Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Ҷамъбасти бозиҳои варзишӣ дар ВМКБ

Ҳамасола дар кишвар бо ибтикори Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон генерал-полковники милитсия Раҳимзода Рамазон Ҳамро мусобиқаҳои варзишӣ барои дарёфти ҷоизаи Ҷоми Вазири корҳои дохилӣ, ташкил ва гузаронида мешаванд. Маросими ифтитоҳи бозиҳои варзиширо муовини якуми Вазири корҳои дохилӣ генерал-майори милитсия Аламшозода Абдураҳмон Аламшо дар шаҳри Хоруғи ВМКБ оғоз бахшида, тайи чанд рӯз бозиҳои варзишӣ аз намуди «футбол» дар байни кормандони сохторҳои ҳифзи ҳуқуқ ва ниҳодҳои қудратӣ, дар байни занони ҳифзи ҳуқуқ бошад аз намуди «шашка», гузаронида шуд. Бозии варзишӣ аз намуди «Волейбол» ро дар қасри Варзиши шаҳри Хоруғ муовини якуми Вазири корҳои дохилӣ дар байни ҳашт факултаи Донишгоҳи Давлатии шаҳри Хоруғ,байни донишҷӯён ташкил намуд, ки рӯзҳои охирони ин бозӣ дар назар буда, баъди тамом шудани бозӣ ғолибони он муайян карда мешаванд.
Имрӯз санаи 07. 10 соли 2017 дар РВКД ВМКБ маросими ҷамъбаст ва тӯҳфасупорӣ барои нишон додани маҳорати баланди варзишӣ аз намуди «футбол» бахшида ба соли ҷавонон эълон гардидани соли 2017 ва дарёфти Ҷоми Вазири корҳои дохилӣ бо иштироки муовини якуми Вазири корҳои дохилӣ генерал-майори милитсия Аламшозода Абдураҳмон Аламшо ташкил гардид, ки дар он Сардори РВКД дар ВМКБ генерал майори милитсия Искандарзода Абдулваҳоб Мансур, Сардори КДАМ дар ВМКБ полковник Меликов М.И, Раёсати агентии назорати давлатии молия ва мубориза бо коррупси Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ВМКБ Навруззода А.И, Сардори ШВКД дар шаҳри Хоруғ Азизуллозода З иштирок варзидаанд.

Муовини якуми Вазири корҳои дохилӣ генерал-майори милитсия Аламшозода Абдураҳмон Аламшо ҳамаи варзишгаронро барои нишон додани маҳорати баланди варзишӣ, аз номи Вазири корҳои дохилӣ генерал полковники милитсия Раҳимзода Рамазон Ҳамро табрик намуда, барои ишғол намудани ҷойҳои намоён дастаҳои бозингаронро бо медалҳо, Сипоснома ,Ифтихорномаҳо ва тӯҳфаҳои арзишнок аз номи Вазири корҳои дохилӣ  сарфароз гардонид.

Ҷойи якум ва ғолиби мусобиқаи варзишӣ ро дар бозии футбол дастаи Ситод оид ба ҳолатҳои фавқуллода ва мудофиаи гражданӣ гирифта, сазовори ҷоизаи Ҷоми Вазири корҳои дохилӣ гардидаанд , ҷойи дуюм насиби дастаи Шъубаи Вазорати корҳои дохилӣ дар шаҳри Хоруғ ва ҷойи сеюм ба дастаи КДАМ Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ВМКБ соҳиб гардиданд. Дарвозабони беҳтарин, прапоршики ситод оид ба ҳолатҳои фавқуллода ва мудофиаи гражданӣ дар вилоят Сафо Саидмансуров эълон карда шуда бо Ифтихорномаи Вазири корҳои дохилӣ қадридонӣ карда шуд.
Дар чорабинии варзишӣ инчунин ба дарвозабони беҳтарин, ҳамлагари беҳтарин, муҳофизатгари беҳтарин, ва доварони ин мусобиқа бо сипоснома ва тӯҳфаҳо қадридонӣ гардонида шудаанд.

