Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Мақсади ислоҳоти милитсия - беҳтарсозии кору хизмат ва робита бо ҷомеа

01

Рӯзи 21-уми январи соли равон дар минтақаи маъмурии милитсияи №29-и шуъбачаи ҳифзи тартиботи ҷамъиятии Шуъбаи 2-юми ВКД дар ноҳияи Фирдавсӣ ҷаласаи навбатии аъзои Шӯрои ҷамъиятӣ оид ба мусоидати ҷомеаи шаҳрвандӣ ба ислоҳоти милитсия дар назди РВКД дар шаҳри Душанбе доир гардид. Дар он аъзои шӯро, нозирони минтақавии милитсия, раисони маҳаллаҳои «Машъал», «Ҳосилот», «Шодиёна» ва фаъолони ҷамъиятӣ ширкат варзиданд.

02

Нахуст ёрдамчии сардори Шуъбаи 2-юми ВКД дар ноҳияи Фирдавсӣ подполковники милитсия Нарзулло Алимов оид ба раванди ислоҳоти милитсия ва ҳамкориҳои мақомоти корҳои дохилӣ бо мардум изҳори назар намуда, афзуд, ки бо кӯшишу талошҳои Вазири корҳои дохилӣ генерал-полковники милитсияи Раҳимзода Рамазон Ҳамро ва сардори Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе генерал-майори милитсия Назарзода Шариф Раҳмон дар назди Вазорат ва раёсат Шӯроҳои ҷамъиятӣ ташкил гардида, баҳри амалисозии «Стратегияи ислоҳоти милитсия барои солҳои 2013-2020» ва «Барномаи ислоҳоти (рушди) милитсия барои солҳои 2014-2020» як қатор чорабиниҳои судманд сурат гирифтааст.
Ҳамзамон, дар ин доира, ҳар семоҳа нозирони минтақавии милитсия дар назди аҳолӣ ҳисобот медиҳанд. Ин ҳисоботҳо ба шарҳу баёни вазъи ҷинояткорӣ дар минтақаи хизматӣ маҳдуд нагардида, инчунин дар суҳбату мулоқотҳо фикру андеша ва пешниҳодҳои аҳолӣ ба назар гирифта шуда, аз ҷониби кормандони милитсия мавриди таҳлилу омӯзиш қарор мегиранд.
Сипас, сардори минтақаи маъмурии милитсияи №29 майори милитсия Абдуҳалим Мирзохонов баромад намуда, ба иштирокчиён барои ташриф ва бетараф набуданашон дар раванди ислоҳоти милитсия миннатдорӣ изҳор намуд.

03

Мавсуф, аз ҷумла қайд кард, ки рӯз то рӯз дар шаҳру ноҳияҳои мамлакат шароити кории нозирони минтақавии милитсия беҳтар гардида истода, онҳо бо шароити мусоиди корӣ, ҳуҷраҳои замонавӣ ва таҷҳизоти зарурӣ таъмин гаштаанд. Аз ҷумла, дар доираи амалисозии Стратегияи ислоҳоти милитсия барои солҳои 2013-2020, соли 2018 дар маҳаллаи «Машъал»-и ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе дар минтақаи маъмурии милитсияи №29 маркази ҳамкории милитсия бо ҷомеа ифтитоҳ гардид, ки бо тамоми шароитҳои наву замонавӣ таъмин мебошад.
Фаъоли ҷомеаи шаҳрвандӣ, вакили Маҷлиси вакилони халқии ноҳияи Бобоҷон Ғафурови вилояти Суғд Ҷабборзода Парвиз Абдуқодир зимни баромади хеш изҳор намуд, ки дар чандин чорабиниҳо вобаста ба ислоҳоти милитсия ширкат варзида, чунин дарк намудааст, ки мақсади асосии ин вохӯриҳо, соддаву осонтар ба мардум фаҳмонидани ин раванд ва ҳадафи ислоҳоти милитсия, ҳамзамон афзун намудани ваколатҳои нозирони минтақавии милитсия, қадрдонии заҳматҳои бештари онҳо ва ба назар гирифтани касбият ва тахассуснокии корманд ҳангоми фаъолият дар мақомоти корҳои дохилӣ мебошад.
- Ҳадафи асосии ҳамаи мо, ҳифз намудани ободиву осоиштагии ин сарзамин мебошад ва кормандони милитсия дар самти пешгириву ошкорсозии ҷинояту ҷинояткорӣ дар байни аҳолӣ бояд бештар кор кунанд ва самтҳои вобастакардашударо хуб донанд ва дарк намоянд. Тасмим гирифтам, ки дар якҷоягӣ бо Шӯроҳои маҳаллӣ дар самти ислоҳоти милитсия саҳми хешро гузорам, яъне варақаҳои иттилоотӣ омода намуда, дар ҳамбастагӣ бо нозирони минтақавии милитсия дастраси шаҳрвандон намоем ва ба ин восита, мардум бештар аз ҳуқуқҳои худ огоҳӣ пайдо намоянд, - афзуд номбурда.

04

Дар идома, раисони маҳаллаҳои минтақаи мазкур ва фаъолони ҷамъиятӣ назарҳои хешро баён дошта, аз ҳамкориву робитаи қавӣ бо милитсия изҳори назар намуда, саҳми онҳоро дар тарғибу ташвиқи тарзи ҳаёти солим, баланд бардоштани маърифатнокии аҳолӣ ва ҳифзи тартиботи ҷамъиятӣ муфид арзёбӣ намуданд.
Дар охир, байни иштирокчиён ва фаъолони ҷомеаи шаҳрвандӣ суолу ҷавоб ва музокира сурат гирифт.
Раҷаббек ИЛЁСОВ,
Наврӯз ҶОБИРОВ,
Сироҷиддин Шукуров


Шарҳи Шумо

Security code
Азнавсози



Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон! Ҳамватанони азиз! Соли 2018 бо рӯйдодҳои ниҳоят муҳимму хотирмони худ барои мардуми шарифи Тоҷикистон ва давлати соҳибистиқлоли тоҷикон соли воқеан таърихӣ буд. Бисту дуюми марти соли ҷорӣ дар Рӯзи байналмилалии захираҳои об татбиқи ташаббуси чоруми ҷаҳонии мо дар соҳаи об - «Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028» бо иштироки Роҳбари давлат дар Маҷмаи умумии Созмони Милали Муттаҳид расман оғоз гардид. Дар шароити тағйирёбии иқлим, ки масъалаи ҳифзи манбаъҳо ва захираҳои оби тозаи ошомиданӣ ба яке аз мушкилоти асосии мардуми сайёра табдил ёфтааст, Тоҷикистон дар ин самт ҳамчун кишвари ташаббускор ва пешсаф дар арсаи ҷаҳонӣ эътироф гардидааст. Ба кор андохтани агрегати якуми нерӯгоҳи барқи обии “Роғун”, яъне иншооти тақдирсози аср ва ояндаи дурахшони Тоҷикистон, ки ....>>>

Qonun

© 2019 Сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Истифодаи маълумотҳои сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо нишон додани суроғаи сомона http://vkd.tj иҷозат дода мешавад
Яндекс.Метрика