Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

ВКД ғолиби муҳорибаи омехта

 

Ҳафтаи сипаригардида дар толори варзишии «Динамо»-и Вазорати корҳои дохилӣ бахшида ба Рӯзи Ғалаба дар Ҷанги Бузурги Ватанӣ, таҳти шиори «Қаҳрамон ҳеҷ гоҳ фаромӯш намешавад!» мусобиқаи кушоди санъати муҳорибаи омехта (ММА) доир гардид.
Дар ин мусобиқа 10 даста, бо шумули 70 варзишгар ва 500 нафар мухлис доир гардида, дар он варзишгарон аз рӯйи вазнҳои 61, 65, 70, 77, 84, 93 ва аз 93 кг зиёд байни ҳам рақобат намуданд.
Ҳамин тавр, дар вазни 61 кг ҷойи аввал насиби Ҳофиз Азизов аз Академияи ВКД, ҷойи дуюм насиби Шарафи Зуҳуршо аз Кумитаи давлатии амнияти миллӣ ва ҷойи сеюм насиби Эраҷ Исмонов ва Тӯйчӣ Сурхов аз Дастаи таъиноти махсуси милитсия гардид.
Дар вазни 65 кг бошад, ҷойи аввал ба Маъруф Кенҷаев аз КДАМ, ҷойи дуюм ба Бузургмеҳр Норов аз Академияи ВКД, ҷойи сеюмро Давлатбек Валиев аз КДАМ ва Некрӯз Суҳроб аз РҚД ВКД сазовор гардиданд.
Дар вазни 70 кг ҷойи аввалро Бахтиёр Пӯлодов аз ДДММ, ҷойи дуюмро Исҳоқ Зайдуллоев аз Вазорати мудофиа, ҷойи сеюмро Умед Давлатов аз РҚД ва Искандар Тӯраев аз ДТММ ба даст оварданд.
Дар вазни 77 кг Наимҷон Маҳмадалиев аз Академияи ВКД ҷойи аввалро гирифта, ҷойи дуюм насиби Меҳриддин Ашӯров аз Академияи ВКД гардид ва ҷойи сеюм ба Абдулаҳад Раҳматов ва Ҳоким Абдулаҳаев ҳарду аз ДТММ сазовор дониста шуданд.
Дар вазни 84 кг Шероз Кенҷаев аз Вазорати мудофиа ба ҷойи аввал сарфароз гардида, ҷойи дуюмро М. Эмомиддинзода аз КДАМ, Абубакр Авезов аз Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе ва Хайриддин Ғафуров аз Академияи ВКД ҷойи сеюмро мушарраф гардиданд.
Дар вазни 93 кг Баҳром Ҳомидов аз Раёсати мубориза зидди ҷиноятҳои муташаккил ба ҷойи аввал сарфароз гардида, Ҷонон Вадудов аз ДТММ соҳиби ҷойи дуюм, Қурбон Абдулло аз КДАМ соҳиби ҷойи сеюм гардиданд.
Дар вазни ҷамъи 93 А. Қурбоналиев аз РҚД сазовори ҷойи аввал, Насим Мизробов аз ДТММ соҳиби ҷойи дуюм, Беҳрӯзи Саид аз Раёсати тафтишот ва Абубакр Аслиддинов, аз Академия бо гирифтани ҷойи сеюм сарфароз гардиданд.
Дар ҳисоби умумидаставӣ ҷойи аввалро Вазорати корҳои дохилӣ соҳиб гардида, ҷойи дуюм ба Кумитаи давлатии амнияти миллӣ дода шуд ва ҷойи сеюм насиби Вазорати мудофиа гардид.
Дар охири мусобиқа ба варзишгарон медал, Ифтихорнома ва Сипоснома тақдим карда шуд.
Боиси қайд аст, ки ММА аз забони англисӣ Mixed Martial Arts, яъне санъати муҳориба гирифта шуда, онро бештар «муҳорибаи бенизом» низ мегӯянд, ки соли 1995 аз ҷониби Рик Блюм, президенти Battlecade пешниҳод карда шуд. Аз он замон то ба имрӯз ин навъи варзиш дар мамолики ҷаҳон ва хусусан, дар Ҷумҳурии Тоҷикистон низ маъмулу машҳур гардид.
Муовини аввали Раиси Шӯрои ҷумҳуриявии «Динамо»-и ВКД подполковники милитсия Шоҳиён Аслиддин Назрӣ иброз намуд, ки ҳамсола ин намуди муҳориба дар ВКД баргузор мегардад ва дар он на танҳо кормандони милитсия, балки кормандони тамоми сохторҳои қудратӣ фаъолона иштирок менамоянд.
Тӯли 4 сол мешавад, ки дар байни тамоми сохторҳои қудратӣ Вазорати корҳои дохилӣ ҷойи аввалро ишғол менамояд.
Ҳадаф аз баргузор кардани ин муҳориба беҳтар намудани саломатӣ, баланд бардоштани маҳорати касбии варзишгарон, вусъат додани дӯстиву рафоқат байни кормандони ҳифзи ҳуқуқ, инчунин муайян намудани беҳтаринҳо барои сафарбар намудан дар мусобиқаҳои сатҳи ҷумҳуриявӣ ва байналмилалӣ мебошад.
София ШОИКОВА


Шарҳи Шумо

Security code
Азнавсози



Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон!Ҳамватанони азиз! Ҷумҳурии Тоҷикистон, бо вуҷуди тағйирёбии вазъи сиёсиву иқтисодӣ ва амниятии ҷаҳон, дар роҳи пешрафти бемайлони иқтисодӣ, расидан ба ҳадафҳои стратегӣ ва ба ин васила таъмин намудани зиндагии шоистаи аҳолӣ бо қадамҳои устувор пеш меравад. Аммо вақтҳои охир дар ҷаҳон раванди бартариҷӯӣ, мусаллаҳшавии бошитоб, пайдоиши нишонаҳои марҳалаи нави “ҷанги сард” боиси нигаронӣ гардидааст. Соли ҷорӣ дар гӯшаҳои гуногуни олам нооромиву низоъҳо идома ёфта, барои ҷомеаи ҷаҳонӣ ҳамчун айёми душвору пуртазод эътироф гардид. Дар ин давра зиёда аз сад давлати дунё мавриди ҳамлаҳои ғайриинсонии террористон ва ифротгароён қарор гирифт. Воқеият чунин аст, ки ҷуғрофияи нооромиҳо торафт доман паҳн намуда, таҳдиду хатарҳои глобалӣ имрӯз ба асосҳои бунёдии тартибу низоми ҷаҳонӣ ва усулҳои муносиботи байналмилалӣ таъсиргузор мебошанд. Идомаи минбаъдаи ин ҳолат ....>>>

Qonun

© 2018 Сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Истифодаи маълумотҳои сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо нишон додани суроғаи сомона http://vkd.tj иҷозат дода мешавад
Яндекс.Метрика