Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Суғд: Оғози мусобиқаҳои варзишӣ бахшида ба ҷашни Истиқлолияти давлатӣ

459

Роҳбарияти Раёсати ВКД дар вилояти Суғд бо мақсади тарғиби тарзи ҳаёти солим ва баланд бардоштани тавоноӣ ва маҳорати варзишии кормандони мақомоти корҳои дохилӣ аз 5-ум то 8-уми сентябр бахшида ба таҷлили ҷашни Истиқлолияти давлатӣ бо таҳияи барномаи варзишӣ аз рӯи намудҳои тенниси рӯи миз миёни занон, гуштини тарзи самбо ва дастхобони байни кормандони дастгоҳи марказии Раёсат, шуъбаҳо ва ҷузъу томҳои ВКД дар вилояти Суғдро ба нақша гирифтааст. Ҳамчунин тибқи нақша баҳри баланд бардоштани рушди зеҳнии наврасону ҷавонон, мустаҳкам намудани алоқаи дӯстӣ байни қишрҳои мухталифи ҷомеа ва тарғиби шоҳмот баргузории мусобиқаи шоҳмот бо иштироки дӯстдорони ин намуди варзиш дар «Боғи фарҳангӣ-фароғатии ба номи Камоли Хуҷандӣ»-и шаҳри Хуҷанд ба нақша гирифа шудааст.
Мусобиқаҳои варзиши давоми се рӯз идома ёфта дар доираи тантанаҳои идона ғолибон аз тарафи роҳбарияти Раёсати ВКД дар вилояти Суғд бо туҳфаҳо қадршиносӣ мешаванд.

460

Субҳи имрӯз (05.09.с.2018) дар толори варзишии Раёсат мусобиқаи тениси рӯи миз байни бонувон оғоз ёфт. Барои иштирок дар мусобиқа 16 нафар корманд-занони мақомот номнавис шудаанд. Сардори Раёсат генерал-майори милитсия Назарзода Қудратулло Бобо чорабиниро ифтитоҳ намуда аз манфиатбахшии варзиш ба рӯҳу ҷисми шахс сухан гуфта ба варзишгарон муваффақият таманно намуд.
Зикр гардид, ки варзиш дар мақомоти корҳои дохилӣ ба ҷузъи таркибӣ табдил ёфта, яке аз омилҳои муҳими солимгардонии ҳайати шахсӣ эътироф гардидааст.
Рафти мусобиқаро масъулини Шӯрои ҷумҳуриявии «Динамо»-и ВКД дар вилояти Суғд бо ҷалби устодони варзиш ва мураббиёни Федератсияи тенниси вилояти Суғд доварӣ менамоянд.
Акбар Шарифов, капитани милитсия


Шарҳи Шумо

Security code
Азнавсози



Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон! Ҳамватанони азиз! Соли 2018 бо рӯйдодҳои ниҳоят муҳимму хотирмони худ барои мардуми шарифи Тоҷикистон ва давлати соҳибистиқлоли тоҷикон соли воқеан таърихӣ буд. Бисту дуюми марти соли ҷорӣ дар Рӯзи байналмилалии захираҳои об татбиқи ташаббуси чоруми ҷаҳонии мо дар соҳаи об - «Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028» бо иштироки Роҳбари давлат дар Маҷмаи умумии Созмони Милали Муттаҳид расман оғоз гардид. Дар шароити тағйирёбии иқлим, ки масъалаи ҳифзи манбаъҳо ва захираҳои оби тозаи ошомиданӣ ба яке аз мушкилоти асосии мардуми сайёра табдил ёфтааст, Тоҷикистон дар ин самт ҳамчун кишвари ташаббускор ва пешсаф дар арсаи ҷаҳонӣ эътироф гардидааст. Ба кор андохтани агрегати якуми нерӯгоҳи барқи обии “Роғун”, яъне иншооти тақдирсози аср ва ояндаи дурахшони Тоҷикистон, ки ....>>>

Qonun

© 2019 Сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Истифодаи маълумотҳои сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо нишон додани суроғаи сомона http://vkd.tj иҷозат дода мешавад
Яндекс.Метрика