Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Вохӯрӣ бо ҷавонони фаъоли ноҳияи Ашт

18

Дар толори Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Ашт вохӯрии роҳбарияти шуъбаи мубориза зидди ҷиноятҳои муташаккили РМЗҶМ ВКД дар вилояти Суғд бо ҷавонони фаъоли ҷамоатҳои деҳоти шаҳраки Шайдон, Понғоз, Ошоба, Ашт, Ифтихор ва Ориёни ноҳияи мазкур баргузор гашт. Мақсад аз баргузории чорабинӣ, баланд намудани маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон, ҷалби ҷавонони фаъол дар пешгирӣ ва мубориза бар зидди ҷинояткорӣ мебошад.

Мулоқот бо ибтикори мақомоти корҳои дохилӣ дар ҳамбастагӣ бо Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Ашт ташкил гардид. Муовини сардори шуъбаи РМЗҶМ ВКД дар вилояти Суғд подполковники милитсия Даврон Муҳиддинов ва муовини раиси ҳамин ноҳия Аниса Ҷалилӣ дар чорабинӣ иштирок ва бо ҷавонони фаъол сӯҳбати озоду ошкоро анҷом доданд.

19

Тақвият бахшидани ҳамкории ҷомеа бо мақомотҳои ҳифзи ҳуқуқ дар самти пешгирии шомилшавии ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои террористиву экстремистӣ, бедор сохтани ҳисси ватандӯстиву хештаншиносӣ дар замири ҳар як шаҳрванди Тоҷикистон дар баромади маърӯзачиён таъкид ёфт. Зеро бетарафии шаҳрвандон барои доман паҳн кардани зуҳуроти номатлуб ва кирдорҳои зидиҳуқуқӣ замина мегузорад.
Аз ҳозирин даъват карда шуд, ки фаъолтар бошанд ва дар пешрафту ободии мамлакат ҳиссагузорӣ намоянд.

Акбар Шарифов
капитани милитсия


Шарҳи Шумо

Security code
Азнавсози



Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон! Ҳамватанони азиз! Соли 2018 бо рӯйдодҳои ниҳоят муҳимму хотирмони худ барои мардуми шарифи Тоҷикистон ва давлати соҳибистиқлоли тоҷикон соли воқеан таърихӣ буд. Бисту дуюми марти соли ҷорӣ дар Рӯзи байналмилалии захираҳои об татбиқи ташаббуси чоруми ҷаҳонии мо дар соҳаи об - «Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028» бо иштироки Роҳбари давлат дар Маҷмаи умумии Созмони Милали Муттаҳид расман оғоз гардид. Дар шароити тағйирёбии иқлим, ки масъалаи ҳифзи манбаъҳо ва захираҳои оби тозаи ошомиданӣ ба яке аз мушкилоти асосии мардуми сайёра табдил ёфтааст, Тоҷикистон дар ин самт ҳамчун кишвари ташаббускор ва пешсаф дар арсаи ҷаҳонӣ эътироф гардидааст. Ба кор андохтани агрегати якуми нерӯгоҳи барқи обии “Роғун”, яъне иншооти тақдирсози аср ва ояндаи дурахшони Тоҷикистон, ки ....>>>

Qonuni

© 2019 Сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Истифодаи маълумотҳои сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо нишон додани суроғаи сомона http://vkd.tj иҷозат дода мешавад
Яндекс.Метрика