Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Рейди шабона дар интернет-кафеҳо

368

Бо мақсади ошкор намудани ҳуқуқвайронкунӣ ва оворагардию шабгардии ноболиғону ҷавонон дар ҳудуди шаҳри Душанбе кормандони Хадамоти пешгирии ҳуқуқвайронкунӣ байни ноболиғону ҷавонони ВКД пайваста санҷишҳои пешгирикунанда доир менамоянд.
Санҷиши навбатӣ дар ҳудуди ноҳияи Сино собит кард, ки то ҳануз шабгардӣ ва беназоратии наврасону ҷавонон падару модари онҳоро ба ташвиш нагузоштааст. Чунин бепарвоӣ ва беэътиноии чунин волидон аст, ки фарзандони онҳо ба муноқишаҳои гуруҳӣ ва дигар шаклҳои ҷиноят даст зада, ҷомеаро ба ташвиш мегузоранд.

369

Истифодаи ҳар гуна бозӣ ва филмҳои хусусияти зуроварӣ дошта ва аз меъёрҳои ахлоқӣ берун, ки имрӯз барои баъзе ноболиғону ҷавонон ҳамчун шавқу шуғли асосӣ ҳисоб меёбанд, на як бору ду бор аст, ки мо аз оқибатҳои зараровари ин гуна бозию филмҳои ба руҳу равони инсон зиёновар таъкидҳо месозем. Аммо ҷомеа бахусус соҳибони марказҳои компютерӣ, баъзе падару модарон чунин оқибати нохуши филмҳо ва бозиҳои зиёноварро ба эътибор нагирифта, чунин бепарвоии онҳо боиси нигаронии ҷомеа гардидааст.
Баъзе соҳибкорон ба хотири фоида, талаботи қонунро ба инобат нагирифта дидаву дониста марказҳои компютерии худро аз ҳисоби ноболиғон пур месозанд. Ва набудани фарзандони наврас шабонгаҳ барои волидони онҳо ҳеҷ ташвишеро ба вуҷуд намеоварад, то он даме, ки кормандони милитсия нисбати фарзандони онҳо барои шабгардию оворагардӣ протоколҳои маъмурӣ тартиб надиҳанд.

370

Дар рафти санҷиш нисбати соҳибони марказҳои компютерӣ протоколҳои маъмурӣ тартиб дода шуда, ноболиғону ҷавононе, ки дар торикии шаб беназорат машғули ҳар гуна амалҳои номатлуб буданд, падару модари онҳо даъват карда шуда, нисбати онҳо тибқи талаботи Кодекси ҳуқуқвайркунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон протокол тартиб дода шуда, чунин санҷишҳо минбаъд низ идома хоҳад ёфт.
Шоҳиён АБДУЛЛО
Дилшод Холов


Шарҳи Шумо

Security code
Азнавсози



Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон! Ҳамватанони азиз! Соли 2018 бо рӯйдодҳои ниҳоят муҳимму хотирмони худ барои мардуми шарифи Тоҷикистон ва давлати соҳибистиқлоли тоҷикон соли воқеан таърихӣ буд. Бисту дуюми марти соли ҷорӣ дар Рӯзи байналмилалии захираҳои об татбиқи ташаббуси чоруми ҷаҳонии мо дар соҳаи об - «Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028» бо иштироки Роҳбари давлат дар Маҷмаи умумии Созмони Милали Муттаҳид расман оғоз гардид. Дар шароити тағйирёбии иқлим, ки масъалаи ҳифзи манбаъҳо ва захираҳои оби тозаи ошомиданӣ ба яке аз мушкилоти асосии мардуми сайёра табдил ёфтааст, Тоҷикистон дар ин самт ҳамчун кишвари ташаббускор ва пешсаф дар арсаи ҷаҳонӣ эътироф гардидааст. Ба кор андохтани агрегати якуми нерӯгоҳи барқи обии “Роғун”, яъне иншооти тақдирсози аср ва ояндаи дурахшони Тоҷикистон, ки ....>>>

Qonun

© 2019 Сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Истифодаи маълумотҳои сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо нишон додани суроғаи сомона http://vkd.tj иҷозат дода мешавад
Яндекс.Метрика