Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Пирӯзии варзишгарони «Динамо» дар мусобиқаи ҷумҳуриявӣ аз намудаи Муатайи касбӣ

Рӯзҳои 25-26-уми ноябри соли равон, варзишгарони дастаи Шӯрои ҷумҳуриявии «Динамо»-и Вазорати корҳои дохилӣ дар мусобиқаи ҷумҳуриявӣ аз намудаи Муатайи касбӣ К1 бахшида ба «Соли ҷавонон» дар маҷмааи варзишии Хадамоти алоқаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон иштирок намуданд.
Дар ин мусобиқа 15 даста, зиёда аз 210 варзишгар ва 400 нафар мухлис ширкат варзида, варзишгарони мақомоти корҳои дохилӣ саъю талош карданд, ки ҷойҳои намоёнро ишғол намоянд. Аз он ҷумла:
- Абдукаримзода Қурбоналӣ дар вазни 60 кг ҷои якум,
- Файзуллоев Шукрулло дар вазни 54 кг ҷои якум,
- Абдураҳмонов Эраҷ дар вазни 70 кг ҷои якум,
- Холиқов Содиқ дар вазни 39 кг ҷои якум,
- Муҳаммадиев Абдуносир дар вазни 36 кг ҷои якум,
- Раҳмонов Баҳром дар вазни 63 кг ҷои якум,
- Шокирҷони Зикир дар вазни 60 кг ҷои дуюм,
- Сабзаков Комрон дар вазни 39 кг ҷои сеюм,
- Зардаков Ҷалолиддин дар вазни 57 кг ҷои сеюмро соҳиб гардиданд.
Дар хотима ғолибон ва ҷоизадорони мусобиқа бо медалу Ифтихорномаҳо ва туҳфаҳои хотиравӣ сарфароз гардонида шуданд.
Гул Маҳбуба


Шарҳи Шумо

Security code
Азнавсози



Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон!Ҳамватанони азиз! Ҷумҳурии Тоҷикистон, бо вуҷуди тағйирёбии вазъи сиёсиву иқтисодӣ ва амниятии ҷаҳон, дар роҳи пешрафти бемайлони иқтисодӣ, расидан ба ҳадафҳои стратегӣ ва ба ин васила таъмин намудани зиндагии шоистаи аҳолӣ бо қадамҳои устувор пеш меравад. Аммо вақтҳои охир дар ҷаҳон раванди бартариҷӯӣ, мусаллаҳшавии бошитоб, пайдоиши нишонаҳои марҳалаи нави “ҷанги сард” боиси нигаронӣ гардидааст. Соли ҷорӣ дар гӯшаҳои гуногуни олам нооромиву низоъҳо идома ёфта, барои ҷомеаи ҷаҳонӣ ҳамчун айёми душвору пуртазод эътироф гардид. Дар ин давра зиёда аз сад давлати дунё мавриди ҳамлаҳои ғайриинсонии террористон ва ифротгароён қарор гирифт. Воқеият чунин аст, ки ҷуғрофияи нооромиҳо торафт доман паҳн намуда, таҳдиду хатарҳои глобалӣ имрӯз ба асосҳои бунёдии тартибу низоми ҷаҳонӣ ва усулҳои муносиботи байналмилалӣ таъсиргузор мебошанд. Идомаи минбаъдаи ин ҳолат ....>>>

Qonuni

© 2018 Сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Истифодаи маълумотҳои сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо нишон додани суроғаи сомона http://vkd.tj иҷозат дода мешавад
Яндекс.Метрика