Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Кӯмаки муҳофизон ба Муассисаи давлатии «Хонаи кӯдакони №1»-и махсусгардонидашудаи шаҳри Душанбе

230Дастгирӣ ва ғамхорӣ ба ятимон амалест хайру савоб, бахусус дар арафаи идҳои саиди Фитр ва Қурбон. Аз ҷумла бо ибтикори роҳбарияти Хадамоти давлатии «Муҳофиза»-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади ҳифзи иҷтимоию маънавии ятимону бепарасторон ва табақаи ниёзманди ҷомеа, ки аз дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон сарчашма мегирад, дар арафаи Иди саиди Фитр ба тарбиятгирандагони Муассисаи давлатии «Хонаи кӯдакони №1»-и махсусгардонидашудаи шаҳри Душанбе, кӯмаки хайриявӣ расондида шуд. 

Бо ибтикори роҳбарияти Хадамоти мазкур дар арафаи ин Иди саид ба тарбиятгирандагони Хонаи кӯдакони мазкур кӯмаки яквақта аз қабили маводи ғизоӣ барои кӯдакони то сини 3-сола, собуну шампун, хокаи либосшӯӣ, маводҳои гигиенӣ ва уребчаҳо расонида шуд.
Саидмуродов Далер, нозири калони гурӯҳи матбуотии Хадамоти давлатии “Муҳофиза”-и ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон, капитани милитсия.

 


Шарҳи Шумо

Security code
Азнавсози



Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон!Ҳамватанони азиз! Ҷумҳурии Тоҷикистон, бо вуҷуди тағйирёбии вазъи сиёсиву иқтисодӣ ва амниятии ҷаҳон, дар роҳи пешрафти бемайлони иқтисодӣ, расидан ба ҳадафҳои стратегӣ ва ба ин васила таъмин намудани зиндагии шоистаи аҳолӣ бо қадамҳои устувор пеш меравад. Аммо вақтҳои охир дар ҷаҳон раванди бартариҷӯӣ, мусаллаҳшавии бошитоб, пайдоиши нишонаҳои марҳалаи нави “ҷанги сард” боиси нигаронӣ гардидааст. Соли ҷорӣ дар гӯшаҳои гуногуни олам нооромиву низоъҳо идома ёфта, барои ҷомеаи ҷаҳонӣ ҳамчун айёми душвору пуртазод эътироф гардид. Дар ин давра зиёда аз сад давлати дунё мавриди ҳамлаҳои ғайриинсонии террористон ва ифротгароён қарор гирифт. Воқеият чунин аст, ки ҷуғрофияи нооромиҳо торафт доман паҳн намуда, таҳдиду хатарҳои глобалӣ имрӯз ба асосҳои бунёдии тартибу низоми ҷаҳонӣ ва усулҳои муносиботи байналмилалӣ таъсиргузор мебошанд. Идомаи минбаъдаи ин ҳолат ....>>>

Qonuni

© 2018 Сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Истифодаи маълумотҳои сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо нишон додани суроғаи сомона http://vkd.tj иҷозат дода мешавад
Яндекс.Метрика