Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Ғолибияти динамочиён оид ба санъати муҳорибаи омехта

247

Рӯзи 4-уми феврали соли равон дар Маҷмааи варзишии Хадамоти алоқаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мусобиқаи кушоди шаҳрӣ оид ба санъати муҳорибаи омехта миёни наврасону ҷавонони синнашон то 17-сола доир гардид, ки дар он 150 нафар варзишгарон аз маҷмааҳои варзишии "Динамо"-и ВКД, "Деҳқонбача", "Кони гурд", "Истиқлол" ва шаҳри Ваҳдат иштирок намуданд.

248249

Варзишгарони "Динамо" ба гирифтани ҷойҳои намоён сазовор гаштанд. Аз ҷумла, Аминҷони Суҳроб дар вазни 32 кг, Муҳаммадалӣ Сафаралиев ва Фараҳбахш Шарипов дар вазни 40 кг, Ибодулло Яқубов дар вазни 48 кг ва Сабур Алимардонов дар вазни 55 кг соҳиби ҷойи аввал гардиданд. Зиёратшо Қаландаров дар вазни 48 кг ва Сорбон Низомов дар вазни 57 кг ба гирифтани ҷойҳои дуюм мушарраф шуданд.

250

Дар хотима ғолибони мусобиқа бо медал ва Ифтихорномаҳо сарфароз гардиданд.
Тоҷиддин Латипов

 


Шарҳи Шумо

Security code
Азнавсози



Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон! Ҳамватанони азиз! Соли 2018 бо рӯйдодҳои ниҳоят муҳимму хотирмони худ барои мардуми шарифи Тоҷикистон ва давлати соҳибистиқлоли тоҷикон соли воқеан таърихӣ буд. Бисту дуюми марти соли ҷорӣ дар Рӯзи байналмилалии захираҳои об татбиқи ташаббуси чоруми ҷаҳонии мо дар соҳаи об - «Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028» бо иштироки Роҳбари давлат дар Маҷмаи умумии Созмони Милали Муттаҳид расман оғоз гардид. Дар шароити тағйирёбии иқлим, ки масъалаи ҳифзи манбаъҳо ва захираҳои оби тозаи ошомиданӣ ба яке аз мушкилоти асосии мардуми сайёра табдил ёфтааст, Тоҷикистон дар ин самт ҳамчун кишвари ташаббускор ва пешсаф дар арсаи ҷаҳонӣ эътироф гардидааст. Ба кор андохтани агрегати якуми нерӯгоҳи барқи обии “Роғун”, яъне иншооти тақдирсози аср ва ояндаи дурахшони Тоҷикистон, ки ....>>>

Qonuno

© 2019 Сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Истифодаи маълумотҳои сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо нишон додани суроғаи сомона http://vkd.tj иҷозат дода мешавад
Яндекс.Метрика