Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Дастаи футболбозони РБДА ғолиби мусобиқаи футбол гардид

356

Дар доираи ислоҳоти милитсия ва бахшида ба «Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ» дар маҷмааи Шӯрои ҷумҳуриявии «Динамо»-и ВКД тӯли як моҳ мусобиқаи футбол байни дастаҳои ҷузъу томҳои Вазорати корҳои дохилӣ доир гардид, ки дар он зиёда аз 25 даста иштирок намуд.
Рӯзи 15 майи соли 2018, мусобиқаи мазкур дар фазои тантанавӣ ҷамъбаст гардида, ғолибон муайян карда шуданд.

357

Ҳамин тариқ, ҷойи якум насиби дастаи футболбозони РБДА ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҷойи дуюм насиби дастаи Бюрои ҳамоҳангсозии мубориза зидди ҷиноятҳои муташаккил ва дигар намуди ҷиноятҳои хавфнок дар ҳудуди ИДМ-и ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон (БКБОП) ва ҷойи сеюмро дастаи Раёсати мубориза бар зидди ҷиноятҳои муташаккили ВКД ишғол намуданд.
Дар натиҷа, аз ҷониби доварон «Дарвозабони беҳтарин» Раҳимов Умар аз Хадамоти шиносномавию бақайдгирии ВКД, «Муҳофизатгари беҳтарин» Ироҳимов Идрис курсанти Академияи ВКД, «Ниммуҳофизатгари беҳтарин» Раҳимзода Фарҳод аз Бюрои ҳамоҳангсозии мубориза зидди ҷиноятҳои муташаккил ва дигар намуди ҷиноятҳои хавфнок дар ҳудуди ИДМ-и ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон (БКБОП), «Ҳамлагари беҳтарин» Маҳмадализода Алишер Маҳмадалӣ аз Раёсати тафтишотии ВКД, «Нишонзани беҳтарин» Самадов Меҳроб аз РБДА ВКД, «Мураббии беҳтарин» Юнусов Усмонқул аз РБДА ВКД ва «Довари беҳтарин» Пиров Ҳамза дониста шуданд.
Ҳамчунин «Бозингари беҳтарин»-и мусобиқа Сафаров Фарух аз Раёсати мубориза бар зидди ҷиноятҳои муташаккили ВКД интихоб гардид.

358
Дар хотима, дар фазои тантанавӣ аз ҷониби роҳбарияти Вазорати корҳои дохилӣ ба дастаҳои ғолиб ва беҳтаринҳо Ҷом, медал, ҷоиза ва Ифтихорномаю Сипосномаҳо тақдим карда шуд.
Гул Маҳбуба

 


Шарҳи Шумо

Security code
Азнавсози



Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон!Ҳамватанони азиз! Ҷумҳурии Тоҷикистон, бо вуҷуди тағйирёбии вазъи сиёсиву иқтисодӣ ва амниятии ҷаҳон, дар роҳи пешрафти бемайлони иқтисодӣ, расидан ба ҳадафҳои стратегӣ ва ба ин васила таъмин намудани зиндагии шоистаи аҳолӣ бо қадамҳои устувор пеш меравад. Аммо вақтҳои охир дар ҷаҳон раванди бартариҷӯӣ, мусаллаҳшавии бошитоб, пайдоиши нишонаҳои марҳалаи нави “ҷанги сард” боиси нигаронӣ гардидааст. Соли ҷорӣ дар гӯшаҳои гуногуни олам нооромиву низоъҳо идома ёфта, барои ҷомеаи ҷаҳонӣ ҳамчун айёми душвору пуртазод эътироф гардид. Дар ин давра зиёда аз сад давлати дунё мавриди ҳамлаҳои ғайриинсонии террористон ва ифротгароён қарор гирифт. Воқеият чунин аст, ки ҷуғрофияи нооромиҳо торафт доман паҳн намуда, таҳдиду хатарҳои глобалӣ имрӯз ба асосҳои бунёдии тартибу низоми ҷаҳонӣ ва усулҳои муносиботи байналмилалӣ таъсиргузор мебошанд. Идомаи минбаъдаи ин ҳолат ....>>>

Qonun

© 2018 Сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Истифодаи маълумотҳои сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо нишон додани суроғаи сомона http://vkd.tj иҷозат дода мешавад
Яндекс.Метрика