Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

РАШТ: Ҷамъомади бошукӯҳ бо иштироки ҷавонони фаъол

522

Тавре хабар додем, сафари як гурӯҳ ҷавонони кишвар ба минтақаи Рашт идома дорад, ки дар доираи дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва дастгирии Вазири корҳои дохилӣ генерал-полковники милитсия Раҳимзода Рамазон Ҳамро ба хотири таҳким бахшидани дӯстию рафоқат миёни ҷавонони минтақаҳои гуногуни кишвар сурат гирифта истодааст.
Баъди боздиди онҳо аз ноҳияи Нуробод ва шиносоӣ бо ҳаёту фаъолияти ҳамсолони худ, ин гурӯҳи иборат аз донишҷӯёну ҷавонони фаъоли аъзои «Авангард» имрӯз (15 май) аз ноҳияи Рашт дидан намуданд.
Дар ҷамъомади бошукӯҳе, ки ба ин муносибат дар бинои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ин ноҳияи баландкӯҳ доир гардид, Раиси ноҳияи Рашт Қаноатшо Лоиқзода, сардори РВКД дар минтақа ва ноҳияи Рашт полковники милитсия Сафиало Азизулозода, сардори Хадамоти пешгирии ҳуқуқвайронкунӣ байни ноболиғон ва ҷавонони ВКД полковники милитсия Абдусаттор Фаттозода, ҷавонони раштӣ, аъзоёни фаъоли гурӯҳи «Авангард» ва имомхатибону фаъолони маҳаллӣ иштирок намуданд.
Дар ин вохӯрӣ бо ёдоварӣ аз дастуру супоришҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, аз ҷумла аз мулоқоти Роҳбари давлат бо намояндагони ҷомеаи кишвар, ки рӯзи 12-уми майи соли равон дар шаҳри Душанбе доир гардид, зикр карда шуд, ки дар ҷамъомади мазкур Сарвари давлат ба тамоми паҳлӯҳои ҳаёти иҷтимоию иқтисодии мамлакат дахл намуданд.

523

Аз ҷумла, сардори Хадамоти пешгирии ҳуқуқвайронкунӣ байни ноболиғон ва ҷавонони ВКД полковники милитсия А.Фаттозода дар ин ҷамъомади бошукӯҳ аз ҳолатҳои ҷалб гардидани ноболиғону ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои ифротгаро ёдовар шуда, иброз намуд, ки Президенти мамлакат зимни суханронӣ дар мулоқот бо намояндагони ҷомеаи кишвар ба ин масъалаи доғи рӯз низ таваҷҷуҳи хоса зоҳир намуда, ин зуҳуроти нангинро барои мардуми тоҷик, ки дорои таърихи куҳан мебошад, бегона номиданд ва изҳор доштанд, ки бояд ҳар як шаҳрванди баору номуси ҷумҳурӣ бо чунин ҳолатҳо мубориза барад.
Дар ҷамъомаде, ки дар ноҳияи Рашт бо иштироки доираи васеи ҷавонони кишвар доир гардид, ҳамчунин дигар шахсони масъул баромад намуда, ин иқдоми роҳбарияти Вазорати корҳои дохилиро, ки бо мақсади таҳким бахшидани дӯстӣ миёни ҷавонони минтақаҳои гуногуни ҷумҳурӣ андешида шудааст, ҷонибдорӣ намуданд.
Дар қисмати дигари чорабинии мазкур ба чанде аз ҷавонони фаъол Сипосномаву Ифтихорномаҳо ва туҳфаҳои хотиравӣ тақдим карда шуд.
Дар доираи ин ташаббуси наҷиб, гурӯҳи ҷавонони кишвар, ҳамчунин аз ҷойҳои фарҳангиву таърихии ноҳияи Рашт дидан намуда, маконҳои ҷолиби сайёҳии ин мавзеи баландкӯҳи ҷумҳуриро тамошо карданд.
Сафари гурӯҳи ҷавонони кишвар дар минтақаи Рашт идома дорад.

Абдулло ШОҲИЁН


Шарҳи Шумо

Security code
Азнавсози



Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон! Ҳамватанони азиз! Соли 2018 бо рӯйдодҳои ниҳоят муҳимму хотирмони худ барои мардуми шарифи Тоҷикистон ва давлати соҳибистиқлоли тоҷикон соли воқеан таърихӣ буд. Бисту дуюми марти соли ҷорӣ дар Рӯзи байналмилалии захираҳои об татбиқи ташаббуси чоруми ҷаҳонии мо дар соҳаи об - «Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028» бо иштироки Роҳбари давлат дар Маҷмаи умумии Созмони Милали Муттаҳид расман оғоз гардид. Дар шароити тағйирёбии иқлим, ки масъалаи ҳифзи манбаъҳо ва захираҳои оби тозаи ошомиданӣ ба яке аз мушкилоти асосии мардуми сайёра табдил ёфтааст, Тоҷикистон дар ин самт ҳамчун кишвари ташаббускор ва пешсаф дар арсаи ҷаҳонӣ эътироф гардидааст. Ба кор андохтани агрегати якуми нерӯгоҳи барқи обии “Роғун”, яъне иншооти тақдирсози аср ва ояндаи дурахшони Тоҷикистон, ки ....>>>

Qonuno

© 2019 Сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Истифодаи маълумотҳои сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо нишон додани суроғаи сомона http://vkd.tj иҷозат дода мешавад
Яндекс.Метрика