Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Суғд: Омӯзиши суханронии Пешвои миллат

524

Сани 14 май дар маҷлисгоҳи Раёсати ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Суғд машварати корӣ бо мақсади омӯзиш ва амал намудан аз рӯи дастурҳои дар суханронии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар мулоқот бо намояндагони касбу кори гуногун, ки дар арафаи моҳи шарифи Рамазон санаи 12 май дар Кохи Борбади шаҳри Душанбе баргузор гардид доир карда шуд. Дар ҷаласа роҳбарияти Раёсат, сардорони шуъбаву хадамотҳои дастгоҳи марказӣ, шуъба ва ҷузъу томҳои ВКД дар минтақаи Суғд иштирок намуданд.

525

Сардори Раёсати ВКД дар вилояти Суғд генерал-майори милитсия Назарзода Қудратулло Бобо мақсади чорабиниро шарҳ дода, ҳозиринро ба мазмун ва муҳтавои суханронии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон шинос намуд. Масъалаҳои мубраме, ки зимни мулоқот бо фаъолон Пешвои муаззами тоҷикон ба риштаи таҳлил кашида буданд бори дигар ба самъи иштирокчиёни ҷаласаи корӣ расонида, аз онҳо даъват ба амал оварда шуд, ки баҳри дар амал тадбиқ намудани сиёсати ояндабинонаи Роҳбарияти олии кишвар аз корманди қаторӣ то афсари баландрутбаи мақомот сайъу кӯшиш намояд.
Тарғиби тарзи ҳаёти солим, амалҳои накукорӣ, ватандӯстӣ пурзӯр намудани мубориза алайҳи ҷинояткорӣ, пешгири аз кирдорҳои зиддиҳуқуқӣ, шомилшавии ҷавонон ба ҳизбу ҳаракат ва равияҳои ифротию террористӣ, хулоса ҳама андешаҳои роҳнамунсози Пешвои миллат, ки дар мулоқот зикр ёфт мисли чароғест, ки роҳи моро мунаввар намуда, риоя гаштани он кафили рузгори пурсаодат дар саросари Тоҷикистон аст.
Назарзода Қудратулло Бобо бо таъкиди ин гуфтаҳо илова намуд, ки дар баробараи иҷрои уҳдадории касбӣ кормандони мақомот бояд дастуру ҳидоятҳои ғамхоронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро, ки ба нафъи ҷомеа нигаронида шудааст дар кору амал нишон диҳанд.
Дар интиҳои ҷамъомад қарор дар бораи аз рӯи суханронии Президенти мамлакат тартиб додани нақша чорабиниҳои иловагӣ қабул карда шуд.
Акбар Шарифов
капитани милитсия


Шарҳи Шумо

Security code
Азнавсози



Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон! Ҳамватанони азиз! Соли 2018 бо рӯйдодҳои ниҳоят муҳимму хотирмони худ барои мардуми шарифи Тоҷикистон ва давлати соҳибистиқлоли тоҷикон соли воқеан таърихӣ буд. Бисту дуюми марти соли ҷорӣ дар Рӯзи байналмилалии захираҳои об татбиқи ташаббуси чоруми ҷаҳонии мо дар соҳаи об - «Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028» бо иштироки Роҳбари давлат дар Маҷмаи умумии Созмони Милали Муттаҳид расман оғоз гардид. Дар шароити тағйирёбии иқлим, ки масъалаи ҳифзи манбаъҳо ва захираҳои оби тозаи ошомиданӣ ба яке аз мушкилоти асосии мардуми сайёра табдил ёфтааст, Тоҷикистон дар ин самт ҳамчун кишвари ташаббускор ва пешсаф дар арсаи ҷаҳонӣ эътироф гардидааст. Ба кор андохтани агрегати якуми нерӯгоҳи барқи обии “Роғун”, яъне иншооти тақдирсози аср ва ояндаи дурахшони Тоҷикистон, ки ....>>>

Qonuno

© 2019 Сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Истифодаи маълумотҳои сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо нишон додани суроғаи сомона http://vkd.tj иҷозат дода мешавад
Яндекс.Метрика