Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Ҷамъбасти мусобиқаи волейбол дар ВМКБ

Рӯзи 10-уми октябри соли 2017, дар толори калони Донишгоҳи давлатии шаҳри Хоруғ ба номи Моёншо Назаршоев, маросими ҷамъбаст ва тӯҳфасупорӣ барои нишон додани маҳорати баланди варзишӣ аз намуди «Волейбол» бахшида ба «Соли ҷавонон» эълон гардидани соли 2017 ва дарёфти Ҷоми Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон, бо иштироки сардори РВКД дар ВМКБ генерал майори милитсия Искандарзода Абдулваҳоб Мансур, муовини сардори РВКД дар ВМКБ подполковники милитсия Музафарзода Шавқат, сардори Шуъбаи кадрҳо ва кор бо ҳайати шахсӣ подполковники милитсия Шоназризода Раҳмон ва нозири калони Шӯрои ҷумҳуриявии «Динамо»-и ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон дар РВКД ВМКБ Холимбек Ҳокимбеков баргузор гардид.

Сардори РВКД дар ВМКБ генерал-майори милитсия Искандарзода Абдулваҳоб Мансур ҳамаи варзишгарони Донишгоҳи давлатии шаҳри Хоруғро барои нишон додани маҳорати баланди варзишӣ, аз номи Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон генерал-полковники милитсия Раҳимзода Рамазон Ҳамро табрик намуда, барои ишғол намудани ҷойҳои намоён дастаҳои бозингаронро бо медалҳо, Сипоснома, Ифтихорнома ва тӯҳфаҳои арзишнок сарфароз гардонид.
Ҷойи сеюмро дар бозии «Волейбол» дастаи факултаи биология гирифта, ҷойи дуюм насиби дастаи факултаи математика ва ҷойи якум насиби дастаи факултаи омӯзгории Донишгоҳи давлатии шаҳри Хоруғ ва соҳиби ҷоизаи Ҷоми Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон гардид.

Ҳамлагари беҳтарин Салим Назаралиев донишҷӯи курси сеюми факултаи омӯзгорӣ, бозингари беҳтарин Мамадғамин Нағзибеков донишҷӯи курси чоруми факултаи математика ва ба муҳофизатгари беҳтарин Бахтиёр Воҳидов донишҷӯи курси дуюми факултаи омӯзгорӣ бо Ифтихорномаи Вазири корҳои дохилӣ ва тӯҳфаҳои арзишнок қадрдонӣ карда шуданд.
Ба Ректори Донишгоҳи давлатии шаҳри Хоруғ Шермамад Ҷонмамадов, муовини ректори Донишгоҳ оид ба тарбияи ҷисмонии донишгоҳи мазкур Саидворис Асаншоев ва доварони мусобиқа Авзалшо Муборакшоев, Мамадкофӣ Аноятшоев барои ҳамкорӣ бо мақомоти корҳои дохилӣ ва нишон додани маҳорати баланди касбӣ аз номи Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон генерал-полковники милитсия Раҳимзода Рамазон Ҳамро бо мукофотҳо ва тӯҳфаҳои арзишнок аз тарафи сардори РВКД дар ВМКБ қадрдонӣ карда шуданд.
Далер Чоршанбиев


Шарҳи Шумо

Security code
Азнавсози



Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон!Ҳамватанони азиз! Ҷумҳурии Тоҷикистон, бо вуҷуди тағйирёбии вазъи сиёсиву иқтисодӣ ва амниятии ҷаҳон, дар роҳи пешрафти бемайлони иқтисодӣ, расидан ба ҳадафҳои стратегӣ ва ба ин васила таъмин намудани зиндагии шоистаи аҳолӣ бо қадамҳои устувор пеш меравад. Аммо вақтҳои охир дар ҷаҳон раванди бартариҷӯӣ, мусаллаҳшавии бошитоб, пайдоиши нишонаҳои марҳалаи нави “ҷанги сард” боиси нигаронӣ гардидааст. Соли ҷорӣ дар гӯшаҳои гуногуни олам нооромиву низоъҳо идома ёфта, барои ҷомеаи ҷаҳонӣ ҳамчун айёми душвору пуртазод эътироф гардид. Дар ин давра зиёда аз сад давлати дунё мавриди ҳамлаҳои ғайриинсонии террористон ва ифротгароён қарор гирифт. Воқеият чунин аст, ки ҷуғрофияи нооромиҳо торафт доман паҳн намуда, таҳдиду хатарҳои глобалӣ имрӯз ба асосҳои бунёдии тартибу низоми ҷаҳонӣ ва усулҳои муносиботи байналмилалӣ таъсиргузор мебошанд. Идомаи минбаъдаи ин ҳолат ....>>>

Qonun

© 2018 Сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Истифодаи маълумотҳои сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо нишон додани суроғаи сомона http://vkd.tj иҷозат дода мешавад
Яндекс.Метрика