Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Мусобиқаи футболи хурд барои дарёфти «Ҷоми шаҳрдорӣ»

Аз санаи 7-уми август то 8-уми сентябр бахшида ба Рӯзи Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар варзишгоҳи марказии шаҳри Душанбе байни кормандони мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти шаҳри Душанбе ва ноҳияҳои он, ташкилоту муассисаҳои шаҳрӣ, вазорату идораҳо ва корхонаҳо барои дарёфти «Ҷоми шаҳрдорӣ» мусобиқаи футболи хурд идома дорад. 

Санаи 9-уми август дар даври аввали ин мусобиқа дастаи «Динамо»-и Вазорати корҳои дохилӣ бо дастаи ҳокимияти иҷроияи маҳаллии ноҳияи Шоҳмансур байни ҳам бозӣ намуданд.
Дар натиҷа бозӣ 8:2 ба фоидаи бозингарони дастаи «Динамо» анҷом ёфт.
Бояд ёдовар шуд, ки дар ин мусобиқаи варзишӣ 4 гурӯҳ дар ҳайати 40 даста бо ҳам сабқат менамоянд.
Т. ЛАТИПОВ 


Шарҳи Шумо

Security code
Азнавсози



Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон!Ҳамватанони азиз! Ҷумҳурии Тоҷикистон, бо вуҷуди тағйирёбии вазъи сиёсиву иқтисодӣ ва амниятии ҷаҳон, дар роҳи пешрафти бемайлони иқтисодӣ, расидан ба ҳадафҳои стратегӣ ва ба ин васила таъмин намудани зиндагии шоистаи аҳолӣ бо қадамҳои устувор пеш меравад. Аммо вақтҳои охир дар ҷаҳон раванди бартариҷӯӣ, мусаллаҳшавии бошитоб, пайдоиши нишонаҳои марҳалаи нави “ҷанги сард” боиси нигаронӣ гардидааст. Соли ҷорӣ дар гӯшаҳои гуногуни олам нооромиву низоъҳо идома ёфта, барои ҷомеаи ҷаҳонӣ ҳамчун айёми душвору пуртазод эътироф гардид. Дар ин давра зиёда аз сад давлати дунё мавриди ҳамлаҳои ғайриинсонии террористон ва ифротгароён қарор гирифт. Воқеият чунин аст, ки ҷуғрофияи нооромиҳо торафт доман паҳн намуда, таҳдиду хатарҳои глобалӣ имрӯз ба асосҳои бунёдии тартибу низоми ҷаҳонӣ ва усулҳои муносиботи байналмилалӣ таъсиргузор мебошанд. Идомаи минбаъдаи ин ҳолат ....>>>

Qonun

© 2018 Сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Истифодаи маълумотҳои сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо нишон додани суроғаи сомона http://vkd.tj иҷозат дода мешавад
Яндекс.Метрика