Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Коллеҷи оташнишонӣ - таъмингари мутахассисони баландихтисоси соҳа

139

Дар партави сиёсати созандаю хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пе6швои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон имрӯз дар саросари кишвар даҳҳо муассисаҳои томактабию таълимии муосир бо тамоми таҷҳизоти замонавӣ бунёд ва ба истифода дода шудаанд. Ҳамаи ин ғамхорию таваҷҷӯҳи Пешвои муаззами миллат барои дар шароитҳои хуби таълимомӯзӣ бавоя расидани наврасону ҷавонон ва хизмати софдилонаву содиқона намудани онҳо ба давлату миллати хеш равона гардидааст.

Дар ин радиф аз тарафи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба таъсиси донишкада, академияву коллеҷҳои ҳарбиву мақомотҳои қудратӣ ва ҳифзи ҳуқуқ, ки барои тайёр намудани кадрҳои баландихтисоси соҳавӣ зарур мебошанд, диққати махсус зоҳир карда мешавад.

Ҳамин аст, ки Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи таъсиси Муассисаи давлатии таълимии «Коллеҷи оташнишонӣ-техникии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳияи Данғара» аз 1 марти соли 2018 таҳти № 98 ба тасвиб расидааст.

Дар доираи сафари кории худ ба вилояти Хатлон санаи 1-уми июли соли равон, баъди ифтитоҳи Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии № 75, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҷамоати деҳоти Корези ноҳияи Данғара ба бунёди Муассисаи давлатии таълимии «Коллеҷи оташнишонӣ-техникии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон» санги асос гузоштанд.

140

Маблағи умумии сохтмони бинои муассисаи мазкур 59 миллиону 186 ҳазор сомониро ташкил дода, он аз бинои маъмурӣ, бинои таълимӣ, истгоҳи нақлиётии қисми оташнишонӣ, ошхона бо 170 ҷойи нишаст, китобхона, талори маҷлис бо 250 ҷойи нишаст, толори варзишӣ, хобгоҳ бо 260 ҷой, машқгоҳи тактикӣ, майдончаҳои баскетбол, волейбол, футболи хурд ва машқи гимнастикӣ иборат мебошад. Масоҳати умумии майдони иншоот 2,8 гектарро ташкил медиҳад.

Фармоишгари сохтмони бинои нави 5-ошёнаи Муассисаи давлатии таълимии «Коллеҷи оташнишонӣ-техникӣ» Раёсати сохтмони асосии  Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон, пудратчӣ Корхонаи давлатии сохтмони васлкунии рақами 2-и Раёсати сохтмони асосии Вазорати корҳои дохилии ҷумҳурӣ ва лоиҳакаш Ҷамъияти дорои масъулияташ маҳдуди «Созанда-2012» мебошад.

Боиси тазаккур аст, ки қабули 30 нафар аввалин курсантони коллеҷ барои соли таҳсили 2018-2019 идома дошта, фаъолияти он аз 1-уми сентябри соли равон то ба анҷом расидани сохтмони бинои замонавии коллеҷ дар ноҳияи Данғара, дар Маркази таълимии Сарраёсати хадамоти давлатии оташнишонии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба роҳ монда мешавад.

141

Коллеҷи мазкур барои тайёр намудани мутахассисони бехатарӣ аз сӯхтор барои  Хадамоти давлатии оташнишонии ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбинӣ шудааст. Пас аз хатми коллеҷ ба курсантон рутбаи махсуси лейтенанти хизмати дохилӣ дода мешавад. Мутахассисони ҷавон метавонанд, ки дар фаъолияти хеш барои ҳифзи ҳаёту саломатии одамон ва моликияти давлативу хусусӣ аз сӯхтор ва рушду тараққиёти бемайлони ватани азизу маҳбубамон, дар қатори кормандони ботаҷрибаи соҳа, саҳми арзандаи хешро гузоранд.

Кароматулло Абдуллоев, Толиб Ҳаётов, СХДО ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон

Коллеҷи оташнишонӣ - таъмингари мутахассисони

баландихтисоси соҳа

Шарҳи Шумо

Security code
Азнавсози

Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон!Ҳамватанони азиз! Ҷумҳурии Тоҷикистон, бо вуҷуди тағйирёбии вазъи сиёсиву иқтисодӣ ва амниятии ҷаҳон, дар роҳи пешрафти бемайлони иқтисодӣ, расидан ба ҳадафҳои стратегӣ ва ба ин васила таъмин намудани зиндагии шоистаи аҳолӣ бо қадамҳои устувор пеш меравад. Аммо вақтҳои охир дар ҷаҳон раванди бартариҷӯӣ, мусаллаҳшавии бошитоб, пайдоиши нишонаҳои марҳалаи нави “ҷанги сард” боиси нигаронӣ гардидааст. Соли ҷорӣ дар гӯшаҳои гуногуни олам нооромиву низоъҳо идома ёфта, барои ҷомеаи ҷаҳонӣ ҳамчун айёми душвору пуртазод эътироф гардид. Дар ин давра зиёда аз сад давлати дунё мавриди ҳамлаҳои ғайриинсонии террористон ва ифротгароён қарор гирифт. Воқеият чунин аст, ки ҷуғрофияи нооромиҳо торафт доман паҳн намуда, таҳдиду хатарҳои глобалӣ имрӯз ба асосҳои бунёдии тартибу низоми ҷаҳонӣ ва усулҳои муносиботи байналмилалӣ таъсиргузор мебошанд. Идомаи минбаъдаи ин ҳолат ....>>>

Qonun1

© 2018 Сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Истифодаи маълумотҳои сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо нишон додани суроғаи сомона http://vkd.tj иҷозат дода мешавад
Яндекс.Метрика