Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон


Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон - Раҳимзода Рамазон Ҳамро

Раҳимзода Рамазон Ҳамро - генерал-полковники милитсия. 25-уми апрели соли 1960 ба дунё омадааст. Миллаташ тоҷик. Соли 1982 факултаи муҳандисии Донишгоҳи кишоварзӣ, соли 1995 Мактаби олии милитсияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон ва соли 2002 Академияи ВКД Федератсияи Россияро хатм кардааст. Номзади илмҳои ҳуқуқшиносӣ мебошад.

Фаъолияти хизматиашро дар мақомоти корҳои дохилӣ аз нозири Шӯъбаи мубориза бар зидди ҷиноятҳои иқтисодии ШКД ноҳияи Муъминобод оғоз намуда, баъдан дар вазифаҳои сардори Шӯъбаи мубориза бар зидди ҷиноятҳои иқтисодии (ШМЗҶИ)-и ШКД ноҳияи Данғара, муовини сардори ШМЗҶИ вилояти Кӯлоб фаъолият кардааст. Солҳои 1992-1994 ба ҳайси сардори ШКД ноҳияи Данғара кор кардааст. Солҳои 1994-2001 вазифаи сардори ШКД ноҳияҳои Ховалинг, Норак ва баъдан вазифаи ҷонишини сардори Раёсати мубориза бар зидди ҷиноятҳои иқтисодии Вазорати корҳои дохилиро ба ӯҳда дошт.

Соли 2001 ба вазифаи намояндаи ваколатдори Бюрои ҳамоҳангсозии мубориза бар зидди ҷиноятҳои муташаккил ва дигар ҷиноятҳои хавфнок дар ҳудуди ИДМ (БКБОП) ва баъдан ба ҳайси муовини аввали Бюрои мазкур фаъолият намудааст.

Соли 2005 муовини Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва соли 2007 ба вазифаи сардори Хадамоти муҳоҷирати ВКД-и Ҷумҳурии Тоҷикистон таъин гардида, фаъолият намудааст.

Моҳи апрели соли 2008 Раҳимзода Рамазон Ҳамро мудири Шӯъбаи мудофиа ва тартиботи ҳуқуқии Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон таъин мегардад.

Баъди як соли фаъолият дар Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 7 феврали соли 2009 ба вазифаи муовини аввали Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон  таъин карда мешавад.

Барои хизматҳои арзандааш дар назди халқу Ватан Раҳимзода Рамазон Ҳамро бо унвон ва мукофотҳои давлатии зерин сарфароз гардидааст:

- Ифтихорномаи фахрии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон соли 2001;

- номзади устоди варзиш оид ба шоҳмот, соли 2001;

- ордени «Спитамен», дараҷаи 1, соли 2004;

- ҳуқуқшиноси шоистаи Ҷумҳурии Тоҷикистон, соли 1998;

- корманди шоистаи тарбияи ҷисмонӣ ва варзиши Ҷумҳурии Тоҷикистон, соли 2010;

- «аълочии ифтихории маорифи Тоҷикистон», соли 2013; 

- ордени «Зарринтоҷ», дараҷаи 2, соли 2013;

- аъзо-корреспонденти Академияи илмҳои умумиҷаҳонии амнияти дастаҷамъӣ. (член - корреспондент  Всемирная Академия Наук Комплексной Безопасности), соли 2012.

Ташаббускори ҷорӣ намудани фанни фаъолияти оперативӣ-ҷустуҷӯӣ ҳамчун соҳаи алоҳидаи илми ҳуқуқ ва муаллифи китоби дарсии «Фаъолияти оперативӣ-ҷустуҷӯӣ», барномаи дарсии он ва тестҳо аз ин фан мебошад.

Муаллифи беш аз 100 асари илмӣ, китоби дарсӣ, рисолаҳо, монография, дастури таълимӣ, тафсир ба қонунҳо, мубориза ба муқобили ҷинояткорӣ, терроризм, экстремизм ва ҷиноятҳои иқтисодӣ мебошад.

Бо фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 5 январи соли 2012, Раҳимзода Рамазон Ҳамро Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон  таъин карда мешавад.

20 ноябри соли 2013 бо Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Раҳимзода Рамазон Ҳамро аз нав ба вазифаи Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон таъин гардида, то инҷониб адои вазифа намуда истодааст.




Рӯйдодҳо

  • Боздошти ду нафар ронанда барои пойгаи ғайриқонунӣ

    Ташкили пойгаи ғайриқонунӣ ва бо суръати баланду сабқати нодуруст идора ....

    18.01.2019 16:59
  • Рейди шабона дар интернет-кафеҳои шаҳри Ҳисор

    Бо мақсади таъмини иҷрои талаботи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ....

    18.01.2019 15:21
  • Омӯзиши Паёми Пешвои миллат ба Маҷлиси Олӣ бо сокинони ноҳияи ....

    Дар асоси супориши Вазири корҳои дохилӣ генерал-полковники милитсия Раҳимзода Рамазон ....

