Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Ғолибони мусобиқаи шашка ва шоҳмот муайян гардид

Санаи 6-уми октябр дар толори Раёсати Бозрасии давлатии автомобилии ВКД мусобиқаи кушоди даставӣ аз намуди шашка ва шоҳмот миёни кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, сохторҳои қудратӣ ва дигар ташкилоту идораҳои давлатӣ, бахшида ба «Соли ҷавонон», таҳти шиори «Ҷавонон - ояндаи давлату миллат» баргузор гардид.
Мусобиқаи мазкур байни мардон ва занон сурат гирифта, дар он 15 даста бо шумури зиёда аз 100 варзишгар иштирок намуданд.
Дар мусобиқаи шашка байни мардон Тоҷиддин Сафарализода сазовори ҷойи аввал гардида, мақоми дуюмро Б. Қурбонов ва ҷойи сеюмро Ҳ. Бободдинов соҳиб гардид.
Дар байни занҳо бошад, Саодат Баҳромова аз ШВКД дар ноҳияи Варзоб сазовори мақоми аввал, Парвинаи Саидмурод донишҷӯи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон ҷойи дуюмро соҳиб гардид. Фирӯза Қаландарова бошад, аз Кумитаи давлатии амнияти миллӣ ҷойи сеюмро ишғол кард.

Дар мусобиқаи шоҳмот байни мардон Т. Хишрадбеков аз Вазорати мудофиа ҷойи аввал ва Ш. Ҳайдарзода аз ВКД мақоми дуюмро соҳиб гардиданд. Зинаи сеюмро М. Мирзоев аз КДАМ сазовор шуд.
Байни занҳо дар намуди шоҳмот Сайҳуна Саидова, донишҷӯи ДМТ сазовори ҷойи аввал, М. Холиқова, ҷойи дуюм ва Анжела Авғонова аз КДАМ ҷойи семро соҳиб шуданд.
Дар ин мусобиқаи доиргардида аз намуди шашкаю шоҳмот миёни мардону занон дастаи ВКД дар ҷойи аввал, дастаи КДАМ дар ҷойи дуюм ва дастаи ДМТ зинаи сеюмро соҳиб гардид.

Бояд зикр кард, ки ғолиби ифтихории мусобиқаи шашка миёни занон Саодат Баҳромова, прапоршики калони милитсия аз ШВКД дар ноҳияи Варзоб гардид. Номбурда чандин карат дар мусобиқаҳои варзишӣ дар байни сохторҳои қудратӣ ва дигар ташкилоту идораҳои давлатӣ, барои дарёфти «Ҷоми Вазири корҳои дохилӣ» ва мусобиқаҳои ноҳиявӣ миёни рақибони худ сазовори ҷойҳои намоён гардидааст. Тавре зимни суҳбат бо мо худи ӯ иброз дошт, тӯли чанд сол мешавад, ки дар мусобиқаҳои шашкабозӣ ва давидан дар масофаҳои гуногун миёни занон иштирок намуда, дар сафи пеши мусобиқа қарор дорам ва чандин маротиба бо туҳфаҳои пулию модӣ аз ҷониби роҳбарияти ВКД сарфароз гардидаам. Имрӯз низ хушҳол аз он ҳастам, ки дар ин мусобиқа миёни бонувон ҷойи аввалро соҳиб гардидам. Дар оянда нақша дорам, ки ҳамеша дар сафи пеши мусобиқа қарор гирифта, номбардори дастаи ВКД бошам, - афзуд Саодат Баҳромова.
Дар хотима ба ғолибон медалу Ифтихорнома ва Ҷом супорида шуд.
Т. ЛАТИПОВ


Шарҳи Шумо

Security code
Азнавсози



Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон!Ҳамватанони азиз! Паёми имсолаи Президент дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии мамлакат баъди ҷашни чорякасраи истиқлолияти давлатии Тоҷикистон, яъне дар даврае пешниҳод мегардад, ки кишвари азизи мо ба марҳалаи нави рушд ворид гардида, мардуми шарифи Тоҷикистон ба сӯи ояндаи ободу осуда бо қадамҳои устувор пеш меравад.Дар зарфи бисту панҷ сол мо ба шарофати заҳмати софдилонаи халқамон дар роҳи таъмин намудани рушди сиёсиву иқтисодӣ ва иҷтимоиву фарҳангии кишвар ба натиҷаҳои назаррас ноил гардидем.Мо ҳамаи ин корҳоро ба хотири таҳкими пояҳои истиқлолияти давлатиамон анҷом додем.Зеро озодиву истиқлолият бароямон дастоварди бузургтарин ва ғояи муқаддаси миллӣ буда, мо бо вуҷуди мушкилоти ҷойдошта барои ҳимоя ва пойдору устувор мондани он минбаъд низ тамоми саъю талоши худро равона ....>>>

Барномаи ислоҳоти милитсия


Барномаи ислоҳоти (рушди) милитсия барои солҳои 2014-2020 (минбаъд - Барнома) ҳуҷҷати асосии барномавии миёнамўҳлат буда, мақсадҳои стратегӣ, вазифа ва самтҳои асосии ислоҳоти (рушди) милитсияро муайян менамояд. Барнома дар асоси моддаи 7 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон   Муфассал >>>

Низомномаи Шӯрои ҷамъиятӣ

Шӯрои ҷамъиятӣ оид ба мусоидати ҷомеаи шаҳрвандӣ ба ислоҳоти милитсия дар назди Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (минбаъд – Шӯрои ҷамъиятӣ) мақомоти ҷамъиятии машваратӣ - мушоҳидавӣ буда, бо мақсади ташкил ва таъмин
  Муфассал >>>

Стратегия


Стратегияи ислоҳоти милитсия барои солҳои 2013 - 2020 (минбаъд - Стратегия) ба меъёрҳои Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон асос ёфта, ҳадафҳо, афзалият ва тадбирҳоро оид ба ислоҳот ва рушди милитсия муайян намуда, амалҳоеро, ки Ҳукумати Муфассал >>>

Кодекси одоби касбии корманди милитсия


Кодекси одоби касбии корманди милитсия ин маҷмӯи қоидаҳои рафтори корманди милитсия мебошад, ки бо мақсади муқаррар намудани қоидаҳои рафтори хизматӣ ва ғайрихизматии корманди милитсия (минбаъд корманд), мусоидат намудан, ҷиҳати баланд  Муфассал >>>

Кодекси одоби касбии корманди милитсия ин маҷмӯи қоидаҳои рафтори корманди милитсия мебошад, ки бо мақсади муқаррар намудани қоидаҳои рафтори хизматӣ ва ғайрихизматии корманди милитсия (минбаъд корманд), мусоидат намудан, ҷиҳати баланд бардоштани обрӯ ва эътибори корманд, боварии шаҳрвандон ба мақомоти корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва таъмини меъёрҳои ягонаи рафтори корманд қабул карда шудааст

Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи политсия»

Лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи политсия» аз ҷониби Гурӯҳи кории дохилиидоравӣ бо ҷалби коршиносони дохиливу хориҷӣ, ҷомеаи шаҳрвандӣ, ҳизбҳои сиёсӣ, олимони соҳаи ҳуқуқ ва кормандони амалии  Муфассал >>>

Кофтуков


© 2017 Сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Истифодаи маълумотҳои сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо нишон додани суроғаи сомона http://vkd.tj иҷозат дода мешавад