Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Корнамоии милитсионери тоҷик

 

Дар солҳои пурдаҳшати Ҷанги Бузурги Ватанӣ дар баробари дигар халқу миллатҳои Иттиҳоди Шӯравӣ тоҷикон низ маҳорату малакаи баланди ҷангӣ нишон дода, сазовори раҳматномаву медалҳо гардидаанд. 22-юми июни соли 1941 Германияи фашистӣ ба собиқ ИҶШС ҳуҷум намуд ва рӯзи 23-юми июн дивизияи 6-уми савораи казакӣ, ки дар он тоҷикписар Ҷумъа Дӯстамбаев низ хизмат мекард, бо немисҳо ба ҷанг даромад. Фашистон бо боварии комил ва бо бартарияти зиёди техникӣ мехостанд, ки ҳарчи зудтар ҳудуди Шӯравиро забт намоянд.
Дар ин зудухӯрдҳои шадиди нахустин баҳри ҳимоя кардани шаҳри Смоленск Ҷ.Дӯстамбаев ҷасорати ҷангӣ нишон дода, бо аввалин мукофоти ҷангӣ - медали "Барои ҷасорат" мукофотонида шуд. Дар ин ҷангҳои мудофиавӣ Ҷ.Дӯстамбаев ярадор шуда, ду моҳ дар табобатхона монд. Азбаски дар ин дивизия командирони хурд кам буданд, барои тайёр кардани онҳо Ҷ. Дӯстамбаевро, ки аллакай сазовори боварӣ гашта буд, барои таҳсил ба курси тайёркунии командирони хурд ба шаҳри Пугачёви вилояти Саратов фиристоданд. Пас аз чор моҳи таҳсил ба ӯ рутбаи старшина дода шуда, ба қисми эҳтиётии полки 27-уми артиллерӣ фиристода шуд ва ӯро старшинаи ротаи қисми низомии 1319-и фронти якуми Белоруссия таъин карданд.
Яке аз муҳорибаҳои ҳалкунанда дар ҶБВ муҳорибаи камонаки Курск ба шумор мерафт, ки он соли 1943-юм 50 шабонарӯз давом кард. Ҳазорҳо ҷанговарони Шӯравӣ матонату ҷасорати беҳамтои худро дар ин ҷанг нишон доданд. Фарзандони фарзонаи тоҷик Ҳодӣ Кенҷаев ва Исмоил Ҳамзаалиев маҳз дар ин муҳориба сазовори Қаҳрамони Иттиҳоди Шӯравӣ гаштанд. Дар ин муҳориба аз 450 нафар аскару афсарони сарҳадбоне, ки то саршавии ҷанг дар Помир хизмат карда буданд, 18 нафар қаҳрамонона ҳалок гаштанд. Зодагони Бадахшон К. Назаров, Б.Маҳмадов, Р.Хушвахтов, Ҷ.Дӯстамбаев корнамоиҳои ҷангӣ нишон додаанд. Аз ҷумла, Ҷ.Дӯстамбаев барои ҷасорату корнамоиаш бо ордени "Шараф" дараҷаи сеюм мукофотонида шуд.
Чуноне ки ҳуҷҷатҳои зиёди бойгонии ВМКБ ва нусхаҳои онҳо дар хонаводаи Ҷ.Дӯстамбаев шаҳодат медиҳанд, барои корнамоиҳо ҷиҳати озод кардани шаҳри Мозир (14-уми январи соли 1944), озод кардани пойтахти Полша - шаҳри Варшава (17-уми январи соли 1945) ва дигар ғалабаҳо бо фармони Сарфармондеҳи Олӣ И. Сталин ба старшина Ҷумъа Дӯстамбаев "Сипоснома" дода шуд. Чунин сипосномаҳое, ки барои озод кардани ҳар як шаҳрҳо ва рахна кардани хатҳои мудофиавии душман шахсан аз тарафи командирони қисмҳои ҳарбӣ ба старшина Ҷ.Дӯстамбаев дода шудаанд, бо теъдоди зиёд дар бойгонии шахсиаш то кунун маҳфуз мондаанд. Ин сипосномаҳо шаҳодат медиҳанд, ки Ҷ. Дӯстамбаев дар ҳайати фронти якуми Белоруссия мисли ҳазорон нафар ҳамяроқонаш ҳар рӯз ҷон ба каф гирифта, дар озод кардани шаҳру деҳоти Белоруссия ва Полша корнамоиҳои шоён нишон додааст. Барои ин корнамоиҳояш Ҷ. Дӯстамбаев бо ордени "Ситораи Сурх", медалҳои ҷангии "Барои озод кардани Варшава", "Барои ишғоли Берлин", "Барои Ғалаба ба Германия дар ҶБВ солҳои 1941-1945" мукофотонида шудааст.
Соли 1946 Ҷ. Дӯстамбаев бо мукофотҳои ҷангии зиёд ба ватан баргашт. Дар муддати 9 соли дур аз зодгоҳ буданаш, соли 1942 аввал падараш ва сипас соли 1943 модараш ба дидори писарашон мушарраф нагашта, вафот карданд.
Ҷ. Дӯстамбаев баъди ҷанг аввал ба ҳайси ёрдамчии, котиби ҳизби коммунистии ноҳияи Рӯшон ва аз соли 1948 то охири умраш (соли 1975) дар Вазорати корҳои дохилӣ ба ҳайси афсари баландрутба, подполковники милитсия содиқона кор карда, боз бо чандин медалу ифтихорномаҳо сарфароз гардидааст.
А. ШОҲИНБЕКОВ, номзади илмҳои таърих


