Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Амалҳои номатлуб дар байни ноболиғон пешгирӣ карда мешаванд!

387

Ҳарчанд бо қабул гардидани як қатор санадҳои меъёрии ҳуқуқии танзимкунандаи ҳаёту фаъолияти ноболиғону ҷавонон, аз ҷумла Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд», масъалаи ба роҳи дуруст ва тарзи ҳаёти солим раҳнамун сохтани ин насли ояндасоз то ҷое ҳал шуда бошад ҳам, вале мавҷудияти баъзе камбудиҳо дар самти мазкур боиси нигаронӣ боқӣ мемонад. Ҳамин аст, ки барои бартараф намудани ин гуна камбудиҳо масъулини сохтору идораҳои дахлдор пайваста чораандешӣ мекунанд.
Дар тақвияти ин гуфтаҳо метавон аз талабномаи Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти №18/1-24 аз 7-уми январи соли 2019, вобаста ба таъмин намудани иҷроиши талаботи Қонун «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд», ки бо мақсади пешгирии ҳолатҳои беҳудагардию дигар амалҳои номатлуб миёни насли наврас, аз ҷумла бо роҳи гузаронидани амалиётҳои шабонаи пешгирикунанда дар нуқтаҳои бозиҳои компютерӣ ва дигар марказҳои дилхушӣ, ёдовар шуд. Дар асоси ин талабномаи Вазири корҳои дохилӣ, аз тарафи кормандони Хадамоти пешгирии ҳуқуқвайронкунӣ байни ноболиғон ва ҷавонони (ХПҲНҶ) Вазорати корҳои дохилӣ ва воҳидҳои зертобеи он дар шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ санаи 9-уми январи соли ҷорӣ як қатор чорабиниҳои пешгирикунанда гузаронида шуданд. Тавре натиҷаи ин гуна тадбирандешиҳо нишон дод, на дар ҳама ҳолат талаботи Қонун «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд» аз тарафи волидон, баъзе масъулини марказҳои бозиҳои компютерӣ ва дигар ҷойҳои дилхушӣ риоя карда мешаванд. Аз ҷумла, зимни баргузории як қатор амалиётҳои пешгирикунанда дар санаи зикршуда, ба кормандони милитсия муяссар гардид, ки ҳудуди 119 нафарро ба Шуъбаҳои маҳаллии ВКД дастрас намоянд, ки аз ин шумора 54 нафарашонро ноболиғон ташкил медиҳанд.

388

Зимни роҳандозии чорабиниҳои мақсаднок ба хубӣ мушоҳида гардид, ки дар аксар ҳолатҳо шабона наврасону ноболиғон дур аз хонаву оила дар марказҳои бозиҳои компютерию букмекерӣ ва дигар нуқтаҳои дилхушӣ ба корҳои зараровар машғул буданд. Дар бисёр ҳолатҳо волидони ин гуна наврасон ҳатто намедонистанд, ки фарзандонашон дар хона нестанд.
Кормандони мақомоти корҳои дохилӣ ҳангоми гузаронидани чунин амалиётҳо - дар марказҳои бозиҳои компютерӣ 30 нафар, барои оворагардӣ 17 нафар, дар марказҳои букмекерӣ 7 нафар ва чанд ноболиғи дигарро барои машғул шудан ба шуғлҳои барои ояндаи онҳо зараровар ба мисли боркашонӣ дар бозорҳо, испандудкунӣ ва дигар ҳуқуқвайронкуниҳо боздошт ва ба шуъбаҳои милитсия дастрас намуданд.
Барои вайрон намудани талаботи қонунгузорӣ, нисбати 29 нафар волидони ноболиғони боздоштшуда бо моддаи 90-и Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаҳои ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ тартиб дода шуд. Инчунин, 4 нафар наврасони оворагард дар Қабулгоҳ-таҳвилгоҳи ноболиғони ВКД ҷойгир карда шуда, бо 12 нафари дигар корҳои фаҳмондадиҳӣ гузаронида шуд.

389

Ногуфта намонад, ки бо вуҷуди гузаронидани корҳои фаҳмондадиҳӣ ва ҳамаҷониба саъй намудан барои садди роҳи беҳудагардию шабгардии ноболиғон шудан, ки дар аксар ҳолатҳо ин гуна аъмоли онҳо боиси ба роҳҳои бад рафтани намояндагони ин насли ояндасоз мегардад, тавре гуфтем, ҳанӯз ҳам камбудиҳо дар масъалаи аз ҷониби баъзе волидон риояву иҷро нагардидани талаботи қонунгузории марбута, хусусан Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд» ба мушоҳида мерасанд. Аз ин рӯ, аз падару модарон даъват ба амал оварда мешавад, ки ба масъалаи таълиму тарбияи фарзандон диққати ҷиддӣ дода, нагузоранд, ки онҳо ба амалҳои барои имрӯзу ояндаашон зараровар машғул бишаванд, хусусан дар ин шабу рӯзҳое, ки фарзандони мактабхони онҳо дар таътили зимистона қарор доранд. Зеро, тавре натиҷаи ин гуна чорабиниҳои мақсадноки кормандони милитсия нишон медиҳад, маҳз беназорат гузоштани наврасону ноболиғон боиси ба кору кирдорҳои номатлуб машғул шудани онҳо мегардад.

Абдулло ШОҲИЁН,
Дилшод ХОЛОВ,
кормандони гурӯҳи матбуотии ХПҲНҶ ВКД ҶТ


Шарҳи Шумо

Security code
Азнавсози



Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон! Ҳамватанони азиз! Соли 2018 бо рӯйдодҳои ниҳоят муҳимму хотирмони худ барои мардуми шарифи Тоҷикистон ва давлати соҳибистиқлоли тоҷикон соли воқеан таърихӣ буд. Бисту дуюми марти соли ҷорӣ дар Рӯзи байналмилалии захираҳои об татбиқи ташаббуси чоруми ҷаҳонии мо дар соҳаи об - «Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028» бо иштироки Роҳбари давлат дар Маҷмаи умумии Созмони Милали Муттаҳид расман оғоз гардид. Дар шароити тағйирёбии иқлим, ки масъалаи ҳифзи манбаъҳо ва захираҳои оби тозаи ошомиданӣ ба яке аз мушкилоти асосии мардуми сайёра табдил ёфтааст, Тоҷикистон дар ин самт ҳамчун кишвари ташаббускор ва пешсаф дар арсаи ҷаҳонӣ эътироф гардидааст. Ба кор андохтани агрегати якуми нерӯгоҳи барқи обии “Роғун”, яъне иншооти тақдирсози аср ва ояндаи дурахшони Тоҷикистон, ки ....>>>

Qonun

© 2019 Сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Истифодаи маълумотҳои сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо нишон додани суроғаи сомона http://vkd.tj иҷозат дода мешавад
Яндекс.Метрика