошад.

465466

Мусобиқаи мазкур аз рӯи 7 дараҷаи вазнӣ 62, 68, 74, 80, 90, 100, +100 кг ҷараён гирифта 68 нафар паҳлавонон – кормандони мақомот барои иштирок номнавис шуда, баъди қуръакашӣ ба мусобиқа оғоз намуданд.
Рафти мусобиқа аз тарафи устодони варзиш ва мураббиёни Федератсияи самбои вилояти Суғд доварӣ гардида, ғолибони мусобиқа дар чорабинии тантанавии Раёсат, ки бахшида ба Истиқлолияти давлатӣ баргузор мегардад бо туҳфаҳо сарфароз карда мешаванд.
Акбар Шарифов, капитани милитсия


Шарҳи Шумо

Security code
Азнавсози



Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон!Ҳамватанони азиз! Ҷумҳурии Тоҷикистон, бо вуҷуди тағйирёбии вазъи сиёсиву иқтисодӣ ва амниятии ҷаҳон, дар роҳи пешрафти бемайлони иқтисодӣ, расидан ба ҳадафҳои стратегӣ ва ба ин васила таъмин намудани зиндагии шоистаи аҳолӣ бо қадамҳои устувор пеш меравад. Аммо вақтҳои охир дар ҷаҳон раванди бартариҷӯӣ, мусаллаҳшавии бошитоб, пайдоиши нишонаҳои марҳалаи нави “ҷанги сард” боиси нигаронӣ гардидааст. Соли ҷорӣ дар гӯшаҳои гуногуни олам нооромиву низоъҳо идома ёфта, барои ҷомеаи ҷаҳонӣ ҳамчун айёми душвору пуртазод эътироф гардид. Дар ин давра зиёда аз сад давлати дунё мавриди ҳамлаҳои ғайриинсонии террористон ва ифротгароён қарор гирифт. Воқеият чунин аст, ки ҷуғрофияи нооромиҳо торафт доман паҳн намуда, таҳдиду хатарҳои глобалӣ имрӯз ба асосҳои бунёдии тартибу низоми ҷаҳонӣ ва усулҳои муносиботи байналмилалӣ таъсиргузор мебошанд. Идомаи минбаъдаи ин ҳолат ....>>>

Qonun

© 2018 Сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Истифодаи маълумотҳои сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо нишон додани суроғаи сомона http://vkd.tj иҷозат дода мешавад
Яндекс.Метрика