Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Ҳадафи фаъолияти Созмони собиқадорон - тарбияи насли ҷавони милитсия

442

Рӯзи 9-уми январи соли 2019 дар толори Раёсати кадрҳо ва кор бо ҳайати шахсии Вазорати корҳои дохилӣ ҷаласаи ҷамъбастии солонаи Созмони собиқадорони ВКД баргузор гардид. Дар он раиси Созмони собиқадорон генерал-майори мустаъфии милитсия Ҷурахонзода Саид Қаюм ва муовини сардори Раёсати кадрҳо ва кор бо ҳайати шахсии ВКД полковники милитсия Маҳмадалӣ Мӯсозода ва муовинони сардорони шуъбаҳои милитсияи як қатор шаҳру ноҳияҳои кишвар ва раисони шӯроҳои собиқадорон иштирок намуданд.

443444

Нахуст, Саид Ҷурахонзода баромад намуда, зикр кард, ки Созмони собиқадорони ВКД бо мақсади иҷрои боэътимоди вазифаҳои вогузошта ва иҷрои дастуру супоришҳои роҳбарияти ВКД оид ба истифодаи таҷрибаи бойи собиқадорони мақомоти корҳои дохилӣ дар тарбия ва баланд бардоштани малакаи касбии ҳайати шахсӣ, дар қалби онҳо бедор намудани ҳисси масъулиятшиносӣ нисбат ба иҷрои вазифаҳои хизматӣ бо ҳайати шахсии ҷузъу томҳои ВКД пайваста суҳбату вохӯриҳо мегузаронанд.
Шӯроҳои собиқадорон дар корҳои бунёдкориву ободонии мамлакат, махсусан дар байни ҷавонон аҳамияти аввалиндараҷа дода, дар ҳамаи ҷамъомадҳои сиёсиву фарҳангӣ фаъолона ширкат менамоянд.
Саҳми Созмони собиқадорон ва шӯроҳо дар шаҳру ноҳияҳои вилоятҳо ва тобеи ҷумҳурӣ дар тарбияи насли ҷавони милитсия хеле назаррас аст. Дар тамоми сохторҳои ВКД омӯзиши таҷрибаи собиқадорон ба роҳ монда шуда, онҳо омӯзгорони арзандаву беминнат ва таърихи зиндаи қаҳрамониву шуҷоати чанд насли ин мақомот мебошанд. Собиқадорон манзараҳои сангину пурмашаққатро бо оқибатҳои фоҷиабораш хуб дар ёд дошта, роҳнамои ҷавонон мебошанд.

445

- Ман боварӣ дорам, ки собиқадорони мақомоти корҳои дохилӣ таҷрибаи бою ғании ҳосилкардаи худро ба хотири сарсабзии кишвар, таҳкими қонуният ва тартиботи ҳуқуқӣ дареғ намедоранд ва чун васлгари як насл ба насли дигари кормандон ин анъанаҳоро инкишоф хоҳанд дод, - афзуд ӯ.
Дар вохӯрию баромадҳои баргузоргардида аз ҷониби собиқадорони ВКД оид ба қаҳрамониҳои насли калонсол дар ҳимояи Ватан, саҳми кормандони мақомоти корҳои дохилӣ дар ҳифзи дастовардҳои миллӣ, Истиқлолияти давлатӣ, Ваҳдати миллӣ, ватандорию ватанпарастӣ, садоқат ба Савганд изҳори андеша карда мешавад.
Давоми соли 2018-ум 733 маротиба бо иштироки собиқадорон дар раёсатҳо ва шуъбаҳои мақомоти корҳои дохилӣ бо ҳайати шахсӣ дар рӯзҳои дарсҳои таълимӣ ва чорабиниҳои идона баромадҳо карда шуданд.
Сиҳативу саломатии собиқадорон ва нафақахӯрони мақомоти корҳои дохилӣ ҳамеша дар маркази таваҷҷуҳи роҳбарияти ВКД қарор дорад. Дар давоми соли гузашта 2044 нафар нафақахӯрон барои табобат ба Дармонгоҳи Раёсати тиббии ВКД муроҷиат карда, саломатии худро барқарор карданд. 

446447

Давоми сол чандин нафар собиқадорони меҳнат дар осоишгоҳҳои ВКД ва дигар осоишгоҳҳои ҷумҳуриявӣ табобат ва ба истироҳат фаро гирифта шуданд.
Сипас, ҳисоботи раисони шӯроҳои собиқадорони РВКД дар шаҳри Душанбе, Хадамоти давлатии «Муҳофиза» ва шаҳру ноҳияҳо шунида шуд.
Инчунин, як қатор собиқадорони мақомоти корҳои дохилӣ аз номи роҳбарияти ВКД бо Ифтихорнома, Сипоснома ва Раҳматнома қадрдонӣ карда шуданд.
Пас аз анҷоми ҷаласаи мазкур собиқадорон аз Осорхонаи ВКД, ки инъикоскунандаи таърихи милитсияи тоҷик ба ҳисоб меравад, дидан намуданд.
Тоҷиддин ЛАТИПОВ


Шарҳи Шумо

Security code
Азнавсози



Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон! Ҳамватанони азиз! Соли 2018 бо рӯйдодҳои ниҳоят муҳимму хотирмони худ барои мардуми шарифи Тоҷикистон ва давлати соҳибистиқлоли тоҷикон соли воқеан таърихӣ буд. Бисту дуюми марти соли ҷорӣ дар Рӯзи байналмилалии захираҳои об татбиқи ташаббуси чоруми ҷаҳонии мо дар соҳаи об - «Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028» бо иштироки Роҳбари давлат дар Маҷмаи умумии Созмони Милали Муттаҳид расман оғоз гардид. Дар шароити тағйирёбии иқлим, ки масъалаи ҳифзи манбаъҳо ва захираҳои оби тозаи ошомиданӣ ба яке аз мушкилоти асосии мардуми сайёра табдил ёфтааст, Тоҷикистон дар ин самт ҳамчун кишвари ташаббускор ва пешсаф дар арсаи ҷаҳонӣ эътироф гардидааст. Ба кор андохтани агрегати якуми нерӯгоҳи барқи обии “Роғун”, яъне иншооти тақдирсози аср ва ояндаи дурахшони Тоҷикистон, ки ....>>>

Qonuno

© 2019 Сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Истифодаи маълумотҳои сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо нишон додани суроғаи сомона http://vkd.tj иҷозат дода мешавад
Яндекс.Метрика