Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Ҳамкории милитсия бо аҳолӣ омили пешгирӣ аз ҷинояткорист

202

Дар маҷлисгоҳи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Б.Ғафуров вохӯрии сардори Шуъбаи Вазорати корҳои дохилӣ дар ноҳияи мазкур полковники милитсия Анварзода Шуҳрат бо аҳли ҷамъиятчигӣ доир гардид. Мулоқоти судманд ба хотири тарбияи ҳуқуқии шаҳрвандон дар самтҳои пешгирӣ аз кирдорҳои зидиҳуқуқӣ, мубориза бар зидди ҷинояткорӣ, таъмини тартиботи ҷамъиятӣ ва равнақ бахшидани ҳамкории шаҳрвандон бо мақомоти корҳои дохилӣ ташкил ва гузаронида шуд.

203

Муовини раиси ноҳия Орифӣ Фаррух Абдуллозода чорабиниро ифтитоҳ намуда зикр дошт, ки ҳар шахс метавонад дар коҳиш додани сатҳи ҷинояткорӣ, бартараф кардани муаммоҳои халалдорсозандаи пешрафти ҷомеа саҳмгузор бошад. Чунин иқдом ба завқу ирода ва ташаббускории шаҳрванд вобаста буда, ҳамкорӣ бо милитсия роҳи дастрасу амалишавандаи он аст.
Сипас сардори ШВКД дар ноҳияи Б.Ғафуров полковники милитсия Анварзода Шуҳрат зимни маърӯза оиди вазъи криминогении минтақа маълумот дода таваҷҷуҳи аҳли нишастро бори дигар ба мавзӯи тарбияи насли наврас дар рӯҳияи ватандӯстӣ, ҳифзи мафкураи онҳо аз донишу фаҳмишҳои зараровар ва саҳм гузоштан дар ободии Ватан ҷалб намуд. Гумроҳӣ ва шомилшавии шаҳрвандон ба ҳизбу равияҳои хусусияти экстремистӣ – террористидошта, муноқишаҳои оилавӣ, каҷрафтории наврасону ҷавонон аз мавзӯъҳое мебошанд, ки роҳбари милитсияи ноҳияи Б.Ғафуров барои пешгирӣ ва бартараф кардани он шаҳрвандонро ба ҳамкорӣ даъват намуда, аз бетарафии сокинон изҳори нигаронӣ кард.
Зикр гардид, ки илова бар ин, иштироки фаъолонаи шаҳрвандон дар мубориза бар зиди ҷинояткорӣ ва пеш аз ҳама робита ва ҳамкории онҳо бо кормандони МКД воситаи самаранок дар ҳифзи амнияту тартибот мебошад.

204

Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳуқуқу озодиҳои инсон ва асосҳои сохти конститутсионӣ эҳтиром мегузоранд. Аз ин рӯ ҳар шахрванд бояд барои амнияти кишвар ҳушёр бошад ва дар пешрафту тараққиёти ҷомеаи Тоҷикистон бетараф набошад, таъкид ёфт дар вохӯрӣ. Дар идомаи вохӯрӣ ба маълумоти ҳозирин расонида шуд, ки дар ҳудуди ноҳия фаъолияти якмоҳаи амалиёти “Маданияти шаҳрдорӣ” оғоз гардид. Бо муттаҳид шудан дар ҳайати 7 гурӯҳи корӣ аҳолии касбу кори гуногундошта бо роҳнамоии кормандони мақомоти милитсия ин чорабинии ҳуқуқиро, ки максади он солимии ҷомеа ва роҳ наёфтани ҳаргуна унсурҳои бегона ва халалдорсозандаи амнияту осудагӣ аст, доир менамоянд.
Дар хотима, вобаста ба фаъолияти мақомоти корҳои дохилӣ иштирокчиёни вохӯрӣ таклифу пешниҳодҳо манзур дошта, омодагии худро ба ҳамкорӣ иброз доштанд.
Акбар Шарифов, капитани милитсия


Шарҳи Шумо

Security code
Азнавсози



Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон!Ҳамватанони азиз! Ҷумҳурии Тоҷикистон, бо вуҷуди тағйирёбии вазъи сиёсиву иқтисодӣ ва амниятии ҷаҳон, дар роҳи пешрафти бемайлони иқтисодӣ, расидан ба ҳадафҳои стратегӣ ва ба ин васила таъмин намудани зиндагии шоистаи аҳолӣ бо қадамҳои устувор пеш меравад. Аммо вақтҳои охир дар ҷаҳон раванди бартариҷӯӣ, мусаллаҳшавии бошитоб, пайдоиши нишонаҳои марҳалаи нави “ҷанги сард” боиси нигаронӣ гардидааст. Соли ҷорӣ дар гӯшаҳои гуногуни олам нооромиву низоъҳо идома ёфта, барои ҷомеаи ҷаҳонӣ ҳамчун айёми душвору пуртазод эътироф гардид. Дар ин давра зиёда аз сад давлати дунё мавриди ҳамлаҳои ғайриинсонии террористон ва ифротгароён қарор гирифт. Воқеият чунин аст, ки ҷуғрофияи нооромиҳо торафт доман паҳн намуда, таҳдиду хатарҳои глобалӣ имрӯз ба асосҳои бунёдии тартибу низоми ҷаҳонӣ ва усулҳои муносиботи байналмилалӣ таъсиргузор мебошанд. Идомаи минбаъдаи ин ҳолат ....>>>

Qonuni

© 2018 Сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Истифодаи маълумотҳои сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо нишон додани суроғаи сомона http://vkd.tj иҷозат дода мешавад
Яндекс.Метрика