Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Ҷойҳои ифтихории динамочиёни наврас дар мусобиқаи шаҳрӣ

315

Рӯзи 7-уми апрели соли 2018, дар шаҳри Душанбе мусобиқаи шаҳрӣ байни наврасон оид ба гӯштини «Юнону румӣ» баргузор гардид, ки варзишгарони навраси «Динамо»-и Вазорати корҳои дохилӣ дар ин мусобиқа таҳти роҳбарии мураббии Шӯрои ҷумҳуриявии «Динамо» Абдукаримов Субҳон дар вазнҳои гуногун сабқат намуда, дар натиҷа ҷойҳои ифтихориро сазовор гардиданд.
Аз он ҷумла, ҷойи якум дар вазни 32 кг ба Назиров Акрам, ҷойи дуюм дар вазни 38 кг ба Ёров Некрӯз ва ҷойҳои сеюм дар вазни 32 кг ба Холов Дилшод ва Давлатов Далер насиб гардиданд.
Дар анҷоми мусобиқа ғолибон бо медал, Диплом ва Ифтихорномаю Сипосномаҳо сарфароз гардонида шуданд.
Гул Маҳбуба


Шарҳи Шумо

Security code
Азнавсози



Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон!Ҳамватанони азиз! Ҷумҳурии Тоҷикистон, бо вуҷуди тағйирёбии вазъи сиёсиву иқтисодӣ ва амниятии ҷаҳон, дар роҳи пешрафти бемайлони иқтисодӣ, расидан ба ҳадафҳои стратегӣ ва ба ин васила таъмин намудани зиндагии шоистаи аҳолӣ бо қадамҳои устувор пеш меравад. Аммо вақтҳои охир дар ҷаҳон раванди бартариҷӯӣ, мусаллаҳшавии бошитоб, пайдоиши нишонаҳои марҳалаи нави “ҷанги сард” боиси нигаронӣ гардидааст. Соли ҷорӣ дар гӯшаҳои гуногуни олам нооромиву низоъҳо идома ёфта, барои ҷомеаи ҷаҳонӣ ҳамчун айёми душвору пуртазод эътироф гардид. Дар ин давра зиёда аз сад давлати дунё мавриди ҳамлаҳои ғайриинсонии террористон ва ифротгароён қарор гирифт. Воқеият чунин аст, ки ҷуғрофияи нооромиҳо торафт доман паҳн намуда, таҳдиду хатарҳои глобалӣ имрӯз ба асосҳои бунёдии тартибу низоми ҷаҳонӣ ва усулҳои муносиботи байналмилалӣ таъсиргузор мебошанд. Идомаи минбаъдаи ин ҳолат ....>>>

© 2018 Сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Истифодаи маълумотҳои сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо нишон додани суроғаи сомона http://vkd.tj иҷозат дода мешавад
Яндекс.Метрика