Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Маркази матбуотии Раёсати хадамоти давлатии оташнишонии шаҳри Душанбе хабар медиҳад

Рӯзи 4-уми декабри соли 2018, соати 13:25-дақиқа, дар назди мағозаи қисмҳои эҳтиётии автомашинаҳои навъи “Хенкук”, воқеъ дар маҳаллаи 61-уми ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе, ки ба шаҳрванд Фозилов Дониёр Аҳмадхоҷаевич, соли таваллудаш 1979, истиқоматкунандаи шаҳри Душанбе, маҳаллаи Яккачинор, хонаи 159 тааллуқ дорад, бар асари ихроҷ аз балони газ таркиши кӯтоҳ ба амал омад. 

Дар натиҷа, шаҳрвандон:
Бедилов Хуҷа, соли таваллудаш 1990, истиқоматкунандаи шаҳри Душанбе, кӯчаи Бухоро, бинои 29, хонаи 4;
Шарипов Аҳлиддин, соли таваллудаш 1989, истиқоматкунандаи шаҳри Душанбе, кӯчаи Заҳматобод, хонаи 367;
Шоев Сабзалӣ, соли таваллудаш 1980, истиқоматкунандаи шаҳри Душанбе, кӯчаи Сурхоб, хонаи 372;
Ёраков Парвиз, соли таваллудаш 1990, истиқоматкунандаи ноҳияи Рӯдакӣ, ҷамоати Чимтеппа, деҳаи Пахтакор осеби сабуки ҷисмонӣ бардоштаанд. Ҳолати саломатии номбурдагон муътадил буда, зери назорати табибон қарор доранд.
Тафтишоти пешакӣ оид ба ҳолати рух додани таркиш аз тарафи мақомоти ҳифзи ҳуқуқ идома дорад. Аз натиҷаи он хабар дода хоҳад шуд.

Маркази матбуотии Раёсати хадамоти давлатии оташнишонии шаҳри Душанбе


Шарҳи Шумо

Security code
Азнавсози



Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон! Ҳамватанони азиз! Соли 2018 бо рӯйдодҳои ниҳоят муҳимму хотирмони худ барои мардуми шарифи Тоҷикистон ва давлати соҳибистиқлоли тоҷикон соли воқеан таърихӣ буд. Бисту дуюми марти соли ҷорӣ дар Рӯзи байналмилалии захираҳои об татбиқи ташаббуси чоруми ҷаҳонии мо дар соҳаи об - «Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028» бо иштироки Роҳбари давлат дар Маҷмаи умумии Созмони Милали Муттаҳид расман оғоз гардид. Дар шароити тағйирёбии иқлим, ки масъалаи ҳифзи манбаъҳо ва захираҳои оби тозаи ошомиданӣ ба яке аз мушкилоти асосии мардуми сайёра табдил ёфтааст, Тоҷикистон дар ин самт ҳамчун кишвари ташаббускор ва пешсаф дар арсаи ҷаҳонӣ эътироф гардидааст. Ба кор андохтани агрегати якуми нерӯгоҳи барқи обии “Роғун”, яъне иншооти тақдирсози аср ва ояндаи дурахшони Тоҷикистон, ки ....>>>

Qonun

© 2019 Сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Истифодаи маълумотҳои сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо нишон додани суроғаи сомона http://vkd.tj иҷозат дода мешавад
Яндекс.Метрика