Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Мусобиқаҳои варзишӣ бахшида ба «Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ» дар вилояти Хатлон

251

Варзиш – гарави саломатӣ ва саломатии миллат, шарти муҳимтарини бақои имрӯзу фардои давлат мебошад. Машғул шудан ба варзиш инсонро ҳамеша солиму бардам ва руҳан қавӣ мегардонад.

Бо ташаббус ва ибтикори Вазири корҳои дохилӣ генерал-полковники милитсия Раҳимзода Рамазон Ҳамро миёни кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ барои дарёфти «Ҷоми Вазири корҳои дохилӣ» бахшида ба эълон гардидани соли 2018, «Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ», мусобиқаҳои варзишӣ аз намудҳои футболи хурд, шашка ва шоҳмот миёни кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва дигар корхонаву идораҳои давлатии вилояти Хатлон оғоз гардида, дар он 24 - даста қувваозмоӣ мекунанд.

252

Дар чорабинии варзишӣ сардори Раёсати ВКД дар вилояти Хатлон генерал-майори милитсия Искандар Солеҳзода ба тамоми иштирокчиёни мусобиқа барору комёбӣ орзу намуд. Қайд гардид, ки варзиш на танҳо гарави саломатӣ, балки қосиди сулҳ ва таҳкимбахши дӯстию рафоқат мебошад. Итминони комил дорем, ки мусобиқаи имрӯза низ ба фазои дӯстию ҳамбастагии халқу миллатҳо мусоидат намуда, мухлисону ҳаводорони варзишро бештар ҷалб хоҳад кард. Мусобиқаҳо хеле шавқовар баргузор гардида, дастаҳо маҳорати хуби варзиширо пешкаши ҳаводорони намудҳои футболи хурд, шашка ва шоҳмот намуданд.
Мусобиқаҳо аз 30-юми январ оғоз гардида, то 28-уми феврали соли 2018 идома хоҳанд ёфт.


Шарҳи Шумо

Security code
Азнавсози



Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон!Ҳамватанони азиз! Ҷумҳурии Тоҷикистон, бо вуҷуди тағйирёбии вазъи сиёсиву иқтисодӣ ва амниятии ҷаҳон, дар роҳи пешрафти бемайлони иқтисодӣ, расидан ба ҳадафҳои стратегӣ ва ба ин васила таъмин намудани зиндагии шоистаи аҳолӣ бо қадамҳои устувор пеш меравад. Аммо вақтҳои охир дар ҷаҳон раванди бартариҷӯӣ, мусаллаҳшавии бошитоб, пайдоиши нишонаҳои марҳалаи нави “ҷанги сард” боиси нигаронӣ гардидааст. Соли ҷорӣ дар гӯшаҳои гуногуни олам нооромиву низоъҳо идома ёфта, барои ҷомеаи ҷаҳонӣ ҳамчун айёми душвору пуртазод эътироф гардид. Дар ин давра зиёда аз сад давлати дунё мавриди ҳамлаҳои ғайриинсонии террористон ва ифротгароён қарор гирифт. Воқеият чунин аст, ки ҷуғрофияи нооромиҳо торафт доман паҳн намуда, таҳдиду хатарҳои глобалӣ имрӯз ба асосҳои бунёдии тартибу низоми ҷаҳонӣ ва усулҳои муносиботи байналмилалӣ таъсиргузор мебошанд. Идомаи минбаъдаи ин ҳолат ....>>>

Qonuni

© 2018 Сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Истифодаи маълумотҳои сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо нишон додани суроғаи сомона http://vkd.tj иҷозат дода мешавад
Яндекс.Метрика