Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон


Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон - Раҳимзода Рамазон Ҳамро

Раҳимзода Рамазон Ҳамро - генерал-полковники милитсия. 25-уми апрели соли 1960 ба дунё омадааст. Миллаташ тоҷик. Соли 1982 факултаи муҳандисии Донишгоҳи кишоварзӣ, соли 1995 Мактаби олии милитсияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон ва соли 2002 Академияи ВКД Федератсияи Россияро хатм кардааст. Номзади илмҳои ҳуқуқшиносӣ мебошад.

Фаъолияти хизматиашро дар мақомоти корҳои дохилӣ аз нозири Шӯъбаи мубориза бар зидди ҷиноятҳои иқтисодии ШКД ноҳияи Муъминобод оғоз намуда, баъдан дар вазифаҳои сардори Шӯъбаи мубориза бар зидди ҷиноятҳои иқтисодии (ШМЗҶИ)-и ШКД ноҳияи Данғара, муовини сардори ШМЗҶИ вилояти Кӯлоб фаъолият кардааст. Солҳои 1992-1994 ба ҳайси сардори ШКД ноҳияи Данғара кор кардааст. Солҳои 1994-2001 вазифаи сардори ШКД ноҳияҳои Ховалинг, Норак ва баъдан вазифаи ҷонишини сардори Раёсати мубориза бар зидди ҷиноятҳои иқтисодии Вазорати корҳои дохилиро ба ӯҳда дошт.
Соли 2001 ба вазифаи намояндаи ваколатдори Бюрои ҳамоҳангсозии мубориза бар зидди ҷиноятҳои муташаккил ва дигар ҷиноятҳои хавфнок дар ҳудуди ИДМ (БКБОП) ва баъдан ба ҳайси муовини аввали Бюрои мазкур фаъолият намудааст.
Соли 2005 муовини Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва соли 2007 ба вазифаи сардори Хадамоти муҳоҷирати ВКД-и Ҷумҳурии Тоҷикистон таъин гардида, фаъолият намудааст.
Моҳи апрели соли 2008 Раҳимзода Рамазон Ҳамро мудири Шӯъбаи мудофиа ва тартиботи ҳуқуқии Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон таъин мегардад.
Баъди як соли фаъолият дар Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 7 феврали соли 2009 ба вазифаи муовини аввали Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон таъин карда мешавад.
Барои хизматҳои арзандааш дар назди халқу Ватан Раҳимзода Рамазон Ҳамро бо унвон ва мукофотҳои давлатии зерин сарфароз гардидааст:
- Ифтихорномаи фахрии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон соли 2001;
- номзади устоди варзиш оид ба шоҳмот, соли 2001;
- ордени «Спитамен», дараҷаи 1, соли 2004;
- Ҳуқуқшиноси шоистаи Ҷумҳурии Тоҷикистон, соли 1998;
- корманди шоистаи тарбияи ҷисмонӣ ва варзиши Ҷумҳурии Тоҷикистон, соли 2010;
- «Аълочии ифтихории маорифи Тоҷикистон», соли 2013;
- ордени «Зарринтоҷ», дараҷаи 2, соли 2013;
- аъзо-корреспонденти Академияи илмҳои умумиҷаҳонии амнияти дастаҷамъӣ. (член - корреспондент Всемирная Академия Наук Комплексной Безопасности), соли 2012;

- барандаи ҷоизаи Муҳаммад Осимӣ дар соҳаи илмҳои ҷомеашиносӣ, соли 2016.
23-юми декабри соли 2016, бо Қарори комиссияи тахассусии Академияи мақомоти ҳифзи ҳуқуқ дар назди Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Қазоқистон, Вазири корҳои дохилӣ генерал-полковники милитсия Раҳимзода Рамазон Ҳамро ғолиби Озмуни байналмилалии «Нашри беҳтарин барои муассисаҳои олии таълимӣ дар соҳаи фаъолияти мақомоти ҳифзи ҳуқуқ», таҳти унвони «Нашри беҳтарин оид ба проблемаҳои протсессуалии ҷиноятӣ, криминалистика ва назарияи фаъолияти оперативӣ-ҷӯстуҷӯӣ» гардид.
Раҳимзода Рамазон Ҳамро ташаббускори ҷорӣ намудани фанни фаъолияти оперативӣ-ҷустуҷӯӣ ҳамчун соҳаи алоҳидаи илми ҳуқуқ ва муаллифи китоби дарсии «Фаъолияти оперативӣ-ҷустуҷӯӣ», барномаи дарсии он ва тестҳо аз ин фан мебошад.

Муаллифи беш аз 100 асари илмӣ, китоби дарсӣ, рисолаҳо, монография, дастури таълимӣ, тафсир ба қонунҳо, мубориза ба муқобили ҷинояткорӣ, терроризм, экстремизм ва ҷиноятҳои иқтисодӣ мебошад.
Бо фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 5 январи соли 2012, Раҳимзода Рамазон Ҳамро Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон таъин карда мешавад.
20 ноябри соли 2013 бо Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Раҳимзода Рамазон Ҳамро аз нав ба вазифаи Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон таъин гардида, то инҷониб адои вазифа намуда истодааст.


Шарҳи Шумо

Security code
Азнавсози



Рӯйдодҳо

  • Изҳори нигаронӣ аз ҷинояткории донишҷӯён

    Рӯзи 14-уми декабри соли 2018 дар Донишгоҳи славянии Россия ва ....

