Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Ошкор шудани ҷинояти куштор

Ба ШВКД дар ноҳияи Ховалинг марди 22-солаи сокини деҳаи Шуғнови ноҳияи мазкур муроҷиат намудааст, ки рӯзи 9-уми июни соли 2018, тахминан соатҳои 20 ба 21:00-дақиқа, бародараш, марди 24-сола аз хонаашон баромада бедарак гум шудааст. 

Ҳангоми гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия муайян карда шуд, ки марди 35-солаи сокини деҳаи Рангдараи ноҳияи Ховалинг, фурӯшандаи мағозаи қисмҳои эҳтиётии автомобил, рӯзи 9-уми июни соли равон, тахминан соати 20:40-дақиқа, аз хонаи истиқоматиашон тариқи телефонӣ ба номбурда занг зада, ӯро ба кӯча даъват кардааст.
Сипас бо мақсади ба қатл расонидан ӯро ба автомашинааш тамғаи “Корандо” савор карда, ба сангоби назди деҳаи Девдараи ноҳияи мазкур бурда, ба воситаи дасту пой ва чӯби бо худ гирифтааш ба сару рӯй ва бадани ӯ зарбаҳо зада, номбурдаро ба ҳалокат расонидааст.
Пас аз ба ҳалокат расонидан ҷасадро ба бағоҷи автомашинааш бор карда, ба самти сангоби мавзеъи “Ағбаи Харсанг”-и ҳудуди ҷамоати деҳоти Шуғнов бурда, дар қисмати рости сангоби мазкур гуронидааст.
Аз рӯи ин ҳодиса тафтишот идома дорад.


Шарҳи Шумо

Security code
Азнавсози



Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон! Ҳамватанони азиз! Соли 2018 бо рӯйдодҳои ниҳоят муҳимму хотирмони худ барои мардуми шарифи Тоҷикистон ва давлати соҳибистиқлоли тоҷикон соли воқеан таърихӣ буд. Бисту дуюми марти соли ҷорӣ дар Рӯзи байналмилалии захираҳои об татбиқи ташаббуси чоруми ҷаҳонии мо дар соҳаи об - «Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028» бо иштироки Роҳбари давлат дар Маҷмаи умумии Созмони Милали Муттаҳид расман оғоз гардид. Дар шароити тағйирёбии иқлим, ки масъалаи ҳифзи манбаъҳо ва захираҳои оби тозаи ошомиданӣ ба яке аз мушкилоти асосии мардуми сайёра табдил ёфтааст, Тоҷикистон дар ин самт ҳамчун кишвари ташаббускор ва пешсаф дар арсаи ҷаҳонӣ эътироф гардидааст. Ба кор андохтани агрегати якуми нерӯгоҳи барқи обии “Роғун”, яъне иншооти тақдирсози аср ва ояндаи дурахшони Тоҷикистон, ки ....>>>

Qonuno

© 2019 Сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Истифодаи маълумотҳои сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо нишон додани суроғаи сомона http://vkd.tj иҷозат дода мешавад
Яндекс.Метрика