Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Вохӯриҳои судманд бо донишҷӯёну хонандагони муассисаҳои таълимӣ

06

Яке аз вазифаҳои кормандони Хадамоти пешгирии ҳуқуқвайронкунӣ байни ноболиғон ва ҷавонони Вазорати корҳои дохилӣ, пешгирии ҳуқуқвайронкуниву ҷинояткорӣ дар байни ҷавонон, тарғиби илмомӯзиву ватандӯстӣ дар байни онҳо ва ба роҳи рост ҳидоят намудани намояндагони ин насли ояндасоз мебошад. Маҳз бо ҳамин мақсад кормандони ин ниҳод ҳамкориро бо намояндагони касбу кори гуногун тақвият бахшида, дар муассисаҳои таълимӣ чорабиниҳои зиёди фаҳмондадиҳӣ мегузаронанд.
07Чунин як ҷамъомади судманд дирӯз дар факултети молия ва иқтисоди Донишгоҳи миллии Тоҷикистон доир гардид. Дар он омӯзгорону донишҷӯёни факултети мазкур, инчунин намояндагони Прокуратураи генералӣ ва Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон низ иштирок намуда, доир ба таъмини иҷроиши талаботи Қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи маориф», «Дар бораи сиёсати давлатии ҷавонон», «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд», «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон», инчунин оид ба иҷрои нақшаи чорабиниҳо ҷиҳати амалисозии дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки ба муносибати Рӯзи дониш 1-уми сентябри соли 2018 дар Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абуалӣ ибни Сино баён гардида буданд, изҳори андеша карда шуд.
Сипас, сардори ХПҲНҶ ВКД полковники милитсия Фаттозода Абдусаттор Абдуқаҳҳор баромад намуда, оид ба паҳлӯҳои ҳаёту фаъолияти ҷавонон, хусусан масъалаи илмомӯзии донишҷӯён изҳори андеша намуд. Зикр гардид, ки роҳбарияти Вазорати корҳои дохилӣ, мунтазам бо намояндагони касбу кори гуногун, аз ҷумла донишҷӯёну устодони донишгоҳу донишкадаҳои кишвар оид ба пешгирии қонуншиканӣ сӯҳбату мулоқотҳои судманд доир менамоянд.
Натиҷаи ҳамин гуна ҳамкориҳои густурдаи мақомоти корҳои дохилӣ бо соҳаҳои гуногун, махсусан соҳаи маориф ва илми ҷумҳурӣ аст, ки имрӯз робитаи милитсия бо муассисаҳои таълимӣ дар сатҳи зарурӣ қарор дошта, аз ҳисоби донишҷӯёну омӯзгорони ҷавон садҳо нафар чун дружиначиёни ихтиёрӣ бо кормандони милитсия дар таъмини тартиботи ҷамъиятӣ ва мубориза бо зуҳуроти номатлуб ҳамкории зич доранд. Дар ин раванд, Донишгоҳи миллии Тоҷикистон мақоми пешоҳангиро соҳиб буда, донишҷӯёну устодони ин боргоҳи бонуфузи илму донишомӯзӣ дар робитаи қавӣ бо кормандони милитсия қарор доранд, - иброз намуд ӯ.

08

Дар идомаи суханронӣ мавсуф ҳамчунин оид ба ташаккули камолоти маънавии ҷавонон, шомилшавии бархе аз намояндагони ин насли ояндасоз ба ҳизбу ҳаракатҳои террористию экстремистӣ, тарбияи ҷавонон дар рӯҳияи ватандӯстӣ, ифтихори миллӣ ва рафтори ҳамидаи инсонӣ изҳори андеша намуд.
Дар қисмати интиҳоии ҷамъомад, маъмурияти факултети молия ва иқтисоди Донишгоҳи миллии Тоҷикистон аз номи роҳбарияти донишгоҳ ва ҳайати устодону донишҷӯёни ин даргоҳи илму маърифат ба ташкилкунандагони чорабинии судманд изҳори миннатдорӣ намуданд.
Ҳамчунин дар ин рӯз, бо иштироки роҳбарият ва кормандони ХПҲНҶ ВКД дар муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №62-и ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе вохӯрии судманд баргузор гардид, ки дар он масъулини соҳаи маорифи ноҳия ва пойтахт, кор бо ҷавонону варзиш ва омӯзгорону хонандагон ва волидони онҳо ширкат варзиданд.
Нахуст, сардори ХПҲНҶ ВКД полковники милитсия Фаттозода Абдусаттор Абдуқаҳҳор вобаста ба пешгирии ҷинояткорӣ дар байни ҷавонону наврасон ва роҳҳои ба илму донишомӯзӣ ҳавасманд сохтани намояндагони ин насли ояндасози кишвар ибрози назар намуд.
Қайд гардид, ки вазифаи ҳар як хонанда аз он иборат аст, ки бо баҳои хубу аъло таҳсил намуда, саҳми арзандаи хешро дар пешрафти ин сарзамин гузорад. Ҷавонону наврасонро мебояд пайваста пайи омӯзиши илму маърифат бошанд ва дар ин раванд дар мусобиқаҳои варзишӣ фаълона иштирок намуда, номбардори Ватан ва волидони хеш гарданд.

09

Дар ин вохӯрӣ, ҳамчунин масъулину намояндагони дигар идораҳои дахлдор низ баромадҳо карда, доир ба таълиму тарбияи насли наврас ва рисолати омӯзгорӣ андешаҳои ҷолиб баён намуданд.
Зикр гардид, ки наврасону ҷавононро зарур аст, аз пайи омӯзиши илму дониш бошанд, зеро нафаре, ки майл ба омӯхтани илму дониш ва касбу ҳунар дорад, ба муваффақиятҳо ноил гардида, дар зиндагӣ роҳи дурустро интихоб мекунад.

Абдулло ШОҲИЁН,
Дилшод ХОЛОВ,
кормандони гурӯҳи матбуотии ХПҲНҶ ВКД


Шарҳи Шумо

Security code
Азнавсози



Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон! Ҳамватанони азиз! Соли 2018 бо рӯйдодҳои ниҳоят муҳимму хотирмони худ барои мардуми шарифи Тоҷикистон ва давлати соҳибистиқлоли тоҷикон соли воқеан таърихӣ буд. Бисту дуюми марти соли ҷорӣ дар Рӯзи байналмилалии захираҳои об татбиқи ташаббуси чоруми ҷаҳонии мо дар соҳаи об - «Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028» бо иштироки Роҳбари давлат дар Маҷмаи умумии Созмони Милали Муттаҳид расман оғоз гардид. Дар шароити тағйирёбии иқлим, ки масъалаи ҳифзи манбаъҳо ва захираҳои оби тозаи ошомиданӣ ба яке аз мушкилоти асосии мардуми сайёра табдил ёфтааст, Тоҷикистон дар ин самт ҳамчун кишвари ташаббускор ва пешсаф дар арсаи ҷаҳонӣ эътироф гардидааст. Ба кор андохтани агрегати якуми нерӯгоҳи барқи обии “Роғун”, яъне иншооти тақдирсози аср ва ояндаи дурахшони Тоҷикистон, ки ....>>>

Qonuni

© 2019 Сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Истифодаи маълумотҳои сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо нишон додани суроғаи сомона http://vkd.tj иҷозат дода мешавад
Яндекс.Метрика