Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Мусобиқаи шиноварӣ дар ВКД таҳти шиори «Рушди сайёҳӣ - пешрафти кишвар»

316Рӯзи 7-уми апрели соли 2018, дар ҳавзи шиноварии Шӯрои ҷумҳуриявии «Динамо»-и ВКД мусобиқаи кушоди Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида ба таҷлили ҷашни «Наврӯзи байналмилалӣ» таҳти шиори «Рушди сайёҳӣ - пешрафти кишвар» баргузор гардид, ки дар он 12 даста ва 62 нафар варзишгар иштирок намуданд.

Аз он ҷумла, дастаҳои Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Муассисаи давлатии мактаби ҷумҳуриявӣ оид ба намуди варзиши обӣ (МҶМНВО), Муассисаи давлатии №4 оид ба шиноварӣ ва ҷаҳиш ба об (ММВЗО), Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Кумитаи андози назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Гвардияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Сарраёсати Хадамоти давлатии оташнишонии ВКД, Раёсати кофтукови ҷиноятии ВКД, Воҳиди махсуси ВКД ва Сарситоди ҳамоҳангсозии воҳидҳои таъиноти махсуси ВКД (СҲВТМ), фаъолона ширкат варзиданд.
Мавриди қайд аст, ки дар ин мусобиқа 12 духтар ва 50 ҷавони варзишгар барои ба даст овардани ҷойҳои назаррас байни ҳам қувваозмоӣ намуданд.
Дар натиҷа, дастаи Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон соҳиби ҷойи аввал, Вазорати корҳои дохилӣ соҳиби ҷойи дуюм ва Гвардияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон мақоми сеюмро ишғол намуданд.
Дар хотима, ба дастаҳои ғолиб медал, Диплом ва Ифтихорномаю Сипосномаҳо тақдим карда шуд.
Варзишгарони «Динамо»-и ВКД 2 медалли тилло, 2 медали нуқра ва 1 медали биринҷиро ба даст оварданд.

Гул Маҳбуба, подполковники милитсия.


Шарҳи Шумо

Security code
Азнавсози



Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон!Ҳамватанони азиз! Ҷумҳурии Тоҷикистон, бо вуҷуди тағйирёбии вазъи сиёсиву иқтисодӣ ва амниятии ҷаҳон, дар роҳи пешрафти бемайлони иқтисодӣ, расидан ба ҳадафҳои стратегӣ ва ба ин васила таъмин намудани зиндагии шоистаи аҳолӣ бо қадамҳои устувор пеш меравад. Аммо вақтҳои охир дар ҷаҳон раванди бартариҷӯӣ, мусаллаҳшавии бошитоб, пайдоиши нишонаҳои марҳалаи нави “ҷанги сард” боиси нигаронӣ гардидааст. Соли ҷорӣ дар гӯшаҳои гуногуни олам нооромиву низоъҳо идома ёфта, барои ҷомеаи ҷаҳонӣ ҳамчун айёми душвору пуртазод эътироф гардид. Дар ин давра зиёда аз сад давлати дунё мавриди ҳамлаҳои ғайриинсонии террористон ва ифротгароён қарор гирифт. Воқеият чунин аст, ки ҷуғрофияи нооромиҳо торафт доман паҳн намуда, таҳдиду хатарҳои глобалӣ имрӯз ба асосҳои бунёдии тартибу низоми ҷаҳонӣ ва усулҳои муносиботи байналмилалӣ таъсиргузор мебошанд. Идомаи минбаъдаи ин ҳолат ....>>>

© 2018 Сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Истифодаи маълумотҳои сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо нишон додани суроғаи сомона http://vkd.tj иҷозат дода мешавад
Яндекс.Метрика