Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Ҷашни диловарони Ватан дар Бадахшон

336

5-уми декабри соли равон, бахшида ба Рӯзи таъсисёбии воҳидҳои таъиноти махсуси ВКД дар толори Раёсати ВКД дар ВМКБ чорабинӣ, бо иштироки муовини якуми Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон генерал-лейтенанти милитсия Аламшозода Абдураҳмон Аламшо, Раиси вилояти мазкур Ёдгор Файзов, муовини Раиси КДАМ генерал-майор Мирзоев Нусратулло, ҳайати шахсии воҳидҳои таъиноти махсуси ВКД дар ВМКБ, иштирок доштанд.

337

Чорабинии ҷашниро муовини якуми Вазири корҳои дохилӣ генерал-лейтенанти милитсия Аламшозода Абдураҳмон Аламшо оғоз бахшида, аз номи Вазири корҳои дохилӣ генерал-полковники милитсия Раҳимзода Рамазон Ҳамро, ҳайати шахсӣ ва ҳозиринро самимона табрику таҳният гуфт.
Сипас, сардори сарситоди воҳидҳои таъиноти махсуси ВКД, генерал-майори милитсия Муҳаммадзода Хуршед аз замони таъсис, фаъолият ва саҳму дастовардҳои ҳайати шахсии воҳидҳои таъиноти махсуси ВКД дар даврони истиқлолияти кишвар аз шуҷоату ҷонисориҳои фарзандони диловари Ватан ёдовар шуд.

338

Мавсуф дастоварду натиҷа ва пешрафти фаъолияти воҳидҳои таъиноти махсусро пеш аз ҳама аз дастгирию ғамхориҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон арзёбӣ кард.
Раиси ин Вилоят Ёдгор Файз низ аз саҳм, нақш ва фаъолияти воҳидҳои таъиноти махсуси ВКД бо эҳсоси ифтихору қаноатмандӣ сухан карда, қайд кард, ки воқеан ҳам таъмини тартибот ва амнияти имрӯзи кишвар, ба хусус Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, далели хизмати шабонарӯзии воҳидҳои таъиноти махсуси ВКД аст, ки сокинони вилоят аз кору муносибат ва ҳисси баланди ватандӯстонаи онҳо розианд.
Зимни суханронӣ муовини якуми Вазири корҳои дохилӣ Аламшозода А.,А. чунин қайд намуд, ки дар асл ҳайати шахсии воҳидҳои таъиноти махсуси ВКД дар барқарорсозии сохти Конститутсионии мамлакат, безарар гардонии гурӯҳҳои мусаллаҳи ғайриқонунӣ ва таъмини волоияти қонун саҳми назаррас доранд. Маҳз матонату садоқат ва ҷонисориҳои Шумо буд, ки давлату миллат ва халқи азизи Тоҷикистон ба ин рӯзи хуш, ба чунин саодати комил ва ваҳдату сулҳ расид.

339

Муовини раиси КДАМ генерал-майор Мирзоев Нусратулло аз фаъолияту шуҷоат ва корнамоиҳои ҳайати шахсии воҳидҳои таъиноти махсуси ВКД бо ифтихор ҳарф зада, ҳозиринро аз номи роҳбарияти КДАМ табрик гуфта, ба онҳо садоқат ва нангу ори ватандӯстона таманно кард.
Дар ҷараёни чорабинии ҷашнӣ бо фармони Вазири корҳои дохилӣ шумораи зиёди кормандон барои хизмати софдилона, содиқона, зоҳир намудани малакаи баланди касбӣ дар таъмину муҳофизати тартиботи ҷамъиятӣ, садоқат ба савганд бо медалу нишон, Раҳматнома, Ифтихорнома ва Сипосномаҳо сарфароз гардиданд.
Инчунин, бо фармони Сардори РВКД дар ВМКБ 35-нафар кормандони воҳидҳои таъиноти махсус бо маблағҳои пулӣ қадрдонӣ карда шуданд.
Нусратулло Маҳмадзода, Далер Чоршанбиев

 


Шарҳи Шумо

Security code
Азнавсози



Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон!Ҳамватанони азиз! Ҷумҳурии Тоҷикистон, бо вуҷуди тағйирёбии вазъи сиёсиву иқтисодӣ ва амниятии ҷаҳон, дар роҳи пешрафти бемайлони иқтисодӣ, расидан ба ҳадафҳои стратегӣ ва ба ин васила таъмин намудани зиндагии шоистаи аҳолӣ бо қадамҳои устувор пеш меравад. Аммо вақтҳои охир дар ҷаҳон раванди бартариҷӯӣ, мусаллаҳшавии бошитоб, пайдоиши нишонаҳои марҳалаи нави “ҷанги сард” боиси нигаронӣ гардидааст. Соли ҷорӣ дар гӯшаҳои гуногуни олам нооромиву низоъҳо идома ёфта, барои ҷомеаи ҷаҳонӣ ҳамчун айёми душвору пуртазод эътироф гардид. Дар ин давра зиёда аз сад давлати дунё мавриди ҳамлаҳои ғайриинсонии террористон ва ифротгароён қарор гирифт. Воқеият чунин аст, ки ҷуғрофияи нооромиҳо торафт доман паҳн намуда, таҳдиду хатарҳои глобалӣ имрӯз ба асосҳои бунёдии тартибу низоми ҷаҳонӣ ва усулҳои муносиботи байналмилалӣ таъсиргузор мебошанд. Идомаи минбаъдаи ин ҳолат ....>>>

Qonun

© 2018 Сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Истифодаи маълумотҳои сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо нишон додани суроғаи сомона http://vkd.tj иҷозат дода мешавад
Яндекс.Метрика