Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Рейди шабона дар интернет-кафеҳо

 

601

Бо мақсади ошкор намудани ҳуқуқвайронкунӣ ва оворагардию шабгардии ноболиғону наврасон дар ҳудуди шаҳри Душанбе кормандони Хадамоти пешгирии ҳуқуқвайронкунӣ байни ноболиғону ҷавонони ВКД пайваста санҷишҳои пешгирикунанда доир менамоянд.
Санҷиши навбатӣ дар ҳудуди ноҳияи Шохмансур собит кард, ки то ҳануз шабгардӣ ва беназоратии ноболиғону наврасон падару модари онҳоро ба ташвиш нагузоштааст. Чунин бепарвоӣ ва беэътиноии бархе волидон аст, ки фарзандони онҳо ба муноқишаҳои гуруҳӣ ва дигар шаклҳои ҷиноят даст зада, ҷомеаро ба ташвиш мегузоранд.
Истифодаи ҳар гуна бозӣ ва филмҳои хусусияти зуроварӣ дошта ва аз меъёрҳои ахлоқӣ берун, ки имрӯз барои баъзе ноболиғону ҷавонон ҳамчун шавқу шуғли асосӣ ҳисоб меёбанд, на як бору ду бор аст, ки мо аз оқибатҳои зараровари ин гуна бозию филмҳои ба руҳу равони инсон зиёновар таъкидҳо месозем. Аммо ҷомеа, бахусус соҳибони марказҳои компютерӣ, баъзе падару модарон чунин оқибати нохуши филмҳо ва бозиҳои зиёноварро ба эътибор нагирифта, чунин бепарвоии онҳо боиси нигаронии ҷомеа гардидааст.

602

Баъзе сохибкорон ба хотири фоида, талаботи қонунро ба инобат нагирифта дидаву дониста марказҳои компютерии худро аз ҳисоби ноболиғон пур месозанд. Ва набудани фарзандони наврас шабонгаҳ барои волидони онҳо ҳеҷ ташвишеро ба вуҷуд намеоварад, то он даме, ки кормандони милитсия нисбати фарзандони онҳо барои шабгардию оворагардӣ протоколҳои маъмурӣ тартиб надиҳанд.
Дар рафти санҷиш нисбати соҳибони марказҳои компютерӣ протоколҳои маъмурӣ тартиб дода шуда, ноболиғону наврасоне, ки дар торикии шаб беназорат машғули ҳар гуна амалҳои номатлуб буданд, падару модари онҳо даъват карда шуда, нисбати онҳо тибқи талаботи Кодекси ҳуқуқвайркунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон протокол тартиб дода шуда, чунин санҷишҳо минбаъд низ идома хоҳад ёфт.
Абдулло Шоҳиён


Шарҳи Шумо

Security code
Азнавсози



Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон!Ҳамватанони азиз! Ҷумҳурии Тоҷикистон, бо вуҷуди тағйирёбии вазъи сиёсиву иқтисодӣ ва амниятии ҷаҳон, дар роҳи пешрафти бемайлони иқтисодӣ, расидан ба ҳадафҳои стратегӣ ва ба ин васила таъмин намудани зиндагии шоистаи аҳолӣ бо қадамҳои устувор пеш меравад. Аммо вақтҳои охир дар ҷаҳон раванди бартариҷӯӣ, мусаллаҳшавии бошитоб, пайдоиши нишонаҳои марҳалаи нави “ҷанги сард” боиси нигаронӣ гардидааст. Соли ҷорӣ дар гӯшаҳои гуногуни олам нооромиву низоъҳо идома ёфта, барои ҷомеаи ҷаҳонӣ ҳамчун айёми душвору пуртазод эътироф гардид. Дар ин давра зиёда аз сад давлати дунё мавриди ҳамлаҳои ғайриинсонии террористон ва ифротгароён қарор гирифт. Воқеият чунин аст, ки ҷуғрофияи нооромиҳо торафт доман паҳн намуда, таҳдиду хатарҳои глобалӣ имрӯз ба асосҳои бунёдии тартибу низоми ҷаҳонӣ ва усулҳои муносиботи байналмилалӣ таъсиргузор мебошанд. Идомаи минбаъдаи ин ҳолат ....>>>

Qonuni

© 2018 Сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Истифодаи маълумотҳои сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо нишон додани суроғаи сомона http://vkd.tj иҷозат дода мешавад
Яндекс.Метрика