    18.01.2019 14:08
  • Ошкор шудани ҳодисаҳои ғоратгарӣ

    Ба ШВКД-1 дар ноҳияи Фирдавсӣ марди 21-солаи сокини ноҳияи мазкур ....

    18.01.2019 09:45
  • Дастгир шудани ҷавонзан барои дуздии маблағ аз дохили автомашина

    Ба мақомоти корҳои дохилӣ дар ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе бо ....

    18.01.2019 09:41
  • Боздошти ду нафар барои ташкили фоҳишахона

    Зимни доир намудани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия марди ....

    18.01.2019 09:39
  • Ҳалокати ду ҷавон бар асари чаппа шудани автомашина ба чуқурӣ

    Рӯзи 16-уми январи соли 2019, тахминан соатҳои 23:50-дақиқа, ронандаи автомашинаи ....

    18.01.2019 09:37
  • Ташкил намудани фоҳишахона дар хонаи иҷора

    Ҳангоми гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони Раёсати кофтукови ҷиноятии ....

    17.01.2019 10:33
  • Ҳушдор ба ронандагон: Тоза нигоҳ доштани воситаҳои нақлиёт масъулияти шаҳрвандист!

    Тозаву озода нигоҳ доштани муҳити атроф, махсусан роҳҳои нақлиётгарди пойтахти ....

    17.01.2019 09:26
  • Ҷаласаи Шӯрои собиқадорони ВКД дар вилояти Суғд

    Рӯзи 16-уми январи соли 2019 дар толори хурди РВКД дар ....

    17.01.2019 09:13
  • 

    Гӯшаи эълон ва озмунҳо

  • ЭЪЛОН!!!

    Раёсати БДА ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон ба диққати ронандагони воситаҳои нақлиёт ....

    19.12.2018 09:22
  • Эълон !

    Бо мақсади пешгирӣ намудани ҳодисаҳои роҳу нақлиёт, баланд бардоштани ҳолати ....

    10.12.2018 11:19
  • Эълон!!!

    Раёсати БДА ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон ба таваҷҷӯҳи шаҳрвандон мерасонад, ки ....

    30.11.2018 15:55
  • Эълони Озмуни ҷумҳуриявии расми беҳтарини кӯдакона

    Озмуни ҷумҳуриявии расми беҳтарини кӯдакона дар мавзӯи бехатарии ҳаракат дар ....

    24.11.2018 09:40
  • Эълон!

    Шуъбаи бозрасии давлатии автомобилии РВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе ....

    25.09.2018 14:20
  • 05.09.2018 09:56
  • Нигористон

    Табиат

    Ҷаҳони имрӯз

    Дар Дания қонун оид ба манъи дар ҷойҳои ҷамъиятӣ пӯшидани либосе, ки рӯйро мепӯшонад, аз ҷумла либоси мусулмонӣ барои занон, ба қувваи қонунӣ даромад, итттилоъ медиҳад ҳафтаномаи даниягии Jyllands-Posten. Дар зери «ҷойҳои ҷамъиятӣ» дар қонун нақлиёти ҷамъиятӣ, муассисаҳои таҳсилотӣ, идораҳои давлатӣ ва беморхонаҳо дар назар дошта шудааст. Қонунвайронкунандагонро ҷарима дар ҳаҷми як ҳазор крони даниягӣ (134 евро) ва барои «ритсидивистҳо» (якчанд бор такрор кардани ҷиноят), ки қонунро чор маротиба вайрон мекунанд, ....>>>

    

    Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон! Ҳамватанони азиз! Соли 2018 бо рӯйдодҳои ниҳоят муҳимму хотирмони худ барои мардуми шарифи Тоҷикистон ва давлати соҳибистиқлоли тоҷикон соли воқеан таърихӣ буд. Бисту дуюми марти соли ҷорӣ дар Рӯзи байналмилалии захираҳои об татбиқи ташаббуси чоруми ҷаҳонии мо дар соҳаи об - «Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028» бо иштироки Роҳбари давлат дар Маҷмаи умумии Созмони Милали Муттаҳид расман оғоз гардид. Дар шароити тағйирёбии иқлим, ки масъалаи ҳифзи манбаъҳо ва захираҳои оби тозаи ошомиданӣ ба яке аз мушкилоти асосии мардуми сайёра табдил ёфтааст, Тоҷикистон дар ин самт ҳамчун кишвари ташаббускор ва пешсаф дар арсаи ҷаҳонӣ эътироф гардидааст. Ба кор андохтани агрегати якуми нерӯгоҳи барқи обии “Роғун”, яъне иншооти тақдирсози аср ва ояндаи дурахшони Тоҷикистон, ки ....>>>

    Qonuno

    © 2019 Сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон.
    Истифодаи маълумотҳои сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо нишон додани суроғаи сомона http://vkd.tj иҷозат дода мешавад
    Яндекс.Метрика