Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Пирӯзии динамочиён дар мусобиқа оид ба Таэквандо WTF

Тавре иттилоъ дода будем, санаи 29 июли соли равон дар толори варзишгоҳи Шӯрои ҷумҳуриявии "Динамо"-и Вазорати корҳои дохилӣ бахшида ба "Соли ҷавонон" мусобиқаи шаҳрӣ оид ба Таэквандо WTF дар байни ҷавонон доир гардид.
Дар мусобиқаи мазкур 4 даста аз се ноҳияи шаҳри Душанбе ва дастаи «Динамо»-и ВКД, бо иштироки 60 нафар варзишгар дар вазнҳои 45 то 63 кг иштирок намуданд.
Таэквандочиён дар мусобиқа бо ҳамдигар қувваозмоӣ намуда, ба натиҷаҳои назаррас ноил гардиданд. Аз ҷумла, аз дастаи яккачини Шӯрои ҷумҳуриявии «Динамо»-и ВКД дар ин мусобиқа 9 нафар варзишгар иштирок намуда, ҷойҳои намоёнро ишғол карданд: Насруллозода Дилноза дар вазни 42 кг, Асоев Ҷомӣ дар вазни 48 кг, Алишери Эраҷ дар вазни 55 кг ва Ҳайдарзода Раҳим дар вазни 63 кг дар зинаи аввал қарор гирифтанд. Насруллозода Мадина дар вазни 55 кг ба гирифтани ҷойи дуюм ноил гардида, Мамадқулов Қодир дар вазни 51 кг ва Хуморов Куруш дар вазни 45 кг соҳиби ҷойи сеюм шуданд.
Боиси зикр аст, ки мусобиқаи шаҳрӣ оид ба Таэквандо WTF бо ташаббус ва дастгирии Раёсати кор бо ҷавонон ва варзиши шаҳри Душанбе, Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон, Шўрои ҷумҳуриявии "Динамо"-и Вазорати корҳои дохилӣ ва Федератсияи Таэквандо (WTF) баргузор карда шуд.
Дар охир ба ғолибон медал ва Ифтихорномаҳо тақдим гардид.
С. ШОИКОВА


Шарҳи Шумо

Security code
Азнавсози



Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон!Ҳамватанони азиз! Ҷумҳурии Тоҷикистон, бо вуҷуди тағйирёбии вазъи сиёсиву иқтисодӣ ва амниятии ҷаҳон, дар роҳи пешрафти бемайлони иқтисодӣ, расидан ба ҳадафҳои стратегӣ ва ба ин васила таъмин намудани зиндагии шоистаи аҳолӣ бо қадамҳои устувор пеш меравад. Аммо вақтҳои охир дар ҷаҳон раванди бартариҷӯӣ, мусаллаҳшавии бошитоб, пайдоиши нишонаҳои марҳалаи нави “ҷанги сард” боиси нигаронӣ гардидааст. Соли ҷорӣ дар гӯшаҳои гуногуни олам нооромиву низоъҳо идома ёфта, барои ҷомеаи ҷаҳонӣ ҳамчун айёми душвору пуртазод эътироф гардид. Дар ин давра зиёда аз сад давлати дунё мавриди ҳамлаҳои ғайриинсонии террористон ва ифротгароён қарор гирифт. Воқеият чунин аст, ки ҷуғрофияи нооромиҳо торафт доман паҳн намуда, таҳдиду хатарҳои глобалӣ имрӯз ба асосҳои бунёдии тартибу низоми ҷаҳонӣ ва усулҳои муносиботи байналмилалӣ таъсиргузор мебошанд. Идомаи минбаъдаи ин ҳолат ....>>>

Qonun

© 2018 Сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Истифодаи маълумотҳои сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо нишон додани суроғаи сомона http://vkd.tj иҷозат дода мешавад
Яндекс.Метрика