Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Вазъи тартиботи ҳуқуқӣ дар ВМКБ

Ситоди байниидоравии ҷумҳуриявии таъмини амният оид ба таъмини тартиботи ҷамъиятӣ, амнияти шаҳрвандон ва бехатарии ҷамъиятӣ баъди амалигардонии чорабиниҳо дар шаҳри Душанбе дар ВМКБ тадбирҳои мушаххас андешида, як қатор чорабиниҳои судмандро роҳандозӣ намуд.

Аз 16 август то 08 сентябри соли 2018 ба мақомоти корҳои дохилӣ ва Кумитаи давлатии амнияти миллӣ аҳолии ВМКБ 39 адад силоҳи оташфишонро ихтиёран супориданд, аз ҷумла 11 адад таппончаи тамғаи «Макаров», 8 адад силоҳи оташфишони тамғаи «АКМ», 1 адад пулемёт ва 19 адад дигар намуд силоҳҳо.
Аз ин миқдор, дар шаҳри Хоруғ 22 адад силоҳи оташфишон ихтиёран супорида шудааст, ки 12 адад таппончаи тамғаи «Макаров», 8 адад силоҳи оташфишони тамғаи «АКМ», 1 адад пулемёт ва 1 адад карабини тамғаи СКС-7,62мм мебошад.
Дар рафти гузаронидани чорабиниҳо аз тарафи гурӯҳи корӣ 537 далели вайронкуниҳои қоидаҳои ҳаракат дар роҳ, аз ҷумла 66 ҳолат бо шишаҳои ғайриқонунӣ сиёҳкардашуда, 20 ҳолат бе ҳуҷҷати ронандагӣ, 12 ҳолат бо рақамҳои бегона, 12 ҳолат итоат накардан ба талаботи қонунии корманди БДА, 7 ҳолат бе рақамҳои қайди давлатӣ, 2 далел дар ҳолати мастӣ, 1 ҳолат бо рақамҳои қалбакӣ ва 417 ҳолат дигар ҳуқуқвайронкуниҳо ошкор гардиданд.
Аз ҷумла, дар шаҳри Хоруғ 361 далели вайронкуниҳои қоидаҳои ҳаракат дар роҳ, аз ин 59 ҳолат бо шишаҳои ғайриқонунӣ сиёҳкардашуда, 30 ҳолати аз муоинаи техникӣ нагузашта, 11 ҳолат бо рақамҳои бегона, 11 ҳолат итоат накардан ба талаботи қонунии корманди БДА, 6 ҳолат бе рақамҳои қайди давлатӣ, 4 ҳолат бе ҳуҷҷати ронандагӣ, 2 ҳолат бо рақамҳои қалбакӣ, 1 далел дар ҳолати мастӣ ва 237 ҳолат дигар ҳуқуқвайронкуниҳо ошкор гардид. Ҳамчунин дар ҳудуди шаҳри Хоруғ 36 адад нақлиётҳои дорои шишаҳои ғайриқонунии сиёҳкардашуда тоза карда шуданд.
Ҷиҳати таъмини тартиботи ҷамъиятӣ дар шаҳри Хоруғ, инчунин бартараф намудани ҳолатҳои тамбашавии воситаҳои нақлиёт, ба танзим даровардани ҳаракати воситаҳои нақлиёт ва таъмини рафту омади бемамонияти сокинон терминалҳое, ки дар назди бозорҳо ва марказҳои савдо қарор доштанд, ба ҷойҳои муайяни беруназшаҳрӣ кӯчонида шуданд.


Шарҳи Шумо

Security code
Азнавсози



Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон!Ҳамватанони азиз! Ҷумҳурии Тоҷикистон, бо вуҷуди тағйирёбии вазъи сиёсиву иқтисодӣ ва амниятии ҷаҳон, дар роҳи пешрафти бемайлони иқтисодӣ, расидан ба ҳадафҳои стратегӣ ва ба ин васила таъмин намудани зиндагии шоистаи аҳолӣ бо қадамҳои устувор пеш меравад. Аммо вақтҳои охир дар ҷаҳон раванди бартариҷӯӣ, мусаллаҳшавии бошитоб, пайдоиши нишонаҳои марҳалаи нави “ҷанги сард” боиси нигаронӣ гардидааст. Соли ҷорӣ дар гӯшаҳои гуногуни олам нооромиву низоъҳо идома ёфта, барои ҷомеаи ҷаҳонӣ ҳамчун айёми душвору пуртазод эътироф гардид. Дар ин давра зиёда аз сад давлати дунё мавриди ҳамлаҳои ғайриинсонии террористон ва ифротгароён қарор гирифт. Воқеият чунин аст, ки ҷуғрофияи нооромиҳо торафт доман паҳн намуда, таҳдиду хатарҳои глобалӣ имрӯз ба асосҳои бунёдии тартибу низоми ҷаҳонӣ ва усулҳои муносиботи байналмилалӣ таъсиргузор мебошанд. Идомаи минбаъдаи ин ҳолат ....>>>

© 2018 Сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Истифодаи маълумотҳои сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо нишон додани суроғаи сомона http://vkd.tj иҷозат дода мешавад
Яндекс.Метрика