    15.12.2018 09:36
  • Конференсияи илмӣ-амалӣ дар РВКД вилояти Хатлон

    Рӯзи 14-уми декабри 2018 дар толори Раёсати Вазорати корҳои дохилии ....

    15.12.2018 08:52
  • Бо роҳи фиреб гирифтани автомашинаи тамғаи “БМВ-730”

    Ба ШВКД-1 дар ноҳияи Сино бо ариза марди 32-солаи сокини ....

    15.12.2018 08:42
  • Дарёфт ва мусодираи зиёда аз 4 ҳазор маводи тарфгарӣ

    Ҳангоми гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия дар ҳудуди ....

    15.12.2018 08:40
  • Ҳалокати пиёдагарди хурдсол дар садамаи нақлиётӣ

    Рӯзи 13-уми декабри соли 2018, тахминан соати 17:30-дақиқа, ронандаи автомашинаи ....

    15.12.2018 08:37
  • Раддия ба маълумоти нодуруст

    Вобаста ба хабари дар сомонаи «Радиои Озодӣ " таҳти унвони ....

    14.12.2018 17:28
  • Қасдан расонидани зарари вазнин ба марг анҷомид

    Ҳангоми гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ кормандони милитсия марди 32-солаи сокини шаҳри ....

    14.12.2018 08:46
  • Садамаҳои нохуши нақлиётӣ дар ноҳияҳои Лахш ва Б.Ғафуров

    Рӯзи 13-уми декабри соли 2018, тахминан соатҳои 15:30-дақиқа, ронандаи автомашинаи ....

    14.12.2018 08:44
  • Дуздии телефони мобилӣ аз рӯи мизи тарабхона

    Ба ШВКД дар ноҳияи И.Сомонӣ марди 22-солаи сокини кӯчаи Саҳбои ....

    13.12.2018 08:54
  • Бо роҳи қаллобӣ фиреб додани шаҳрванд

    Ба ШВКД-2 дар ноҳияи Сино аризаи марди 39-солаи сокини шаҳри ....

    13.12.2018 08:52
  • 

    Гӯшаи эълон ва озмунҳо

  • Эълон !

    Бо мақсади пешгирӣ намудани ҳодисаҳои роҳу нақлиёт, баланд бардоштани ҳолати ....

    10.12.2018 11:19
  • Эълон!!!

    Раёсати БДА ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон ба таваҷҷӯҳи шаҳрвандон мерасонад, ки ....

    30.11.2018 15:55
  • Эълони Озмуни ҷумҳуриявии расми беҳтарини кӯдакона

    Озмуни ҷумҳуриявии расми беҳтарини кӯдакона дар мавзӯи бехатарии ҳаракат дар ....

    24.11.2018 09:40
  • Эълон!

    Шуъбаи бозрасии давлатии автомобилии РВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе ....

    25.09.2018 14:20
  • 05.09.2018 09:56
  • Диққат!

    Бо мақсади таъмини бехатарии ҳаракат дар роҳ ва пешгирии садамаҳои ....

    27.08.2018 12:57
  • Навигариҳо

    
  • Нигористон

    Табиат

    Ҷаҳони имрӯз

    Дар Дания қонун оид ба манъи дар ҷойҳои ҷамъиятӣ пӯшидани либосе, ки рӯйро мепӯшонад, аз ҷумла либоси мусулмонӣ барои занон, ба қувваи қонунӣ даромад, итттилоъ медиҳад ҳафтаномаи даниягии Jyllands-Posten. Дар зери «ҷойҳои ҷамъиятӣ» дар қонун нақлиёти ҷамъиятӣ, муассисаҳои таҳсилотӣ, идораҳои давлатӣ ва беморхонаҳо дар назар дошта шудааст. Қонунвайронкунандагонро ҷарима дар ҳаҷми як ҳазор крони даниягӣ (134 евро) ва барои «ритсидивистҳо» (якчанд бор такрор кардани ҷиноят), ки қонунро чор маротиба вайрон мекунанд, ....>>>

    

    Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон!Ҳамватанони азиз! Ҷумҳурии Тоҷикистон, бо вуҷуди тағйирёбии вазъи сиёсиву иқтисодӣ ва амниятии ҷаҳон, дар роҳи пешрафти бемайлони иқтисодӣ, расидан ба ҳадафҳои стратегӣ ва ба ин васила таъмин намудани зиндагии шоистаи аҳолӣ бо қадамҳои устувор пеш меравад. Аммо вақтҳои охир дар ҷаҳон раванди бартариҷӯӣ, мусаллаҳшавии бошитоб, пайдоиши нишонаҳои марҳалаи нави “ҷанги сард” боиси нигаронӣ гардидааст. Соли ҷорӣ дар гӯшаҳои гуногуни олам нооромиву низоъҳо идома ёфта, барои ҷомеаи ҷаҳонӣ ҳамчун айёми душвору пуртазод эътироф гардид. Дар ин давра зиёда аз сад давлати дунё мавриди ҳамлаҳои ғайриинсонии террористон ва ифротгароён қарор гирифт. Воқеият чунин аст, ки ҷуғрофияи нооромиҳо торафт доман паҳн намуда, таҳдиду хатарҳои глобалӣ имрӯз ба асосҳои бунёдии тартибу низоми ҷаҳонӣ ва усулҳои муносиботи байналмилалӣ таъсиргузор мебошанд. Идомаи минбаъдаи ин ҳолат ....>>>

    Qonun

    © 2018 Сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон.
    Истифодаи маълумотҳои сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо нишон додани суроғаи сомона http://vkd.tj иҷозат дода мешавад
    Яндекс.Метрика