Ба роҳбарон ва сардорони ҳифзи ҳуқуқ ва сохторҳои низомии вилоят низ барои ташаббус, саҳмгузорӣ ва иштирок дар бозиҳои варзишӣ аз номи Вазири корҳои дохилӣ генерал- полковники милитсия Раҳимзода Рамазон Ҳамро, аз ҷониби Муовини якуми Вазири корҳои дохилӣ генерал-майори милитсия Аламшозода Абдураҳмон Аламшо, тӯҳфаҳои хотиравию арзишнок тақдим карда шуд.
Дар фарҷоми чорабинии варзишӣ муовини якуми Вазири корҳои дохилӣ бори дигар варзишгаронро табрик намуда, барои минбаъдҳам баҳри баланд бардоштани обруйу нуфузи мақомтҳои ҳифзи ҳуқуқ тавсеаҳо муфид дода қайд намуд, ки варзиш воситаи мутаҳидкунандаи миллат ва омили тақвиятдиҳандаи Ваҳдату якдили дар ҷомеа аст.

капитани милитсия Далер Чоршанбиев.


Шарҳи Шумо

Security code
Азнавсози



Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон!Ҳамватанони азиз! Паёми имсолаи Президент дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии мамлакат баъди ҷашни чорякасраи истиқлолияти давлатии Тоҷикистон, яъне дар даврае пешниҳод мегардад, ки кишвари азизи мо ба марҳалаи нави рушд ворид гардида, мардуми шарифи Тоҷикистон ба сӯи ояндаи ободу осуда бо қадамҳои устувор пеш меравад.Дар зарфи бисту панҷ сол мо ба шарофати заҳмати софдилонаи халқамон дар роҳи таъмин намудани рушди сиёсиву иқтисодӣ ва иҷтимоиву фарҳангии кишвар ба натиҷаҳои назаррас ноил гардидем.Мо ҳамаи ин корҳоро ба хотири таҳкими пояҳои истиқлолияти давлатиамон анҷом додем.Зеро озодиву истиқлолият бароямон дастоварди бузургтарин ва ғояи муқаддаси миллӣ буда, мо бо вуҷуди мушкилоти ҷойдошта барои ҳимоя ва пойдору устувор мондани он минбаъд низ тамоми саъю талоши худро равона ....>>>

Барномаи ислоҳоти милитсия


Барномаи ислоҳоти (рушди) милитсия барои солҳои 2014-2020 (минбаъд - Барнома) ҳуҷҷати асосии барномавии миёнамўҳлат буда, мақсадҳои стратегӣ, вазифа ва самтҳои асосии ислоҳоти (рушди) милитсияро муайян менамояд. Барнома дар асоси моддаи 7 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон   Муфассал >>>

Низомномаи Шӯрои ҷамъиятӣ

Шӯрои ҷамъиятӣ оид ба мусоидати ҷомеаи шаҳрвандӣ ба ислоҳоти милитсия дар назди Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (минбаъд – Шӯрои ҷамъиятӣ) мақомоти ҷамъиятии машваратӣ - мушоҳидавӣ буда, бо мақсади ташкил ва таъмин
  Муфассал >>>

Стратегия


Стратегияи ислоҳоти милитсия барои солҳои 2013 - 2020 (минбаъд - Стратегия) ба меъёрҳои Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон асос ёфта, ҳадафҳо, афзалият ва тадбирҳоро оид ба ислоҳот ва рушди милитсия муайян намуда, амалҳоеро, ки Ҳукумати Муфассал >>>

Кодекси одоби касбии корманди милитсия


Кодекси одоби касбии корманди милитсия ин маҷмӯи қоидаҳои рафтори корманди милитсия мебошад, ки бо мақсади муқаррар намудани қоидаҳои рафтори хизматӣ ва ғайрихизматии корманди милитсия (минбаъд корманд), мусоидат намудан, ҷиҳати баланд  Муфассал >>>

Кодекси одоби касбии корманди милитсия ин маҷмӯи қоидаҳои рафтори корманди милитсия мебошад, ки бо мақсади муқаррар намудани қоидаҳои рафтори хизматӣ ва ғайрихизматии корманди милитсия (минбаъд корманд), мусоидат намудан, ҷиҳати баланд бардоштани обрӯ ва эътибори корманд, боварии шаҳрвандон ба мақомоти корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва таъмини меъёрҳои ягонаи рафтори корманд қабул карда шудааст

Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи политсия»

Лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи политсия» аз ҷониби Гурӯҳи кории дохилиидоравӣ бо ҷалби коршиносони дохиливу хориҷӣ, ҷомеаи шаҳрвандӣ, ҳизбҳои сиёсӣ, олимони соҳаи ҳуқуқ ва кормандони амалии  Муфассал >>>

Кофтуков


© 2017 Сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Истифодаи маълумотҳои сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо нишон додани суроғаи сомона http://vkd.tj иҷозат дода мешавад