Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Ҷараёни корҳои сохтмонӣ дар Шуъбаи ХД «Муҳофиза» дар шаҳри Норак

281

Хадамоти давлатии «Муҳофиза»-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолияти созандагиву бунёдкоронаи худро дар асоси дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки аз Паёми имсола ба маҷлиси Олӣ маншаъ мегирад ба роҳ монда, баҳри сазовор пешвоз гирифтани 30-солагии ҷашни Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, бо дастгирии бевоситаи Вазири корҳои дохилӣ генерал-полковники милитсия Раҳимзода Рамазон Ҳамро сохтмони як қатор иншоотҳоро ба нақша гирифта, бидуни сарфи маблағҳои буҷетӣ сохта ба истифода додааст. 

282

Аз ҷумла, дар идомаи васъати корҳои сохтмонии анҷомёфта, сохтмони бинои маъмурии Шуъбаи Хадамоти давлатии «Муҳофиза»-и ВКД дар шаҳри Норак низ босуръат идома дошта, дар арафаи ҷашни Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон мавриди истифода қарор хоҳад гирифт.
Маврид ба ёдоварист, ки Шуъбаи мазкур солиёни зиёд дар бинои иҷоравӣ фаъолияти худро пеш мебурд, бо ба даст омадани Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва худмаблағгузор гаштани ин ниҳод, на танҳо барои сохтмони ин Шуъба, балки барои сохтмони як қатор биноҳои маъмурии Хадамоти мазкур дар миқёси ҷумҳурӣ, ки дар биноҳои иҷоравӣ фаъолият намуда, аз норасоии утоқҳои корӣ танқисӣ мекашиданд ва бо пардохти маблағҳои зиёд бино ба иҷора мегирифтанд, заминҳои наздиҳавлигӣ аз ҷониби ҳукуматҳои маҳаллӣ ҷудо гардида, дар зарфи мӯҳлатҳои хеле кӯтоҳ биноҳои замонавӣ сохта ба истифода дода шуданд.
Бинои мазкур аз ду ошёна ва таҳхона иборат буда, масоҳати саҳни ҳавлӣ 0,12 га буда, масоҳати худи бино ва биноҳои иловагии ёридиҳанда 400 метри квадратӣ мебошанд. Бино аз утоқҳои корӣ барои кормандони шуъба, утоқҳо барои котибот муҷаҳҳаз бо асбобҳои огоҳкунанда (сигнализатсия), китобхона, толори маҷлисгоҳ, қисми навбатдорӣ, ошхона ва ҳуҷраҳои шустушӯй иборат хоҳад буд.
Саидмуродзода Далер Нарзӣ, нозири калони гурӯҳи матбуотии Хадамоти давлатии «Муҳофиза», капитани милитсия


Шарҳи Шумо

Security code
Азнавсози



Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон!Ҳамватанони азиз! Ҷумҳурии Тоҷикистон, бо вуҷуди тағйирёбии вазъи сиёсиву иқтисодӣ ва амниятии ҷаҳон, дар роҳи пешрафти бемайлони иқтисодӣ, расидан ба ҳадафҳои стратегӣ ва ба ин васила таъмин намудани зиндагии шоистаи аҳолӣ бо қадамҳои устувор пеш меравад. Аммо вақтҳои охир дар ҷаҳон раванди бартариҷӯӣ, мусаллаҳшавии бошитоб, пайдоиши нишонаҳои марҳалаи нави “ҷанги сард” боиси нигаронӣ гардидааст. Соли ҷорӣ дар гӯшаҳои гуногуни олам нооромиву низоъҳо идома ёфта, барои ҷомеаи ҷаҳонӣ ҳамчун айёми душвору пуртазод эътироф гардид. Дар ин давра зиёда аз сад давлати дунё мавриди ҳамлаҳои ғайриинсонии террористон ва ифротгароён қарор гирифт. Воқеият чунин аст, ки ҷуғрофияи нооромиҳо торафт доман паҳн намуда, таҳдиду хатарҳои глобалӣ имрӯз ба асосҳои бунёдии тартибу низоми ҷаҳонӣ ва усулҳои муносиботи байналмилалӣ таъсиргузор мебошанд. Идомаи минбаъдаи ин ҳолат ....>>>

© 2018 Сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Истифодаи маълумотҳои сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо нишон додани суроғаи сомона http://vkd.tj иҷозат дода мешавад
Яндекс.Метрика