Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Баргузории гӯштини дзюдо

Рӯзҳои 9-10-уми октябри соли равон, дар толори Маҷмааи варзишии «Динамо»-и ВКД миёни кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, сохторҳои қудратӣ ва дигар ташкилоту идораҳои давлатии мамлакат бахшида ба «Соли ҷавонон», мусобиқаи варзишии гуштини дзюдо доир гардид, ки дар он 19 даста ва зиёда аз 144 варзишгар дар вазнҳои 60, 66, 73, 81, 90, 100 ва аз 100 кг боло қувваозмоӣ намуданд.

Ҳамин тариқ, ғолибони мусобиқа дар вазни 60 килограмм муайян гардида, дар зинаи аввал, Сафарбеки Ҳукумалӣ аз Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор гирифт.
Дар зинаи дуюм Бахтиёр Олимов аз Раёсати Қӯшунҳои дохилӣ, ду ҷойи сеюм ба Сомон Аламов аз Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия ва Ҳусейн Алиев аз Гвардияи миллӣ насиб гардид.
Дар вазни 66 кг ҷойи аввал ба Муҳибулло Муҳибуллоев, ҷойи дуюм ба Аслиддин Маҷидов, ҳарду аз ВКД ва ду ҷойи сеюм ба Қиёмиддин Имомов намояндаи Вазорати мудофиа ва Манучеҳр Аюбзода, аз АНДМ ва МК муносиб дониста шуд.
Дар вазни 73 кг дар ҷойи аввал Сайҳомиди Сайвалӣ, дар ҷойи дуюм Ҳаким Абдулхайров, ҳарду аз Раёсати қушунҳои дохилии ВКД ва ду зинаи сеюми мусобиқаро Ҷамолиддини Ҳофиз, аз дастаи Гвардияи миллӣ ва Мақсуд Раҳмонов, аз дастаи Кумитаи давлатии амнияти миллӣ соҳиб шуданд.

Дар вазни 81 кг дар ҷойи аввал Ҷамшед Қурбонов аз Раёсати қушунҳои дохилӣ, ҷойи дуюм ба Маъруф Назаров, аз Академияи ВКД ва ҷойҳои сеюмро Ҷонибек Маҳмудзода аз Прократураи генералӣ ва Башир Сафаров аз Академияи ВКД соҳиб гардиданд.
Дар вазни 90 кг бошад, ҷойи аввал ба Исфандиёри Хайриддин, аз дастаи Академия, ҷойи дуюм ба Ғолиб Ҷабборзода аз дастаи АНДМ ва МК ва зинаҳои сеюм ба Бахтиёр Имомназаров намояндаи КДАМ ва Зиннатшоҳ Ахмедов аз Вазорати мудофиа сазовор гардиданд.

Дар вазни 100 кг Файзалӣ Ганҷалов аз Вазорати мудофиа ва ҷойи дуюм ба Сайвалӣ Хушвақтзода аз АНДМ ва МК ва дар ҷойҳои сеюм Муҳаммад Достов ва Шавкат Мақсудов, намояндагони дастаи КДАМ қарор гирифтанд.
Дар вазни ниҳоии мусобиқа, ки беш аз 100 килограммро дар бар мегирифт, ҷойи аввал насиби Самеъ Авғонов ва ҷойи дуюм ба Шоҳрух Амирхонов, ҳарду аз дастаи ВКД ва зинаҳои сеюмро Камолиддин Давруков аз Раёсати молиявӣ ва иқтисодии ВКД ва Холмумин Шарипов аз КДАМ ба даст оварданд.

Миёни дастаҳо бошад, ҷойи аввали мусобиқа насиби дастаи ВКД, ҷойи дуюм дастаи Вазорати мудофиа ва зинаи сеюмро дастаи Агентии маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон соҳиб гардиданд.
Т. ЛАТИПОВ


Шарҳи Шумо

Security code
Азнавсози



Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон!Ҳамватанони азиз! Ҷумҳурии Тоҷикистон, бо вуҷуди тағйирёбии вазъи сиёсиву иқтисодӣ ва амниятии ҷаҳон, дар роҳи пешрафти бемайлони иқтисодӣ, расидан ба ҳадафҳои стратегӣ ва ба ин васила таъмин намудани зиндагии шоистаи аҳолӣ бо қадамҳои устувор пеш меравад. Аммо вақтҳои охир дар ҷаҳон раванди бартариҷӯӣ, мусаллаҳшавии бошитоб, пайдоиши нишонаҳои марҳалаи нави “ҷанги сард” боиси нигаронӣ гардидааст. Соли ҷорӣ дар гӯшаҳои гуногуни олам нооромиву низоъҳо идома ёфта, барои ҷомеаи ҷаҳонӣ ҳамчун айёми душвору пуртазод эътироф гардид. Дар ин давра зиёда аз сад давлати дунё мавриди ҳамлаҳои ғайриинсонии террористон ва ифротгароён қарор гирифт. Воқеият чунин аст, ки ҷуғрофияи нооромиҳо торафт доман паҳн намуда, таҳдиду хатарҳои глобалӣ имрӯз ба асосҳои бунёдии тартибу низоми ҷаҳонӣ ва усулҳои муносиботи байналмилалӣ таъсиргузор мебошанд. Идомаи минбаъдаи ин ҳолат ....>>>

Qonun

© 2018 Сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Истифодаи маълумотҳои сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо нишон додани суроғаи сомона http://vkd.tj иҷозат дода мешавад
Яндекс.Метрика