Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Рӯзи таъсисёбии ДТММ дар вилояти Хатлон

323

Имрӯз, бахшида ба Рӯзи таъсисёбии Дастаи таъиноти махсуси милитсия дар РВКД дар вилояти Хатлон чорабинии тантанавӣ баргузор гардид.
Чорабиниро бо сухани ифтитоҳӣ муовини аввали сардори Раёсати мазкур генерал-майори милитсия Искандарзода Абдулваҳоб оғоз бахшида, кормандони Дастаи таъиноти махсуси милитсияро аз номи роҳбарияти ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ин санаи таърихӣ самимона табрик гуфта, иброз дошт, ки ҳайати шахсии ин ниҳод дар мубориза бо ҷинояткорӣ ва таъмини сулҳу оромӣ дар кишвар хизматҳои беназир кардаанд.
Бояд зикр намуд, ки аз рӯзҳои аввали таъсисёбӣ то ба имрӯз онҳо ба Савганди худ содиқ буда, ҳамчун фарзандони сарсупурдаи миллат дар мубориза бо ҳама гуна унсурҳои номатлуб пешсаф мебошанд.

324

Кормандони Дастаи таъиноти махсуси милитсия дар ин муддат дар минтақаҳои гуногуни кишвар содиқона баҳри сулҳу осоиштагӣ хизмат намуда, дар ин раванд аз худ шуҷоату мардонагии воқеӣ нишон додаанд.
Дар ҷараёни чорабинии тантанавӣ як қатор кормандоне, ки дар рафти фаъолияти хизматӣ ба натиҷаҳои назаррас ноил гардидаанд, аз номи роҳбарияти Раёсати зикргардида бо рутбаҳои навбатӣ, Ифтихорномаҳои фахрӣ ва Сипосномаҳо сарфароз гардонида шуданд.

325

Дар хотима дастархони идона ороста шуда, ҳунармандони шинохта ва маҳбуби вилояти Хатлон хотири ҳозиринро бо сурудҳои пурмазмун шод гардониданд.
Офоқ Қодириён


Шарҳи Шумо

Security code
Азнавсози



Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон!Ҳамватанони азиз! Ҷумҳурии Тоҷикистон, бо вуҷуди тағйирёбии вазъи сиёсиву иқтисодӣ ва амниятии ҷаҳон, дар роҳи пешрафти бемайлони иқтисодӣ, расидан ба ҳадафҳои стратегӣ ва ба ин васила таъмин намудани зиндагии шоистаи аҳолӣ бо қадамҳои устувор пеш меравад. Аммо вақтҳои охир дар ҷаҳон раванди бартариҷӯӣ, мусаллаҳшавии бошитоб, пайдоиши нишонаҳои марҳалаи нави “ҷанги сард” боиси нигаронӣ гардидааст. Соли ҷорӣ дар гӯшаҳои гуногуни олам нооромиву низоъҳо идома ёфта, барои ҷомеаи ҷаҳонӣ ҳамчун айёми душвору пуртазод эътироф гардид. Дар ин давра зиёда аз сад давлати дунё мавриди ҳамлаҳои ғайриинсонии террористон ва ифротгароён қарор гирифт. Воқеият чунин аст, ки ҷуғрофияи нооромиҳо торафт доман паҳн намуда, таҳдиду хатарҳои глобалӣ имрӯз ба асосҳои бунёдии тартибу низоми ҷаҳонӣ ва усулҳои муносиботи байналмилалӣ таъсиргузор мебошанд. Идомаи минбаъдаи ин ҳолат ....>>>

Qonun

© 2018 Сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Истифодаи маълумотҳои сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо нишон додани суроғаи сомона http://vkd.tj иҷозат дода мешавад
Яндекс.Метрика