Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Арзу шикояти шаҳрвандон доир ба ҳолатҳои қаллобӣ

Ба мақомоти корҳои дохилӣ марди 40-солаи сокини шаҳри Ҳисор муроҷиат намудааст, ки санаи 20-уми ноябри соли 2015, марди 37-солаи сокини шаҳри Душанбе бо роҳи фиреб ба бовариаш даромада, аз ӯ 1-адад автомашинаро ба маблағи 8500-доллари амрикоӣ нархгузорӣ намуда гирифта, то ҳол маблағашро барнагардонидааст.

Бо ҳамин мазмун ба ШВКД-1 дар ноҳияи Фирдавсӣ марди 37-солаи сокини ноҳияи мазкур муроҷиат намудааст, ки рӯзи 2-юми марти соли 2018 марди 35-солаи сокини кӯчаи Деҳотии пойтахт бо роҳи фиреб ба бовариаш даромада, аз ӯ 1-адад автомашинаи тамғаи “Опел-Астра” ва 2-адад автомашинаи тамғаи “Мерседес”-ро ба маблағи 9000-доллари амрикоӣ ва 60000-сомонӣ нархгузорӣ намуда гирифта, то ҳол маблағашро барнагардонидааст.
Ҳамчунин ба ШВКД дар шаҳри Бохтар аризаи марди 33-солаи сокини ноҳияи Хуросон ворид гардидааст, ки моҳи июни соли 2018, зани 39-солаи сокини ноҳияи Рашт, бо роҳи фиреб ба бовариаш даромада, аз ӯ 40000-сомонӣ гирифта, то ҳол маблағашро барнагардонидааст.
Доир ба ҳодисаи қаллобӣ ба ШВКД-1 дар ноҳияи Фирдавсӣ марди 34-солаи сокини пойтахт муроҷиат намудааст, ки рӯзи 8-уми феврали соли 2018, марди 29-солаи сокини ноҳияи Б.Ғафуров, бо роҳи фиреб ба бовариаш даромада, аз ӯ матоъҳои ҳархела ба маблағи 364800-сомонӣ нархгузорӣ намуда гирифта, то ҳол маблағашро барнагардонидааст.
Аз рӯи ин ҳодисаҳо парвандаҳои ҷиноятӣ оғоз гардида, тафтишот идома дорад.


Шарҳи Шумо

Security code
Азнавсози



Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон!Ҳамватанони азиз! Ҷумҳурии Тоҷикистон, бо вуҷуди тағйирёбии вазъи сиёсиву иқтисодӣ ва амниятии ҷаҳон, дар роҳи пешрафти бемайлони иқтисодӣ, расидан ба ҳадафҳои стратегӣ ва ба ин васила таъмин намудани зиндагии шоистаи аҳолӣ бо қадамҳои устувор пеш меравад. Аммо вақтҳои охир дар ҷаҳон раванди бартариҷӯӣ, мусаллаҳшавии бошитоб, пайдоиши нишонаҳои марҳалаи нави “ҷанги сард” боиси нигаронӣ гардидааст. Соли ҷорӣ дар гӯшаҳои гуногуни олам нооромиву низоъҳо идома ёфта, барои ҷомеаи ҷаҳонӣ ҳамчун айёми душвору пуртазод эътироф гардид. Дар ин давра зиёда аз сад давлати дунё мавриди ҳамлаҳои ғайриинсонии террористон ва ифротгароён қарор гирифт. Воқеият чунин аст, ки ҷуғрофияи нооромиҳо торафт доман паҳн намуда, таҳдиду хатарҳои глобалӣ имрӯз ба асосҳои бунёдии тартибу низоми ҷаҳонӣ ва усулҳои муносиботи байналмилалӣ таъсиргузор мебошанд. Идомаи минбаъдаи ин ҳолат ....>>>

Qonun

© 2018 Сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Истифодаи маълумотҳои сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо нишон додани суроғаи сомона http://vkd.tj иҷозат дода мешавад
Яндекс.Метрика