Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Омодагии варзишгарони шиновар ба бозиҳои 18-уми Осиёӣ дар шаҳри Ҷакарта

441

Имрӯз (04.08.с.2018), бо мақсади равнақу ривоҷ додани соҳаи варзиши шиноварӣ, тарзи ҳаёти солим ва оммавияти он дар байни ҷомеа Вазири корҳои дохилӣ, Раиси Федератсияи миллии шиноварии Ҷумҳурии Тоҷикистон, генерал-полковники милитсия Раҳимзода Рамазон Ҳамро бо дастаи шиноварони миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки барои иштирок дар бозиҳои 18-уми Осиёӣ ба шаҳри Ҷакартаи Индонезия сафар менамоянд, вохӯрӣ доир намуд.
Зимни вохӯрӣ Раҳимзода Рамазон Ҳамро ба варзишгарони шиновар барои ба даст овардани ғолибият ва ишғол намудани ҷойҳои намоён дар бозиҳои Осиёӣ барору комёбиҳо таманно намуда, зикр кард, ки Роҳбари давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба соҳаи варзиш таваҷҷӯҳи хоса зоҳир намуда, онҳоро ҳамаҷониба дастгирӣ менамояд.

Фароҳам овардани шароити мусоид ба варзишгарон имконият медиҳад, ки онҳо дар мусобиқаҳои сатҳи ҷаҳонӣ иштирок намуда, парчами кишварамонро дар арсаи байналмилалӣ баланд бардоранд.
Мавриди қайд аст, ки варзишгарони шиновар нахуст ба шаҳри Хуҷанди вилояти Суғд сафар намуда, тӯли 10 рӯз машқҳои тамринӣ гузаронида, омодагӣ мебинанд ва рӯзи 16-уми августи соли 2018 аз шаҳри Тошканд ба шаҳри Ҷакартаи Индонезия сафар менамоянд.
Ҳамаи хароҷоти сафар ва шароитҳо барои машқу тамрини дастаи шиноварони миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳайё гардида, онҳо ҳамаҷониба дастгирӣ меёбанд.
Гул Маҳбуба


Шарҳи Шумо

Security code
Азнавсози



Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон!Ҳамватанони азиз! Ҷумҳурии Тоҷикистон, бо вуҷуди тағйирёбии вазъи сиёсиву иқтисодӣ ва амниятии ҷаҳон, дар роҳи пешрафти бемайлони иқтисодӣ, расидан ба ҳадафҳои стратегӣ ва ба ин васила таъмин намудани зиндагии шоистаи аҳолӣ бо қадамҳои устувор пеш меравад. Аммо вақтҳои охир дар ҷаҳон раванди бартариҷӯӣ, мусаллаҳшавии бошитоб, пайдоиши нишонаҳои марҳалаи нави “ҷанги сард” боиси нигаронӣ гардидааст. Соли ҷорӣ дар гӯшаҳои гуногуни олам нооромиву низоъҳо идома ёфта, барои ҷомеаи ҷаҳонӣ ҳамчун айёми душвору пуртазод эътироф гардид. Дар ин давра зиёда аз сад давлати дунё мавриди ҳамлаҳои ғайриинсонии террористон ва ифротгароён қарор гирифт. Воқеият чунин аст, ки ҷуғрофияи нооромиҳо торафт доман паҳн намуда, таҳдиду хатарҳои глобалӣ имрӯз ба асосҳои бунёдии тартибу низоми ҷаҳонӣ ва усулҳои муносиботи байналмилалӣ таъсиргузор мебошанд. Идомаи минбаъдаи ин ҳолат ....>>>

Qonuni

© 2018 Сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Истифодаи маълумотҳои сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо нишон додани суроғаи сомона http://vkd.tj иҷозат дода мешавад
Яндекс.Метрика