Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Варзиши касбии оташнишонӣ

Варзиши касбии оташнишонӣ дар баробари дигар намудҳои варзиш, бо дастгирии вазири корҳои дохилӣ генерал-полковники милитсия Раҳимзода Рамазон Ҳамро ва бо ташабуси сардори СХДО ВКД генерал майори хизмати дохилӣ Н. Иброҳимзода, фароҳам намудани шароити мусоиди машқу тамрин барои кормандони ХДО ВКД пайваста рушд намуда, боиси бо чунин дастовардҳо расидан гардидааст, ки варзишгарони ХДО бо иштироки фаъоли худ дар мусобиқаҳои гуногун ҷойҳои намоёнро ишғол намуда истодаанд.

Қобили қайд аст, ки дар варзишгоҳи машқӣ-таълими РХДО ш. Душанбе мусобиқаи СХДО ВКД оид ба варзиши касбии оташнишонӣ байни ҷузъу томҳои Хадамоти давлатии оташнишонии горнизони Душанбе бахшида ба 21- солагии иди Ваҳдати миллӣ ва «Соли рушди сайёҳи ва ҳунарҳои мардумӣ» эълон гардидани соли 2018 баргузор гардид.
Дар ин чорабинии варзишӣ 14-даста ширкат варзида, ҷойи аввалро дастаи хадамоти оташнишонӣ оид ба муҳофизати ноҳияи Шоҳмансури ш. Душанбе, ҷойи дуюмро дастаи хадамоти оташнишонӣ оид ба муҳофизати КВД «Ширкати алюминии тоҷик» шаҳри Турсунзода ва ҷойи сеюмро дастаи ҚММ СХДО ишғол намудаанд.
Дар ҷамбасти ин чорабинӣ сардори СХДО ВКД ба ғолибон ва иштирокчиёни мусобиқа дастовардҳои нав орзу намуда, бо собиқадорони соҳа дар якҷоягӣ онҳоро бо медал, сипоснома, ва тӯҳфаҳои хотиравӣ сарфароз гардонид.

Кароматулло Абдуллоев
Толиб Ҳаётов
СХДО ВКД


Шарҳи Шумо

Security code
Азнавсози



Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон! Ҳамватанони азиз! Соли 2018 бо рӯйдодҳои ниҳоят муҳимму хотирмони худ барои мардуми шарифи Тоҷикистон ва давлати соҳибистиқлоли тоҷикон соли воқеан таърихӣ буд. Бисту дуюми марти соли ҷорӣ дар Рӯзи байналмилалии захираҳои об татбиқи ташаббуси чоруми ҷаҳонии мо дар соҳаи об - «Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028» бо иштироки Роҳбари давлат дар Маҷмаи умумии Созмони Милали Муттаҳид расман оғоз гардид. Дар шароити тағйирёбии иқлим, ки масъалаи ҳифзи манбаъҳо ва захираҳои оби тозаи ошомиданӣ ба яке аз мушкилоти асосии мардуми сайёра табдил ёфтааст, Тоҷикистон дар ин самт ҳамчун кишвари ташаббускор ва пешсаф дар арсаи ҷаҳонӣ эътироф гардидааст. Ба кор андохтани агрегати якуми нерӯгоҳи барқи обии “Роғун”, яъне иншооти тақдирсози аср ва ояндаи дурахшони Тоҷикистон, ки ....>>>

Qonuno

© 2019 Сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Истифодаи маълумотҳои сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо нишон додани суроғаи сомона http://vkd.tj иҷозат дода мешавад
Яндекс.Метрика