Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Вохӯрии кормандони милитсия бо донишҷӯёни Литсейи техникии ноҳияи Шуғнон

58

Бо мақсади пешгирии ҷинояту ҷинояткорӣ ва кору амалҳои номатлуб дар миёни наврасону ҷавонон ва роҳ надодан барои шомил гардидан ба гурӯҳҳои ҷиноятпеша, ҳизбу ҳаракатҳои экстремистӣ-террористӣ, баланд бардоштани эҳсоси ватандӯстӣ дар онҳо ва бурдани тарзи ҳаёти солим, ҳамзамон шарҳу тавзеҳи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд», роҳбарияти Ситоди байниидоравии мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва таъмини амният дар ВМКБ тасмим гирифтанд бо донишҷӯён ва омӯзгорони Литсейи техникӣ дар ноҳияи Шуғнон вохӯрии судманд доир намоянд. 

59

Полковники милитсия Пайша Усмон Раҳимбек аз вазъи таълиму тарбия дар оила ва Муассисаҳои олӣ, даст ба ҷиноят ва амалу кирдорҳои хилофи қонун задани баъзе аз ҷавонон ибрози андеша намуда, қайд кард, ки яке аз сабабҳои даст ба ҷиноят задани наврасону ҷавонон ин паст будани сатҳи тарбия дар оила, муҳити зист ва надоштани маърифати ҳуқуқӣ мебошад. 

Зеро афзудани ҷинояту ҷинояткорӣ бештар аз ҳисоби ҷавонон мебошад. Дар алоқамандӣ ба ин ӯ таъкид кард, ки намояндагони сохторҳои ҳукуматӣ, аҳли ҷамоатчигӣ, фаъолон дар маҳалҳо бобати баланд бардоштани маърифати ҳуқуқӣ ва ахлоқу одоби ҷавонону наврасон пайваста кӯшиш намоянд. Зеро бемасъулиятӣ ва беназоратӣ дар нисбати таълиму тарбия ва рафтору муносибати онҳо метавонад сабаби нохушӣ, даст задан ба кирдорҳои вазнин ва фоҷиаи хонаводагӣ гардад. Илова бар ин оиди Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд» суханронӣ карда, бандҳои Қонуни мазкур шарҳу тавзеҳ дода шуд. 

60

Ҳамзамон қайд карда шуд, ки сол аз сол беҳтар гардидани сатҳи зиндагӣ, пешрафт ва рушду нумӯи соҳаҳои ҳаёти сокинони кишвар, аз ҷумла бунёди корхонаҳои саноативу кишоварзӣ, неругоҳҳҳо, муассисаҳои таълимию тарбиявӣ, иншоотҳои варзишӣ шаҳодати тинҷиву осоиштагӣ дар кишвар мебошад. Сиёсати хирадмандона ва талошҳои пайвастаи Сарвари давлат ба он равона гардида аст, ки Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо як қатор кишварҳои хориҷӣ дар бунёди бузургтарин корхонаву иншоотҳои истеҳсолӣ саҳм гирад. Бинобар ин қайд кардан бо маврид аст, ки оромиву осоиштагӣ ва таъмини сулҳу субот дар мамлакат заминаи асоии фароҳамсозии муносибатҳои дуҷониба бо давлатҳои хориҷӣ дар ҷараёни корҳои созандагӣ ба ҳисоб меравад. 

Дар фарҷоми чорабинӣ роҳбарияти Литсейи техникии ноҳияи Шуғнон барои доир намудани чунин як вохӯрии судманд ба роҳбарияти Ситоди байниидоравӣ дар ВМКБ изҳори миннатдорӣ намуданд.
Абдулмуъмини Зайниддин, Далер Чоршанбе.


.


Шарҳи Шумо

Security code
Азнавсози



Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон! Ҳамватанони азиз! Соли 2018 бо рӯйдодҳои ниҳоят муҳимму хотирмони худ барои мардуми шарифи Тоҷикистон ва давлати соҳибистиқлоли тоҷикон соли воқеан таърихӣ буд. Бисту дуюми марти соли ҷорӣ дар Рӯзи байналмилалии захираҳои об татбиқи ташаббуси чоруми ҷаҳонии мо дар соҳаи об - «Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028» бо иштироки Роҳбари давлат дар Маҷмаи умумии Созмони Милали Муттаҳид расман оғоз гардид. Дар шароити тағйирёбии иқлим, ки масъалаи ҳифзи манбаъҳо ва захираҳои оби тозаи ошомиданӣ ба яке аз мушкилоти асосии мардуми сайёра табдил ёфтааст, Тоҷикистон дар ин самт ҳамчун кишвари ташаббускор ва пешсаф дар арсаи ҷаҳонӣ эътироф гардидааст. Ба кор андохтани агрегати якуми нерӯгоҳи барқи обии “Роғун”, яъне иншооти тақдирсози аср ва ояндаи дурахшони Тоҷикистон, ки ....>>>

Qonun

© 2019 Сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Истифодаи маълумотҳои сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо нишон додани суроғаи сомона http://vkd.tj иҷозат дода мешавад
Яндекс.Метрика