Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Муроҷиати шаҳрвандон оид ба ҷиноятҳои қаллобӣ

006Ба ШВКД дар шаҳри Ҳисор марди 43-солаи сокини ҷамоати деҳоти Дурбати ҳамин шаҳр, бо ариза дар он хусус муроҷиат намудааст, ки соли 2015, марди 36-солаи сокини кӯчаи С.Шерозии пойтахт, бо роҳи фиреб ба бовариаш даромада аз ӯ 1-адад автомашинаи тамғаи “Прадо”-ро ба маблағи 30.000-доллари амрикоӣ нархгузорӣ намуда гирифта, то ҳол маблағашро барнагардонидааст. 

Ҳамчунин ба ШВКД-2 дар ноҳияи Фирдавсии пойтахт, зани 42-солаи сокини ноҳияи Ишкошим, дар он хусус муроҷиат намудааст, ки моҳи майи соли 2018, ҳангоми дар кӯчаи Мушфиқии шаҳри Душанбе қарор доштанаш, ҷавони 22-солаи сокини кӯчаи мазкур, бо роҳи фиреб ба бовариаш даромада, аз ӯ 180.000-сомонӣ гирифта, то ҳол маблағашро барнагардонидааст.
Айни замон нафарони тақаллубкор дар ҳабси пешакӣ қарор дошта, тафтишот дар ин самт идома дорад.


Шарҳи Шумо

Security code
Азнавсози



Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон! Ҳамватанони азиз! Соли 2018 бо рӯйдодҳои ниҳоят муҳимму хотирмони худ барои мардуми шарифи Тоҷикистон ва давлати соҳибистиқлоли тоҷикон соли воқеан таърихӣ буд. Бисту дуюми марти соли ҷорӣ дар Рӯзи байналмилалии захираҳои об татбиқи ташаббуси чоруми ҷаҳонии мо дар соҳаи об - «Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028» бо иштироки Роҳбари давлат дар Маҷмаи умумии Созмони Милали Муттаҳид расман оғоз гардид. Дар шароити тағйирёбии иқлим, ки масъалаи ҳифзи манбаъҳо ва захираҳои оби тозаи ошомиданӣ ба яке аз мушкилоти асосии мардуми сайёра табдил ёфтааст, Тоҷикистон дар ин самт ҳамчун кишвари ташаббускор ва пешсаф дар арсаи ҷаҳонӣ эътироф гардидааст. Ба кор андохтани агрегати якуми нерӯгоҳи барқи обии “Роғун”, яъне иншооти тақдирсози аср ва ояндаи дурахшони Тоҷикистон, ки ....>>>

Qonun

© 2019 Сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Истифодаи маълумотҳои сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо нишон додани суроғаи сомона http://vkd.tj иҷозат дода мешавад
Яндекс.Метрика