Аз ҷониби кормандони милитсия ҳангоми гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ марди 33-солаи сокини кӯчаи Куруки шаҳри Истаравшан ҳамчун гумонбар дар қаллобӣ дастгир карда шуд.
Номбурда, рӯзи 10-уми январи соли 2018, бо роҳи фиреб ба боварии марди 39-солаи сокини кӯчаиЛенини шаҳри мазкур даромада, аз ӯ ба маблағи 367 ҳазору 380-сомонӣ маҳсулоти хӯрокворӣ гирифта, то ҳол маблағашро барнагардонидааст.
Ҳамин тариқ, номбурда, санаи 16-уми апрели соли 2018 бо роҳи фиреб ба боварии марди 23-солаи сокини шаҳри мазкур, соҳибкори инфиродӣ, даромада, аз ӯ ба маблағи 241000-сомонӣ маҳсулоти хӯрокворӣ гирифта, то ҳол маблағашро барнагардонидааст.
Нисбати марди гумонбар ба қаллобӣ парвандаи ҷиноятӣ мутобиқи моддаи 247 қисми 4 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон оғоз гардида, тафтишот идома дорад.
Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон! Ҳамватанони азиз! Соли 2018 бо рӯйдодҳои ниҳоят муҳимму хотирмони худ барои мардуми шарифи Тоҷикистон ва давлати соҳибистиқлоли тоҷикон соли воқеан таърихӣ буд. Бисту дуюми марти соли ҷорӣ дар Рӯзи байналмилалии захираҳои об татбиқи ташаббуси чоруми ҷаҳонии мо дар соҳаи об - «Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028» бо иштироки Роҳбари давлат дар Маҷмаи умумии Созмони Милали Муттаҳид расман оғоз гардид. Дар шароити тағйирёбии иқлим, ки масъалаи ҳифзи манбаъҳо ва захираҳои оби тозаи ошомиданӣ ба яке аз мушкилоти асосии мардуми сайёра табдил ёфтааст, Тоҷикистон дар ин самт ҳамчун кишвари ташаббускор ва пешсаф дар арсаи ҷаҳонӣ эътироф гардидааст. Ба кор андохтани агрегати якуми нерӯгоҳи барқи обии “Роғун”, яъне иншооти тақдирсози аср ва ояндаи дурахшони Тоҷикистон, ки ....>>>