Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Дуздии чорвои мардум аъмоли бад аст!

Ба ШВКД дар ноҳияи Кӯшониён марди 53-солаи сокини шаҳри Бохтар муроҷиат намудааст, ки рӯзи 4-уми октябри соли 2018, тахминан соати 23:00-дақиқа, шахси номаълум бо роҳи пинҳонӣ аз заминҳои хоҷагиаш, воқеъ ноҳияи Вахш 1-сар чорвои калони шохдор, ки арзишаш 3 ҳазору 600-сомониро ташкил медиҳад, дуздида аз ҷойи ҳодиса ғайб задааст. 

Ҳангоми гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия марди 33-солаи сокини ҷамоати деҳоти Бӯстонқалъаи ноҳияи Кӯшониён бо ҷурми дуздӣ дастгир карда шуда, ин ҳодиса мавриди тафтиш қарор дорад.
Ҳамчунин оид ба ҳолати дуздии чорво ба ШВКД дар шаҳри Истаравшан аризаи марди 53-солаи сокини деҳаи Руғунди шаҳри мазкур ворид гардид, ки шаби 3-юм ба 4-уми октябри соли 2018, тахминан соати 01:20-дақиқа, шахсони номаълум бо тариқи пинҳонӣ аз заминҳои хоҷагии деҳқонии ба номи “Наврӯз-Бобо” 3-сар чорвои калони шохдор, ки арзиши умумиашон 20 000-сомониро ташкил медиҳад, дуздида аз ҷойи ҳодиса ғайб задаанд.
Ҳангоми гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия 2 нафар ноболиғ: писарбачаҳои 17 ва 15-солаи сокинони деҳаи Руғунд бо гумони дуздӣ дастгир гардида, далелҳои шайъӣ гирифта шуд.
Оид ба ин ҳодиса парвандаи ҷиноятӣ бо моддаи 244 қисми 3 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон оғоз карда шуда, тафтишот идома дорад.


Шарҳи Шумо

Security code
Азнавсози



Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон!Ҳамватанони азиз! Ҷумҳурии Тоҷикистон, бо вуҷуди тағйирёбии вазъи сиёсиву иқтисодӣ ва амниятии ҷаҳон, дар роҳи пешрафти бемайлони иқтисодӣ, расидан ба ҳадафҳои стратегӣ ва ба ин васила таъмин намудани зиндагии шоистаи аҳолӣ бо қадамҳои устувор пеш меравад. Аммо вақтҳои охир дар ҷаҳон раванди бартариҷӯӣ, мусаллаҳшавии бошитоб, пайдоиши нишонаҳои марҳалаи нави “ҷанги сард” боиси нигаронӣ гардидааст. Соли ҷорӣ дар гӯшаҳои гуногуни олам нооромиву низоъҳо идома ёфта, барои ҷомеаи ҷаҳонӣ ҳамчун айёми душвору пуртазод эътироф гардид. Дар ин давра зиёда аз сад давлати дунё мавриди ҳамлаҳои ғайриинсонии террористон ва ифротгароён қарор гирифт. Воқеият чунин аст, ки ҷуғрофияи нооромиҳо торафт доман паҳн намуда, таҳдиду хатарҳои глобалӣ имрӯз ба асосҳои бунёдии тартибу низоми ҷаҳонӣ ва усулҳои муносиботи байналмилалӣ таъсиргузор мебошанд. Идомаи минбаъдаи ин ҳолат ....>>>

Qonun

© 2018 Сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Истифодаи маълумотҳои сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо нишон додани суроғаи сомона http://vkd.tj иҷозат дода мешавад
Яндекс.Метрика