Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Семинар-машварати оташнишонон дар вилояти Хатлон

137

Бо мақсади роҳ надодан ба ҳодисаҳои нохуши сӯхтор ва беталаф ҷамъоварӣ намудани ҳосили зироатҳои ғалладона ва хӯроки дурушти чорво дар мавзеи Олимтои ноҳияи Данғараи вилояти Хатлон семинар-машварат доир гардид.
Дар чорабинии мазкур сардорону муовинони Раёсату қисмҳои хадамоти давлатии оташнишонии вилояти Хатлон, роҳбарону масъулони хоҷагиҳои деҳқонӣ, кооперативҳои истеҳсолӣ ва деҳқонони инфиродиву механизаторон иштирок намуданд.
Ҷаласаро сардори Сарраёсати хадамоти давлатии оташнишонии ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон генерал-майори хизмати дохилӣ Нозимҷон Иброҳимзода оғоз намуда, ҳозиринро бо дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки зимни сафари корӣ ба вилояти Хатлон баён гардида буд, шинос намуданд.

138

Дар баробари ин тибқи дастуру супориши сардори Сарраёсат аз ҳисоби кормандони хадамоти оташнишонии Сарраёсат ва ҷузъу томҳои вилояти Хатлон баҳри беталаф ҷамъоварӣ ва кашонидани зироатҳои ғалладонаю хӯроки дурушти чорво навбатдории шабонарӯзӣ ташкил карда шуд.
Ҳамчунин аз тарафи сардори Сарраёсат ба ҷамъомадагон дастуру тавсияҳои муфид дода шуда, ба ҳозирин барои иштирок ва ҳамкориашон изҳори миннатдорӣ карда шуд.
Толиб Ҳаётов
Кароматулло Абдуллоев
СХДО ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон


Шарҳи Шумо

Security code
Азнавсози



Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон!Ҳамватанони азиз! Ҷумҳурии Тоҷикистон, бо вуҷуди тағйирёбии вазъи сиёсиву иқтисодӣ ва амниятии ҷаҳон, дар роҳи пешрафти бемайлони иқтисодӣ, расидан ба ҳадафҳои стратегӣ ва ба ин васила таъмин намудани зиндагии шоистаи аҳолӣ бо қадамҳои устувор пеш меравад. Аммо вақтҳои охир дар ҷаҳон раванди бартариҷӯӣ, мусаллаҳшавии бошитоб, пайдоиши нишонаҳои марҳалаи нави “ҷанги сард” боиси нигаронӣ гардидааст. Соли ҷорӣ дар гӯшаҳои гуногуни олам нооромиву низоъҳо идома ёфта, барои ҷомеаи ҷаҳонӣ ҳамчун айёми душвору пуртазод эътироф гардид. Дар ин давра зиёда аз сад давлати дунё мавриди ҳамлаҳои ғайриинсонии террористон ва ифротгароён қарор гирифт. Воқеият чунин аст, ки ҷуғрофияи нооромиҳо торафт доман паҳн намуда, таҳдиду хатарҳои глобалӣ имрӯз ба асосҳои бунёдии тартибу низоми ҷаҳонӣ ва усулҳои муносиботи байналмилалӣ таъсиргузор мебошанд. Идомаи минбаъдаи ин ҳолат ....>>>

Qonuni

© 2018 Сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Истифодаи маълумотҳои сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо нишон додани суроғаи сомона http://vkd.tj иҷозат дода мешавад
Яндекс.Метрика