Шарҳи Шумо

Security code
Азнавсози



Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон! Ҳамватанони азиз! Паёми имсолаи Президент дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии мамлакат баъди ҷашни чорякасраи истиқлолияти давлатии Тоҷикистон, яъне дар даврае пешниҳод мегардад, ки кишвари азизи мо ба марҳалаи нави рушд ворид гардида, мардуми шарифи Тоҷикистон ба сӯи ояндаи ободу осуда бо қадамҳои устувор пеш меравад.Дар зарфи бисту панҷ сол мо ба шарофати заҳмати софдилонаи халқамон дар роҳи таъмин намудани рушди сиёсиву иқтисодӣ ва иҷтимоиву фарҳангии кишвар ба натиҷаҳои назаррас ноил гардидем.Мо ҳамаи ин корҳоро ба хотири таҳкими пояҳои истиқлолияти давлатиамон анҷом додем.Зеро озодиву истиқлолият бароямон дастоварди бузургтарин ва ғояи муқаддаси миллӣ буда, мо бо вуҷуди мушкилоти ҷойдошта барои ҳимоя ва пойдору устувор мондани он минбаъд низ тамоми саъю талоши худро равона ....>>>

Барномаи ислоҳоти милитсия


Барномаи ислоҳоти (рушди) милитсия барои солҳои 2014-2020 (минбаъд - Барнома) ҳуҷҷати асосии барномавии миёнамўҳлат буда, мақсадҳои стратегӣ, вазифа ва самтҳои асосии ислоҳоти (рушди) милитсияро муайян менамояд. Барнома дар асоси моддаи 7 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон   Муфассал >>>

Низомномаи Шӯрои ҷамъиятӣ

Шӯрои ҷамъиятӣ оид ба мусоидати ҷомеаи шаҳрвандӣ ба ислоҳоти милитсия дар назди Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (минбаъд – Шӯрои ҷамъиятӣ) мақомоти ҷамъиятии машваратӣ - мушоҳидавӣ буда, бо мақсади ташкил ва таъмин
  Муфассал >>>

Стратегия


Стратегияи ислоҳоти милитсия барои солҳои 2013 - 2020 (минбаъд - Стратегия) ба меъёрҳои Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон асос ёфта, ҳадафҳо, афзалият ва тадбирҳоро оид ба ислоҳот ва рушди милитсия муайян намуда, амалҳоеро, ки Ҳукумати Муфассал >>>

Лоиҳаи Кодекси одоби корманди политсия


Кодекси одоби касбии корманди политсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон (минбаъд-Кодекс), маҷмӯи қоидаҳои рафтори корманди политсия мебошад, ки ҳадди муошират, қоидаҳои рафтори хизматӣ ва ғайрихизматӣ, ки аз санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон, арзишҳои Муфассал >>>

Лоиҳаи Қонун дар бораи политсия


Қонуни мазкур мафҳумҳои асосӣ, сохтори ташкиливу ҳуқуқӣ, самтҳои асосӣ ва принсипҳои фаъолият, сохтори политсияи Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон, мавқеи он дар низоми мақомоти иҷроияи марказии ҳокимияти давлатӣ, ҳамкорӣ бо ҷомеа, тартиби қабул Муфассал >>>

Кофтуков


© 2017 Сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Истифодаи маълумотҳои сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо нишон додани суроғаи сомона http://vkd.tj иҷозат дода мешавад